73 матлаб

Сафари Владимир Путин ба Тоҷикистон

Президенти Русия Владимир Путин, рӯзҳои 8-10 октябр нахустин сафари давлатиро ба Тоҷикистон анҷом медиҳад
Аз 8 то 12 октябр дар Душанбе чанд чорабинии муҳими сиёсӣ, аз ҷумла нишасти Шӯрои сарони кишварҳои ИДМ, нахустин сафари давлатии Владимир Путин ба Тоҷикистон, ки дар он бо Эмомалӣ Раҳмон мулоқот мекунад ва дувумин нишасти сарони кишварҳои Осиёи Марказӣ ва Русия баргузор мешавад.
Кишвардори Русия рӯзи 8 октябр вориди Тоҷикистон мешавад. Дар барнома маросими гузоштани гулчанбар ба муҷассамаи Исмоили Сомонӣ, гуфтугӯҳои як ба як ва густурда бо раҳбари Тоҷикистон ва имзои чанд санади муҳим дар назар аст.
Пас аз ин чорабинӣ ду раҳбар нишасти матбуотӣ баргузор мекунанд. Раҳбари Русияро дар ин сафар як ҳайати бузурге аз вазирон ва мақомоти баландпоя ҳамроҳӣ мекунанд, ки аз аҳамияти Кремл ба ин сафар гувоҳӣ медиҳад.
20 матлаби дигар
Лентаи хабарҳо
0