Президент Владимир Путин встретился с президентом Таджикистана Э. Рахмоном - Sputnik Тоҷикистон, 1920
Сафари Владимир Путин ба Тоҷикистон
Президенти Русия Владимир Путин, рӯзҳои 8-10 октябр нахустин сафари давлатиро ба Тоҷикистон анҷом медиҳад

Путин: Русия аз тасмими таъсиси формати "СНГ плюс" пуштибонӣ мекунад

© Sputnik / Григорий Сысоев / Гузариш ба медиабонкПрезидент РФ Владимир Путин на заседании совета глав государств СНГ в узком составе в Душанбе.
Президент РФ Владимир Путин на заседании совета глав государств СНГ в узком составе в Душанбе. - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 10.10.2025
Обуна шудан
Раисиҷумҳури Русия Владимир Путин дар нишасти сарони кишварҳои Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил суханронӣ кард
ДУШАНБЕ, 10 окт — Sputnik. Русия аз тасмими таъсиси формати "ИДМ плюс", ки имкони ҷалби бештари давлатҳо ва созмонҳои байналмилалӣ дар ин созмонро фароҳам меорад, пуштибонӣ мекунад.
Дар ин бора кишвардори Русия Владимир Путин, зимни суханронӣ дар нишасти маҳдуди сарони кишварҳои Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил дар Душанбе хабар дод.
"Мо тасмими имрӯз қабулшударо дар бораи ташкили формати нави корӣ – "СНГ Плюс" комилан дастгирӣ мекунем. Ин имкон медиҳад, ки дигар давлатҳо ва созмонҳои байналмиллалӣ ба ин созмон фаъолтар ҷалб карда шаванд”, - гуфт Путин.
Дар бораи ҳисоббаробаркуниҳои мутақобилан байни кишварҳои ИДМ ӯ қайд кард, ки онҳо қариб пурра бо асъори миллӣ сурат мегиранд.
"Ҳиссаи онҳо дар муомилоти тиҷорӣ байни аъзои ИДМ дар нимсолаи аввали соли 2025 96% буд", - таъкид кард президенти Русия.
Раисиҷумҳури Русия бар аҳамияти ҳамкориҳои кишварҳои ИДМ дар бахшҳои башардӯстона, аз ҷумла варзиш таъкид кард.
"Албатта, ман наметавонам розӣ шавам... дар бораи аҳамияти ҳамкориҳои мо дар арсаи башардӯстона. Ва ҳамкорони ман аз мусобиқаҳои варзишӣ низ ёдовар шуданд; Бозиҳои ИДМ нав дар Озарбойҷон баргузор шуданд. Ин як кори бузург аст ва албатта, сазовори таваҷҷуҳ ва дастгирии ҳамаҷонибаи тамоми кишварҳои мост", - гуфт Путин дар ҷаласаи шӯро.
Государственный визит президента Владимира Путина в Таджикистан - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 10.10.2025
Сафари Владимир Путин ба Тоҷикистон
Дарҳои бози ИИАО: Нуқоти асосӣ аз суханронии Путин дар нишасти сарони ИДМ дар Душанбе
Президенти Русия Владимир Путин мубориза бо терроризм, ифротгароӣ ва коррупсияро як самти муҳими кори ИДМ номид.
Вай инчунин қайд кард, ки кишварҳои ИДМ мунтазам корҳои худро оид ба масъалаҳои сиёсати хориҷӣ ҳамоҳанг мекунанд ва кор дар ин самт муҳим аст.
Лентаи хабарҳо
0