https://sputnik.tj/20251011/dar-tojikiston-du-filiali-navi-donishgohhoi-omuzgorii-rusiya-kushoda-meshavand-1071972614.html
Дар Тоҷикистон ду филиали нави донишгоҳҳои омӯзгории Русия кушода мешаванд
Дар Тоҷикистон ду филиали нави донишгоҳҳои омӯзгории Русия кушода мешаванд
Sputnik Тоҷикистон
Филиалҳои Донишгоҳи давлатии омӯзгории Олтой дар мактабҳои Кӯлоб ва манотиқи дигари Тоҷикистон боз хоҳанд шуд
2025-10-11T10:31+0500
2025-10-11T10:31+0500
2025-10-11T10:31+0500
маориф
сафари владимир путин ба тоҷикистон
дар тоҷикистон
душанбе
донишгоҳи омӯзгорӣ
кӯлоб
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/07e9/0a/0a/1071978478_0:0:1024:576_1920x0_80_0_0_984d537e3986017171366128a09b6b86.jpg
ДУШАНБЕ, 11 окт — Sputnik.Дар Тоҷикистон ду филиали нави донишгоҳҳои омӯзгории Русия кушода мешаванд.Дар ин бора, вазири маърифати Русия Сергей Кравтсов дар суҳбат бо Sputnik Тоҷикистон хабар дод."Мо нақша дорем, ки ду филиали Донишгоҳи давлатии омӯзгории Олтойро барои омода кардани мутахассисони синфҳои ибтидоӣ ифтитоҳ кунем. Мо инчунин барномаи густурдаи такмили ихтисоси омӯзгоронро дорем. Ҳоло ҳудуди 700 омӯзгор аз Тоҷикистон ин давраро хатм кардаанд. Мо ин барномаро тавсеа хоҳем дод", - гуфт Кравтсов.Ба гуфтаи ӯ, ин барои мактаббачагони тоҷик имкониятҳои нав фароҳам меорад, то ба таҳсили босифат дастрасӣ дошта бошанд. Ин дар ҳолест, ки дар ҷумҳурӣ Донишгоҳи Русияву Тоҷикистон (славянӣ), филиалҳои Донишгоҳи давлатии Маскав ба номи Ломоносов, Донишгоҳи миллии илм ва технология ва Донишгоҳи миллии тадқиқотӣ амал мекунанд.Таҳсилоти русӣ дар Тоҷикистон маъмул аст. Ба шаҳрвандони ин кишвар барои таҳсил дар донишгоҳҳои Русия 1000 квота ҷудо шудааст, ки аз ҷониби ҳукумати Русия маблағгузорӣ мешавад. Дар маҷмӯъ беш аз 31 ҳазор донишҷӯи тоҷик дар Русия таҳсил мекунанд.Беш аз 500 довталаби Тоҷикистон барои таҳсил тариқи квота дар Русия ҳуҷҷат супоридандГузашта аз ин, дар як қатор мактабҳои Тоҷикистон таълим комилан ба забони русӣ сурат мегирад. Панҷ мактаб дар ҷумҳурӣ, ки соли 2022 ба истифода дода шуданд, бо маблағгузории Русия сохта шудаанд. Дар ин мактабҳо таълим ба забони русӣ ва тибқи стандартҳои Русия сурат мегирад.
https://sputnik.tj/20251010/rusiya-tojikiston-beshtar-omuzgor-1071933930.html
душанбе
кӯлоб
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
2025
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
Хабарҳо
tg_TJ
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/07e9/0a/0a/1071978478_0:0:912:683_1920x0_80_0_0_fbc20546adc3e942cc363f68d927106c.jpgSputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
русия, тоҷикистон, ду донишгоҳи нав
русия, тоҷикистон, ду донишгоҳи нав
Дар Тоҷикистон ду филиали нави донишгоҳҳои омӯзгории Русия кушода мешаванд
Эксклюзив
Филиалҳои Донишгоҳи давлатии омӯзгории Олтой дар мактабҳои Кӯлоб ва манотиқи дигари Тоҷикистон боз хоҳанд шуд
ДУШАНБЕ, 11 окт — Sputnik.Дар Тоҷикистон ду филиали нави донишгоҳҳои омӯзгории Русия кушода мешаванд.
Дар ин бора, вазири маърифати Русия Сергей Кравтсов дар суҳбат бо
Sputnik Тоҷикистон хабар дод.
"Мо нақша дорем, ки ду филиали Донишгоҳи давлатии омӯзгории Олтойро барои омода кардани мутахассисони синфҳои ибтидоӣ ифтитоҳ кунем. Мо инчунин барномаи густурдаи такмили ихтисоси омӯзгоронро дорем. Ҳоло ҳудуди 700 омӯзгор аз Тоҷикистон ин давраро хатм кардаанд. Мо ин барномаро тавсеа хоҳем дод", - гуфт Кравтсов.
Ба гуфтаи ӯ, ин барои мактаббачагони тоҷик имкониятҳои нав фароҳам меорад, то ба таҳсили босифат дастрасӣ дошта бошанд.
"Ифтитоҳи филиалҳои Донишгоҳи давлатии омӯзгории Олтой дар мактабҳои Кӯлоб ва манотиқи дигари Тоҷикистон як иқдоми муҳим хоҳад буд. Ин иқдом ба ташкили омодасозии кадрҳои омӯзгорӣ ва дастрасии хатмкунандагони мактабҳо ба таҳсилоти миёнаи касбии босифат мусоидат хоҳад кард", - гуфт ӯ.
Ин дар ҳолест, ки дар ҷумҳурӣ Донишгоҳи Русияву Тоҷикистон (славянӣ), филиалҳои Донишгоҳи давлатии Маскав ба номи Ломоносов, Донишгоҳи миллии илм ва технология ва Донишгоҳи миллии тадқиқотӣ амал мекунанд.
Таҳсилоти русӣ дар Тоҷикистон маъмул аст. Ба шаҳрвандони ин кишвар барои таҳсил дар донишгоҳҳои Русия 1000 квота ҷудо шудааст, ки аз ҷониби ҳукумати Русия маблағгузорӣ мешавад. Дар маҷмӯъ беш аз 31 ҳазор донишҷӯи тоҷик дар Русия таҳсил мекунанд.
Гузашта аз ин, дар як қатор мактабҳои Тоҷикистон таълим комилан ба забони русӣ сурат мегирад. Панҷ мактаб дар ҷумҳурӣ, ки соли 2022 ба истифода дода шуданд, бо маблағгузории Русия сохта шудаанд. Дар ин мактабҳо таълим ба забони русӣ ва тибқи стандартҳои Русия сурат мегирад.