https://sputnik.tj/20251011/korshinos-vaziyat-tojikiston-naf-putin-valiev-1072006045.html
Коршинос: Фазои Тоҷикистон барои суҳбати Путин ва Алиев мусоид буд
Коршинос: Фазои Тоҷикистон барои суҳбати Путин ва Алиев мусоид буд
Sputnik Тоҷикистон
Сиёсатшинос бовар дорад, ки Путин дар сӯҳбат бо Алиев кӯшиш кард, то ҳадди имкон ба мавзуъҳои мушкили мавҷуда таваҷҷӯҳ кунад
2025-10-11T16:37+0500
2025-10-11T16:37+0500
2025-10-11T16:37+0500
сафари владимир путин ба тоҷикистон
сафари путин ба тоҷикистон
владимир путин
илҳом алиев
коршинос
притчин
озарбойҷон
русия
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/07e9/0a/0b/1071996114_0:165:3053:1882_1920x0_80_0_0_5a492f020bfdc823f414a0d6ca72151d.jpg
ДУШАНБЕ, 11 окт — Sputnik. Дар Тоҷикистон вазъият ба сурати умум барои гуфтугӯи раисиҷумҳури Русия Владимир Путин ва кишвардори Озарбойҷон Илҳом Алиев мусоид буд. Мудири бахши Осиёи Марказии Маркази пажӯҳишҳои пасошӯравии Пажӯҳишгоҳи иқтисоди ҷаҳонӣ ва равобити байналмилалии Академияи илмҳои Русия, Станислав Притчин, ба Sputnik Тоҷикистон нақл кард. Ба гуфтаи ӯ, нишасти сарони кишварҳои ИДМ ҳамеша имкони баҳсҳои ғайрирасмист. Вай ҳамчунин аз занги Алиев ба Путин ёдовар шуд, ки ӯро бо зодрӯзаш табрик кард.Аз ин рӯ, ҳама чиз дар ин ҷо тавре кор кард, ки монеаҳое, ки қаблан ба робитаҳои комил дар сатҳи олӣ садди роҳ мешуданд, аз байн рафтанд, бовар дорад Притчин. Ба гуфтаи вай, Путин дар маҷмӯъ саъй кардааст, то ҳадди имкон дар сӯҳбати ошкоро бо Алиев ба мавзуъҳои мушкили мавҷудбуда ва сабаба ба вуҷуд омадани онҳо, тамаркуз кунад. "Мо аллакай кӯшишҳои аввалин, натиҷаҳои аввалини эътидолро мушоҳида карда истодаем. Аввалин нишонаҳо озодии сардабири Sputnik Озарбойҷон ва яке аз озарбойҷонҳои дар Русия бо иттиҳоми фасод боздоштшуда аст", - афзуд сиёсатшинос. Кишвардорони Русия ва Озарбойҷон Владимир Путин ва Илҳом Алиев дар ҳошияи нишасти сарони ИДМ дар Душанбе мулоқот карданд. Мавзӯи сӯҳбати онҳо суқути ҳавопаймои AZAL дар моҳи декабри соли гузашта буд. Раисиҷумҳури Русия ба хонаводаҳои кушташудагон дар суқути ҳавопаймои AZAL изҳори ҳамдардии амиқ кард.
https://sputnik.tj/20251010/rahbar-sputnik-ozarboyjon-habs-1071959100.html
русия
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
2025
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
Хабарҳо
tg_TJ
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/07e9/0a/0b/1071996114_161:0:2890:2047_1920x0_80_0_0_340184f0a19fd70d407fc449b1cef3da.jpgSputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
вазъ, тоҷикистон, созиш, мусоид
вазъ, тоҷикистон, созиш, мусоид
Коршинос: Фазои Тоҷикистон барои суҳбати Путин ва Алиев мусоид буд
Эксклюзив
Сиёсатшинос бовар дорад, ки Путин дар сӯҳбат бо Алиев кӯшиш кард, то ҳадди имкон ба мавзуъҳои мушкили мавҷуда таваҷҷӯҳ кунад
ДУШАНБЕ, 11 окт — Sputnik. Дар Тоҷикистон вазъият ба сурати умум барои гуфтугӯи раисиҷумҳури Русия Владимир Путин ва кишвардори Озарбойҷон Илҳом Алиев мусоид буд.
Мудири бахши Осиёи Марказии Маркази пажӯҳишҳои пасошӯравии Пажӯҳишгоҳи иқтисоди ҷаҳонӣ ва равобити байналмилалии Академияи илмҳои Русия, Станислав Притчин, ба
Sputnik Тоҷикистон нақл кард.
Ба гуфтаи ӯ, нишасти сарони кишварҳои ИДМ ҳамеша имкони баҳсҳои ғайрирасмист.
"Гарчанде ки вазъ дар Тянҷин барои гуфтугӯ чандон мусоид набуд, дар Тоҷикистон мо дидем, ки фазо барои мулоқот мусоид аст",- гуфт коршинос.
Вай ҳамчунин аз занги Алиев ба Путин ёдовар шуд, ки ӯро бо зодрӯзаш табрик кард.
Аз ин рӯ, ҳама чиз дар ин ҷо тавре кор кард, ки монеаҳое, ки қаблан ба робитаҳои комил дар сатҳи олӣ садди роҳ мешуданд, аз байн рафтанд, бовар дорад Притчин.
Ба гуфтаи вай, Путин дар маҷмӯъ саъй кардааст, то ҳадди имкон дар сӯҳбати ошкоро бо Алиев ба мавзуъҳои мушкили мавҷудбуда ва сабаба ба вуҷуд омадани онҳо, тамаркуз кунад.
"Мо аллакай кӯшишҳои аввалин, натиҷаҳои аввалини эътидолро мушоҳида карда истодаем. Аввалин нишонаҳо озодии сардабири Sputnik Озарбойҷон ва яке аз озарбойҷонҳои дар Русия бо иттиҳоми фасод боздоштшуда аст", - афзуд сиёсатшинос.
Кишвардорони Русия ва Озарбойҷон Владимир Путин ва Илҳом Алиев дар ҳошияи нишасти сарони ИДМ дар Душанбе мулоқот карданд.
Мавзӯи сӯҳбати онҳо суқути ҳавопаймои AZAL дар моҳи декабри соли гузашта буд.
Раисиҷумҳури Русия ба хонаводаҳои кушташудагон дар суқути ҳавопаймои AZAL изҳори ҳамдардии амиқ кард.