https://sputnik.tj/20251011/nobel-rahbar-mukholifon-venesuela-tramp-1071968418.html
Ҷоизаи сулҳи Нобелро ба Трамп надоданд: Путин гуфт, ӯ арзанда аст ё не
Ҷоизаи сулҳи Нобелро ба Трамп надоданд: Путин гуфт, ӯ арзанда аст ё не
Sputnik Тоҷикистон
Мария Корина Мачадо барандаи ҷоизаи сулҳи Нобел дар соли 2025 шуд
2025-10-11T11:32+0500
2025-10-11T11:32+0500
2025-10-11T11:32+0500
ҷоизаи нобел
доналд трамп
дар ҷаҳон
сафари владимир путин ба тоҷикистон
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/07e9/09/1e/1071643399_0:0:3072:1728_1920x0_80_0_0_4ddf849127e71fc637bca41542b9cd3e.jpg
ДУШАНБЕ, 11 окт — Sputnik. Ҷоизаи сулҳи Нобел ба раҳбари мухолифони Венесуэла ва узви собиқи парлумони ин кишвар Мария Корино Мачадо барандаи ҷоизаи сулҳи Нобел шуд. Кумитаи Нобел дар Осло "кори ӯро барои пешбурди ҳуқуқҳои демократии мардуми Венесуэла" эътироф кард. Пештар президенти ИМА Доналд Трамп довталаби асосии ҷоиза дониста мешуд. Аммо расонаҳо қайд карданд, ки тасмимҳои ӯ дар бораи боздоштани фаъолияти Оҷонси рушди байналмилалии ИМА (USAID) ва ҷорӣ кардани боҷҳо ба кишварҳои дигар бар зидди ӯ кор хоҳанд кард.Президенти Русия Владимир Путин дар шарҳи ин ҳодиса гуфт, ҳолатҳое буданд, ки Кумитаи ҷоизаи сулҳи Нобел ба афроде дод, ки чизе барои сулҳ накардаанд.Бо чунин қарорҳо Кумита эътиборашро аз даст медиҳад, изҳор дошт раисҷумҳури Русия.Дар бораи арзанда будан ё набудани Трамп ба ин ҷоиза, Путин қайд кард, ки президенти ИМА баҳри ҳалли буҳронҳои ҷаҳонӣ талош мекунад.Ба навиштаи рӯзномаи туркии Hürriyet, раиси Кохи Сафед барои дарёфти ин ҷоиза талош кардааст то 10 октябр дар навори Ғазза ба оташбас ноил шавад. Соли гузашта ҷоизаи сулҳи Нобел ба як созмони ҷопонии наҷотёфтагони таркишҳои Хиросима ва Нагасакӣ дода шуд.
https://sputnik.tj/20250930/tramp-zarurati-muloqot-putin-zelenskiy-takid-1071643151.html
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
2025
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
Хабарҳо
tg_TJ
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/07e9/09/1e/1071643399_279:0:3010:2048_1920x0_80_0_0_d7049678a1f4b6aef8a1ca4313cfdbd6.jpgSputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
ҷоизаи сулҳи нобел, раҳбари мухолифони венесуэла
ҷоизаи сулҳи нобел, раҳбари мухолифони венесуэла
Ҷоизаи сулҳи Нобелро ба Трамп надоданд: Путин гуфт, ӯ арзанда аст ё не
Президенти Русия ба суоли рӯзноманигор дар бораи арзанда будани Трамп ба ҷоизаи Нобел гуфт, кишвардори ИМА барои сулҳ дар ҷаҳон корҳои зиёд анҷом медиҳад
ДУШАНБЕ, 11 окт — Sputnik. Ҷоизаи сулҳи Нобел ба раҳбари мухолифони Венесуэла ва узви собиқи парлумони ин кишвар Мария Корино Мачадо барандаи ҷоизаи сулҳи Нобел шуд.
Кумитаи Нобел дар Осло "кори ӯро барои пешбурди ҳуқуқҳои демократии мардуми Венесуэла" эътироф кард.
Пештар президенти ИМА Доналд Трамп довталаби асосии ҷоиза дониста мешуд.
Аммо расонаҳо қайд карданд, ки тасмимҳои ӯ дар бораи боздоштани фаъолияти Оҷонси рушди байналмилалии ИМА (USAID) ва ҷорӣ кардани боҷҳо ба кишварҳои дигар бар зидди ӯ кор хоҳанд кард.
Президенти Русия Владимир Путин дар шарҳи ин ҳодиса гуфт, ҳолатҳое буданд, ки Кумитаи ҷоизаи сулҳи Нобел ба афроде дод, ки чизе барои сулҳ накардаанд.
Бо чунин қарорҳо Кумита эътиборашро аз даст медиҳад, изҳор дошт раисҷумҳури Русия.
Дар бораи арзанда будан ё набудани Трамп ба ин ҷоиза, Путин қайд кард, ки президенти ИМА баҳри ҳалли буҳронҳои ҷаҳонӣ талош мекунад.
"Намедонам, Трамп арзандаи Нобел аст ё на, аммо вай воқеан барои ҳалли масъалаҳои мушкили байналмилалӣ кори зиёд мекунад. Мисол вазъ дар Ховари миёна мебошад, ки агар то охир расонад, ин ҳодисаи таърихӣ аст", - таъкид намуд президенти Русия.
Ба навиштаи рӯзномаи туркии Hürriyet, раиси Кохи Сафед барои дарёфти ин ҷоиза талош кардааст то 10 октябр дар навори Ғазза ба оташбас ноил шавад.
Соли гузашта ҷоизаи сулҳи Нобел ба як созмони ҷопонии наҷотёфтагони таркишҳои Хиросима ва Нагасакӣ дода шуд.