https://sputnik.tj/20251014/zangi-putin-rahmon-rusiya-tojikiston-1072090572.html
Занги Путин ба Раҳмон: Роҳбарони Русия ва Тоҷикистон дар мавриди чӣ суҳбат карданд?
Занги Путин ба Раҳмон: Роҳбарони Русия ва Тоҷикистон дар мавриди чӣ суҳбат карданд?
Sputnik Тоҷикистон
Дар суҳбати телефонии раҳбарони Русия ва Тоҷикистон тадбирҳои муштарак барои рушди муносибатҳои шарикии стратегӣ ва ҳампаймонӣ миёни ду кишвар таъкид гардид
2025-10-14T18:07+0500
2025-10-14T18:07+0500
2025-10-14T18:07+0500
сафари владимир путин ба тоҷикистон
сиёсат
дар тоҷикистон
русия
ҳамкорӣ
владимир путин
эмомалӣ раҳмон
суҳбати телефонӣ
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/07e9/0a/09/1071931728_0:0:1715:966_1920x0_80_0_0_c173c714a7e5b9a5e07f98c21304afcd.jpg
ДУШАНБЕ, 14 окт — Sputnik. Ду рӯз пас аз бозгашташ аз Душанбе раҳбари Русия Владимир Путин ба раисҷумҳури Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон занг зад.Тавре Хадамоти матбуоти раисҷумҳури кишвар хабар додааст, дар суҳбати телефонӣ раҳбари Русия аз раисҷумҳури Тоҷикистон барои пазироӣ ва меҳмоннавозии гарм зимни сафари давлатиаш ба Тоҷикистон изҳори сипос кардааст.Ҷонибҳо ҳамзамон дар н гуфтугӯи телефонӣ ҷанбаҳои алоҳидаи мувофиқаҳои дар доираи ин сафар бадастомадаро мавриди баррасӣ қарор дода, роҳҳои татбиқи минбаъдаи онҳоро мушаххас сохтанд.“Ҳамчунин натиҷаҳои муҳими Нишасти сарони давлатҳо дар чорчуби “Осиёи Марказӣ — Русия” ва ҷаласаи Шурои Сарони давлатҳои иштирокдори ИДМ, ки дар Душанбе баргузор гардиданд, дар маркази таваҷҷуҳ қарор гирифтанд”, - таъкид кардааст дафтари матбуоти раисҷумҳур.Эмомалӣ Раҳмон ва Владимир Путин омодагии худро барои андешидани тадбирҳои муштарак ҷиҳати рушди муносибатҳои шарикии стратегӣ ва ҳампаймонӣ миёни Тоҷикистон ва Русия таъкид намуданд.Ёдовар мешавем, ки сафари давлатӣ ва кории Владимир Путин ба Душанбе аз 8 то 12 октябр ҷараён гирифт.Зимнан аз рӯи натиҷаи мулоқоту музокироти сатҳи олии Тоҷикистону Русия 16 санади нави ҳамкорӣ ба имзо расид.
https://sputnik.tj/20251009/izhorot-kalidi-putin-muloqot-rahmon-dushanbe-1071910781.html
русия
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
2025
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
Хабарҳо
tg_TJ
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/07e9/0a/09/1071931728_30:0:1615:1189_1920x0_80_0_0_ca42a3d406e22248ab3c6ba7ba0725cb.jpgSputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
тоҷикистон, русия, путин, раҳмон, занги телефонӣ, суҳбати телефонӣ, сиёсат,
тоҷикистон, русия, путин, раҳмон, занги телефонӣ, суҳбати телефонӣ, сиёсат,
Занги Путин ба Раҳмон: Роҳбарони Русия ва Тоҷикистон дар мавриди чӣ суҳбат карданд?
Дар суҳбати телефонии раҳбарони Русия ва Тоҷикистон тадбирҳои муштарак барои рушди муносибатҳои шарикии стратегӣ ва ҳампаймонӣ миёни ду кишвар таъкид гардид
ДУШАНБЕ, 14 окт — Sputnik. Ду рӯз пас аз бозгашташ аз Душанбе раҳбари Русия Владимир Путин ба раисҷумҳури Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон занг зад.
Тавре Хадамоти матбуоти раисҷумҳури кишвар хабар додааст, дар суҳбати телефонӣ раҳбари Русия аз раисҷумҳури Тоҷикистон барои пазироӣ ва меҳмоннавозии гарм зимни сафари давлатиаш ба Тоҷикистон изҳори сипос кардааст.
Ҷонибҳо ҳамзамон дар н гуфтугӯи телефонӣ ҷанбаҳои алоҳидаи мувофиқаҳои дар доираи ин сафар бадастомадаро мавриди баррасӣ қарор дода, роҳҳои татбиқи минбаъдаи онҳоро мушаххас сохтанд.
“Ҳамчунин натиҷаҳои муҳими Нишасти сарони давлатҳо дар чорчуби “Осиёи Марказӣ — Русия” ва ҷаласаи Шурои Сарони давлатҳои иштирокдори ИДМ, ки дар Душанбе баргузор гардиданд, дар маркази таваҷҷуҳ қарор гирифтанд”, - таъкид кардааст дафтари матбуоти раисҷумҳур.
Эмомалӣ Раҳмон ва Владимир Путин омодагии худро барои андешидани тадбирҳои муштарак ҷиҳати рушди муносибатҳои шарикии стратегӣ ва ҳампаймонӣ миёни Тоҷикистон ва Русия таъкид намуданд.
Ёдовар мешавем, ки сафари давлатӣ ва кории Владимир Путин ба Душанбе аз 8 то 12 октябр ҷараён гирифт.
Зимнан аз рӯи натиҷаи мулоқоту музокироти сатҳи олии Тоҷикистону Русия 16 санади нави ҳамкорӣ ба имзо расид.