https://sputnik.tj/20251011/safar-putin-idm-dushanbe-khotirmo-video-1072003209.html
Сафари Путин ва нишасти сарони ИДМ дар Душанбе бо чӣ хотирмон буд: Посухи коршинос - Видео
Сафари Путин ва нишасти сарони ИДМ дар Душанбе бо чӣ хотирмон буд: Посухи коршинос - Видео
Sputnik Тоҷикистон
Сиёсатшинос дар суҳбат бо хабарнигори Sputnik Тоҷикистон натоиҷи чанд рӯйдоди муҳимеро, ки дар Душанбе рух дод, ҷамъбаст кард 11.10.2025, Sputnik Тоҷикистон
2025-10-11T14:02+0500
2025-10-11T14:02+0500
2025-10-11T14:02+0500
сафари владимир путин ба тоҷикистон
сафари путин ба тоҷикистон
коршинос
видео
владимир путин
идм
русия
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/07e9/0a/0a/1071984511_0:0:1920:1080_1920x0_80_0_0_318a96ee78a7d24557a4f3bcc7a1071c.jpg
Дар Душанбе нишасти Русия ва Осиёи Марказӣ, ҷаласаи вазирони умури хориҷаи ИДМ ва нишасти сарони кишварҳои ИДМ баргузор шуд. Дар ин рӯзҳо президенти Русия Владимир Путин низ бо як сафари давлатӣ дар Тоҷикистон буд. Дар чорабинӣ сарони кишварҳои Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон, Озарбойҷон Илҳом Алиев, Беларус Александр Лукашенко, Қирғизистон Содир Ҷабборов, Қазоқистон Қосим-Ҷомарт Тоқаев, Туркманистон, Сардор Бердимуҳамедов ва Узбекистон Шавкат Мирзиёев, инчунин сарвазири Арманистон Никол Пашинян ширкат доштанд. Натоиҷи ин рӯйдодҳои муҳимро Sputnik Тоҷикистон якҷо бо мудири бахши Осиёи Марказии Маркази таҳқиқоти пасошӯравии Пажӯҳишгоҳи иқтисоди ҷаҳонӣ ва равобити байналмилалии Академияи илмҳои Русия Станислав Притчин, ҷамъбаст кард. Коршинос ёдовар шуд, ки аз замони истиқлол Русия ва Тоҷикистон ҳамсоя ва шарикони муҳим буданд."Дар маҷмӯъ, муносиботи мо дар тӯли истиқлоли Тоҷикистони муосир, стратегӣ буданд, аз ин рӯ, имрӯз дар маҷмӯъ Осиёи Марказӣ барои Русия аҳамияти бештар пайдо мекунад. Тамаркузи ҳам сиёсат ва ҳам иқтисод ба Осиё ва ҷануб нигаронида шудааст ва мутаносибан, Осиёи Марказӣ дар ин ҷо мавқеи муҳимро ишғол мекунад, зеро аввалан, он ҳамсояи бузурги мост, дуюм, пули иртиботӣ бо шарикони калидии мо Покистон, Чин ва Ҳиндустон", - гуфт Притчин. Ӯ ёдовар шуд, ки тамоми иртиботот тавассути Осиёи Марказӣ мегузарад ва мувофиқан аҳамияти минтақа ва аз ин рӯ Тоҷикистон ҳам меафзояд. Изҳороти муштараки Путин ва Раҳмон: Матни пурра Ҳуҷҷатҳои имзокардаи Путин ва Раҳмон ва изҳороти муштарак оид ба амиқсозии шарикӣ ва иттифоқҳои стратегӣ ин тамоюлҳои калидиро тасдиқ карданд. "Ҳеҷ чиз ба таври куллӣ тағйир намеёбад, аммо вазъи кунунии корҳо таҳким меёбанд, ки мо дар ҳақиқат шарикони хеле муҳим барои ҳамдигар ҳастем", - гуфт ӯ.
русия
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
2025
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
Хабарҳо
tg_TJ
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/07e9/0a/0a/1071984511_347:0:1787:1080_1920x0_80_0_0_68b7aa3c5a00e4b54be0b1b91441f785.jpgSputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
натиҷаи сафари путин, душанбе, видео
натиҷаи сафари путин, душанбе, видео
Сафари Путин ва нишасти сарони ИДМ дар Душанбе бо чӣ хотирмон буд: Посухи коршинос - Видео
Эксклюзив
Сиёсатшинос дар суҳбат бо хабарнигори Sputnik Тоҷикистон натоиҷи чанд рӯйдоди муҳимеро, ки дар Душанбе рух дод, ҷамъбаст кард
Дар Душанбе нишасти Русия ва Осиёи Марказӣ, ҷаласаи вазирони умури хориҷаи ИДМ ва нишасти сарони кишварҳои ИДМ баргузор шуд.
Дар ин рӯзҳо президенти Русия Владимир Путин низ бо як сафари давлатӣ дар Тоҷикистон буд.
Дар чорабинӣ сарони кишварҳои Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон, Озарбойҷон Илҳом Алиев, Беларус Александр Лукашенко, Қирғизистон Содир Ҷабборов, Қазоқистон Қосим-Ҷомарт Тоқаев, Туркманистон, Сардор Бердимуҳамедов ва Узбекистон Шавкат Мирзиёев, инчунин сарвазири Арманистон Никол Пашинян ширкат доштанд.
Натоиҷи ин рӯйдодҳои муҳимро Sputnik Тоҷикистон якҷо бо мудири бахши Осиёи Марказии Маркази таҳқиқоти пасошӯравии Пажӯҳишгоҳи иқтисоди ҷаҳонӣ ва равобити байналмилалии Академияи илмҳои Русия Станислав Притчин, ҷамъбаст кард.
Коршинос ёдовар шуд, ки аз замони истиқлол Русия ва Тоҷикистон ҳамсоя ва шарикони муҳим буданд.
"Дар маҷмӯъ, муносиботи мо дар тӯли истиқлоли Тоҷикистони муосир, стратегӣ буданд, аз ин рӯ, имрӯз дар маҷмӯъ Осиёи Марказӣ барои Русия аҳамияти бештар пайдо мекунад. Тамаркузи ҳам сиёсат ва ҳам иқтисод ба Осиё ва ҷануб нигаронида шудааст ва мутаносибан, Осиёи Марказӣ дар ин ҷо мавқеи муҳимро ишғол мекунад, зеро аввалан, он ҳамсояи бузурги мост, дуюм, пули иртиботӣ бо шарикони калидии мо Покистон, Чин ва Ҳиндустон", - гуфт Притчин.
Ӯ ёдовар шуд, ки тамоми иртиботот тавассути Осиёи Марказӣ мегузарад ва мувофиқан аҳамияти минтақа ва аз ин рӯ Тоҷикистон ҳам меафзояд.
Ҳуҷҷатҳои имзокардаи Путин ва Раҳмон ва изҳороти муштарак оид ба амиқсозии шарикӣ ва иттифоқҳои стратегӣ ин тамоюлҳои калидиро тасдиқ карданд.
"Ҳеҷ чиз ба таври куллӣ тағйир намеёбад, аммо вазъи кунунии корҳо таҳким меёбанд, ки мо дар ҳақиқат шарикони хеле муҳим барои ҳамдигар ҳастем", - гуфт ӯ.