Президент Владимир Путин встретился с президентом Таджикистана Э. Рахмоном - Sputnik Тоҷикистон, 1920
Сафари Владимир Путин ба Тоҷикистон
Президенти Русия Владимир Путин, рӯзҳои 8-10 октябр нахустин сафари давлатиро ба Тоҷикистон анҷом медиҳад

Путин роҳи ҳалли мушкилоти муҳоҷирати меҳнатиро нишон дод

© Sputnik / POOL / Гузариш ба медиабонкЗаседание совета глав государств СНГ
Заседание совета глав государств СНГ  - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 10.10.2025
Обуна шудан
Президенти Русия пас аз анҷоми нишасти сарони ИДМ дар Душанбе назди хабарнигорон изҳорот дода ба масъалаи муҳоҷират дахл кард
ДУШАНБЕ, 10 окт — Sputnik. Раисиҷумҳури Русия Владимир Путин зимни суханронӣ дар назди рӯзноманигорон дар Душанбе гуфт, мушкилот дар соҳаи муҳоҷират зиёд аст ва роҳи ҳалашро низ нишон дод.

"Мушкилот ин ҷо ҳузур доранд, ба ин шаҳрвандони мо низ ишора мекунанд, ки манофеи онҳо бартар аст", - гуфт Путин.

Аммо, дар зимн муҳим аст, ки қавонини Русия аз тарафи муҳоҷирон риоя шаванд, таъкид кард президент.
Яке аз омилҳои калидӣ барои мутобиқсозии муҳоҷиронро дар Русия, Владимир Путин дар донистани забони русӣ мебинад.
Государственный визит президента Владимира Путина в Таджикистан - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 09.10.2025
Сафари Владимир Путин ба Тоҷикистон
Путин ба Раҳмон барои муносибати хосаш ба забони русӣ изҳори сипос кард
Роҳи дигари ҳалли мушкилоти муҳоҷират ва мубориза алайҳи муҳоҷирати ғайриқонуниро кишвардори Русия дар кори дутарафаи мақомоти қудратии ду кишвар медонад.
Раисҷумҳури Русия таъкид намуд, ки бояд дутарафа бо ҷалби мақомоти ҳифзи ҳуқуқи ду кишвар корҳо дар самти ҳалли мушкилоти бахши муҳоҷират пурзӯр карда шаванд.
"Вақте пулиси Русия аз муҳоҷир талаб мекунаду ӯро маҳкум мекунад гапи дигар аст, вале замоне, ки кормандони мақомоти Тоҷикистон бо онҳо ҳамроҳ мешаванд, ин гапи дигар. Ин ҷо сатҳи боварӣ бештар мешавад", - гуфт Владимир Путин.
Дар баробари ин, раисҷумҳури Русия бо таъкиди вазъи демографӣ таъкид намуд, ки Маскав ба нерӯи корӣ ниёз дорад.
"Чанд сол қабл дар Тоҷикистон 5 млн нафар буд, акнун беш аз 10 млн нафаранд", - гуфт Путин.
Дар баробари бештар шудани қувваи кории Тоҷикистон, Путин таъкид кард, ки ҳамаи корҳои анҷомшуда дар соҳаи муҳоҷират аз ҷумла ифтитоҳи намояндагии ВКД Русия дар Тоҷикистон ва аз Тоҷикистон дар Русия, барои таъмини кору зиндагии шоистаи муҳоҷирони меҳнатӣ дар Русия аст.
Обучение детей мигрантов в Москве - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 28.09.2025
Гуров: Фарзандони муҳоҷирон дар сурати донистани забон, набояд аз таҳсил маҳрум шаванд
Ӯ ҳамчунин ба алоқамандии мардуми тоҷик ва дигар халқҳои кишварҳои Осиёи Марказӣ барои кор дар Русия ишора карда гуфт, ки таърихи ягона аз ҷумла, пирӯзи бар натсизм ин алоқамандиро бештар месозад.
"Чаро муҳоҷирон маҳз ба Русия мераванд - зеро мо муштаракоти зиёд дорем. Ниёз ба нерӯи кор дар кишварҳо низ аст, аммо муҳоҷирон аз Осиёи Марказӣ маҳз Русияро интихоб мекунанд. Забони русиро низ барои он меомӯзанд, ки мо муштаракоти зиёд дорем. Муҳим ҳифзу таҳкими муштаракот аст", - гуфт раисҷумҳури Русия.
Ёдовар мешавем, ки президенти Русия Владимир Путин бо сафари давлатӣ дар Душанбе қарор дорад. Ӯ дар доираи ин сафараш ҳамчунин дар ҷаласаи кишварҳои Осиёи Марказӣ ва Русия ва нишасти сарони ИДМ ширкат кард.
Лентаи хабарҳо
0