Президент Владимир Путин встретился с президентом Таджикистана Э. Рахмоном - Sputnik Тоҷикистон, 1920
Сафари Владимир Путин ба Тоҷикистон
Президенти Русия Владимир Путин, рӯзҳои 8-10 октябр нахустин сафари давлатиро ба Тоҷикистон анҷом медиҳад

Нишасти сарони кишварҳои ИДМ — пахши мустақим

Обуна шудан
Дар Душанбе нишасти раҳбарони кишварҳои ИДМ оғоз шуд
Аллакай ҳамаи кишвардорони давлатҳои узви Иттиҳоди Давлатҳои Мустақим вориди Душанбе шуданд ва ба Қасри Миллат ҳозир шудаанд.
Дар нишасти сарони кишварҳои ИДМ раисиҷумҳури Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон, кишвардори Русия Владимир Путин, президенти Белорус Александр Лукашенко, президенти Озарбойҷон Илҳом Алиев, сарвазири Арманистон Никол Пашинян, раисиҷумҳури Узбекистон Шавкат Мирзиёев, президенти Қазоқистон Қосим Жомарт Токаев, кишвардори Қирғизистон Содир Ҷабборов, президенти Туркманистон Сардор Бердимуҳаммадов ва Дабири кулли ИДМ Сергей Лебедев ширкат доранд.
Интизор меравад, ки кишвардорони ИДМ масъалаҳои мубрами рузномаи ҷаҳонӣ, ИДМ ва дурнамои ҳамкориҳоро баррасӣ мекунанд.
Ҷаласаи Шӯро таҳти раёсати раисиҷумҳури Тоҷикистон, ки соли 2025 раёсати ИДМ-ро бар ӯҳда дорад, баргузор мешавад.
Суханронии пурраи Путин дар пайи гуфтугӯ бо Раҳмон дар Душанбе: Видео
Аз 1 январи соли ҷорӣ раёсати ниҳодҳои Иттиҳод ба Тоҷикистон гузашт ва Русия ва Туркманистон ҳамраис шуданд.
Лентаи хабарҳо
0