https://sputnik.tj/20251012/rahmon-putinro-ba-rusiya-gusel-kard-1072034953.html
Анҷоми сафари президенти Русия дар Тоҷикистон: Путинро Раҳмон шахсан гусел кард
Анҷоми сафари президенти Русия дар Тоҷикистон: Путинро Раҳмон шахсан гусел кард
Sputnik Тоҷикистон
Президенти Русия Владимир Путин рӯзи 8 октябр вориди Душанбе 12 октябр пойтахти Тоҷикистонро тарк кард
2025-10-12T19:01+0500
2025-10-12T19:01+0500
2025-10-12T19:22+0500
сиёсат
сафари владимир путин ба тоҷикистон
сафари путин ба тоҷикистон
владимир путин
рустами эмомалӣ
фурудгоҳ
душанбе
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/07e9/0a/0c/1072035071_0:66:1281:786_1920x0_80_0_0_680c7d992e4790db54e328e998f3a052.jpg
ДУШАНБЕ, 12 окт — Sputnik. Сафари давлатии кишвардори Русия Владимир Путин ба Тоҷикистон анҷом ёфт.Дар фурудгоҳи байналмилалии Душанбе Эмомалӣ Раҳмон бо нишони эҳтироми баланд меҳмонро самимона гусел намуд.Дар ин бора, хадамоти матбуотии президенти Тоҷикистон хабар медиҳад.Барои гусели раисҷумҳури Русия майдони фурудгоҳ бо парчамҳои давлатии ду кишвар ва аксҳои сарони ду давлат ороста шуд, иттилоъ дод дафтари матбуоти раисҷумҳури Тоҷикистон. Роҳрави сурх ва ороишоти гулгун густурда шуда, сарбозони горди фахрӣ аз ду тарафи роҳрав саф оростанд, афзуд манбаъ.Ёдрас мешавем, ки президенти Русия Владимир Путин бо сафари давлатӣ дар Тоҷикистон қарор дошт.Бо қолини сурх: Путинро дар Душанбе чӣ гуна пешвоз гирифтанд? Гузориши аксӣКишвардор дар доираи сафари худ дар ҷаласаи сарони кишварҳои Осиёи Марказӣ - Русия ва нишасти кишвардорони ИДМ ширкат кард.
душанбе
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
2025
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
Хабарҳо
tg_TJ
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/07e9/0a/0c/1072035071_72:0:1208:852_1920x0_80_0_0_eea264dc37b3028cdbee6f38c1847427.jpgSputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
раҳмон, путин, русия
Анҷоми сафари президенти Русия дар Тоҷикистон: Путинро Раҳмон шахсан гусел кард
19:01 12.10.2025 (Навсозишуда: 19:22 12.10.2025) Президенти Русия Владимир Путин рӯзи 8 октябр вориди Душанбе 12 октябр пойтахти Тоҷикистонро тарк кард
ДУШАНБЕ, 12 окт — Sputnik. Сафари давлатии кишвардори Русия Владимир Путин ба Тоҷикистон анҷом ёфт.
Дар фурудгоҳи байналмилалии Душанбе Эмомалӣ Раҳмон бо нишони эҳтироми баланд меҳмонро самимона гусел намуд.
Дар ин бора, хадамоти матбуотии президенти Тоҷикистон хабар медиҳад.
Барои гусели раисҷумҳури Русия майдони фурудгоҳ бо парчамҳои давлатии ду кишвар ва аксҳои сарони ду давлат ороста шуд, иттилоъ дод дафтари матбуоти раисҷумҳури Тоҷикистон.
Роҳрави сурх ва ороишоти гулгун густурда шуда, сарбозони горди фахрӣ аз ду тарафи роҳрав саф оростанд, афзуд манбаъ.
"Президенти Русия Владимир Путин баъд аз анҷоми сафари давлатӣ ва иштирок дар ҳамоиши Осиёи Марказӣ-Русия ва ҷаласаи Шурои сарони кишварҳои иштирокдори ИДМ аз шаҳри Душанбе бозгашт намуд", - гузориш дод хадамоти матбуотӣ.
Ёдрас мешавем, ки президенти Русия Владимир Путин бо сафари давлатӣ дар Тоҷикистон қарор дошт.
Кишвардор дар доираи сафари худ дар ҷаласаи сарони кишварҳои Осиёи Марказӣ - Русия ва нишасти кишвардорони ИДМ ширкат кард.