https://sputnik.tj/20251010/rahmon-idm-plus-shsh-qadam-muhim-dusjabne-1071975712.html
Раҳмон формати "ИДМ плюс" ва мақоми нозирии СҲШ -ро қадами муҳим арзёбӣ кард
Раҳмон формати "ИДМ плюс" ва мақоми нозирии СҲШ -ро қадами муҳим арзёбӣ кард
Sputnik Тоҷикистон
Президенти Тоҷикистон зимни нишасти сарони кишварҳои ИДМ аз пешниҳоди таъсиси формати "ИДМ плюс" ва додани мақоми нозирӣ ба СҲШ дар назди ИДМ пуштибонӣ кард
2025-10-10T17:16+0500
2025-10-10T17:16+0500
2025-10-10T17:16+0500
сафари владимир путин ба тоҷикистон
сафари путин ба тоҷикистон
душанбе
дар тоҷикистон
идм
эмомалӣ раҳмон
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/07e9/0a/0a/1071968576_0:118:2048:1271_1920x0_80_0_0_c1643eef04152e5a13851b268232a277.jpg
ДУШАНБЕ, 10 окт — Sputnik. Тоҷикистон дар соли раёсати худ дар Иттиҳод, дар ҳамкории зич бо кишварҳои иштирокдор ва Кумитаи иҷроия, фаъолияти фарогирро баҳри татбиқи самараноки ҳадафҳои пешбинишуда идома дод.Дар ин бора, кишвардори Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон зимни суханронии худ дар оғози нишаст изҳор дошт.Ӯ гуфт, фаъолияти Тоҷикистон ҳамчун кишвари раисикунандаи Иттиҳод ба ноил гардидан ба натиҷаҳои амалӣ дар рушди ҳамкорӣ дар доираи Созмон нигаронида шуда буд.Ҳамзамон, ба таҳкими ҳамкорӣ дар соҳаи амният ва муқовимат ба хатару таҳдидҳои муосир аҳамияти хоса дода шуд, афзуд Раҳмон.Эмомалӣ Раҳмон, ҳамчунин, аҳамияти қабули қарорҳо оид ба ташаббуси “ИДМ плюс” ва додани мақоми нозир ба Созмони Ҳамкории Шанхай дар назди Иттиҳоди Давлатҳои Мустақилро таъкид карда, ин иқдомро ҳамчун қадами муҳим дар густариши робитаҳои байналмилалии Созмон арзёбӣ намуд."Таҳкими муколамаи фарҳангҳо ва густариши ҳамкории гуманитарӣ ба ҳифзу ғанигардонии мероси умумии фарҳангӣ ва таҳкими руҳи ҳамраъйӣ дар доираи Иттиҳод мусоидат менамояд", - таъкид кард кишвардор.Раҳмон омодагии Тоҷикистонро барои идомаи фаъолонаи талошҳо баҳри тавсеаи ин самти ҳамёрӣ таъкид намуд.Эмомалӣ Раҳмон бо медал мукофотонида шудҲамчунин, Раҳмон раисиҷумҳури Туркманистонро ба муносибати ба ӯҳда гирифтани раёсати минбаъда дар Иттиҳод табрик намуд.
https://sputnik.tj/20251010/putin-rusiya-tasmim-sng-plus-pushtiboni-1071969591.html
душанбе
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
2025
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
Хабарҳо
tg_TJ
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/07e9/0a/0a/1071968576_193:0:2014:1366_1920x0_80_0_0_20d1482321da6628d9baf8ce412ac92f.jpgSputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
суханронӣ, эмомалӣ раҳмон, идм
суханронӣ, эмомалӣ раҳмон, идм
Раҳмон формати "ИДМ плюс" ва мақоми нозирии СҲШ -ро қадами муҳим арзёбӣ кард
Президенти Тоҷикистон зимни нишасти сарони кишварҳои ИДМ аз пешниҳоди таъсиси формати "ИДМ плюс" ва додани мақоми нозирӣ ба СҲШ дар назди ИДМ пуштибонӣ кард
ДУШАНБЕ, 10 окт — Sputnik. Тоҷикистон дар соли раёсати худ дар Иттиҳод, дар ҳамкории зич бо кишварҳои иштирокдор ва Кумитаи иҷроия, фаъолияти фарогирро баҳри татбиқи самараноки ҳадафҳои пешбинишуда идома дод.
Дар ин бора, кишвардори Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон зимни суханронии худ дар оғози нишаст изҳор дошт.
Ӯ гуфт, фаъолияти Тоҷикистон ҳамчун кишвари раисикунандаи Иттиҳод ба ноил гардидан ба натиҷаҳои амалӣ дар рушди ҳамкорӣ дар доираи Созмон нигаронида шуда буд.
"Таваҷҷуҳи асосӣ ба такмили фаъолияти Созмон, тавсеаи ҳамкории тиҷоратию иқтисодӣ, нақлиётиву логистикӣ, ҳамгироии рақамӣ, ҳамчунин таъмини суботи энергетикӣ ва пешбурди фаъолонаи ҳамкории башардӯстона равона гардид", - гуфт президенти Тоҷикистон.
Ҳамзамон, ба таҳкими ҳамкорӣ дар соҳаи амният ва муқовимат ба хатару таҳдидҳои муосир аҳамияти хоса дода шуд, афзуд Раҳмон.
Эмомалӣ Раҳмон, ҳамчунин, аҳамияти қабули қарорҳо оид ба ташаббуси “ИДМ плюс” ва додани мақоми нозир ба Созмони Ҳамкории Шанхай дар назди Иттиҳоди Давлатҳои Мустақилро таъкид карда, ин иқдомро ҳамчун қадами муҳим дар густариши робитаҳои байналмилалии Созмон арзёбӣ намуд.
"Таҳкими муколамаи фарҳангҳо ва густариши ҳамкории гуманитарӣ ба ҳифзу ғанигардонии мероси умумии фарҳангӣ ва таҳкими руҳи ҳамраъйӣ дар доираи Иттиҳод мусоидат менамояд", - таъкид кард кишвардор.
Раҳмон омодагии Тоҷикистонро барои идомаи фаъолонаи талошҳо баҳри тавсеаи ин самти ҳамёрӣ таъкид намуд.
Ҳамчунин, Раҳмон раисиҷумҳури Туркманистонро ба муносибати ба ӯҳда гирифтани раёсати минбаъда дар Иттиҳод табрик намуд.