https://sputnik.tj/20251010/rusiya-tojikiston-beshtar-omuzgor-1071933930.html
Русия ба Тоҷикистон бастаи рекордии китоб медиҳаду теъдоди омӯзгоронро зиёд мекунад
Русия ба Тоҷикистон бастаи рекордии китоб медиҳаду теъдоди омӯзгоронро зиёд мекунад
Sputnik Тоҷикистон
Русия қасд дорад барномаи "Муаллими рус дар хориҷа"-ро дар Тоҷикистон густариш диҳад
2025-10-10T09:31+0500
2025-10-10T09:31+0500
2025-10-10T11:07+0500
сафари владимир путин ба тоҷикистон
дар тоҷикистон
маориф
сафари путин ба тоҷикистон
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/07e9/0a/09/1071932454_195:0:1048:480_1920x0_80_0_0_28efe16a12e55a30510fd638aa0d1c39.jpg
ДУШАНБЕ, 10 окт — Sputnik. Русия як бастаи рекордии китобҳои дарсиро ба Тоҷикистон ҳадя мекунад. Вазири маорифи Русия Сергей Кравтсов ба муовини аввали вазири маориф ва илми Тоҷикистон Ҳомид Хошимзода шаҳодатномаи 800 000 нусха китобҳои дарсиро супурд. Ин китобҳоро мутахассисони рус ва тоҷик якҷо барои мактаббачагони Тоҷикистон омода кардаанд. Тавре вазири маориф дар ҷараёни боздид аз "Хонаи рус" дар Душанбе ба хабарнигори Sputnik Тоҷикистон гуфт, Русия тасмим гирифтааст, барномаи "Муаллими рус дар хориҷа"-ро дар Тоҷикистон густариш диҳад.Кравтсов аз 5 мактаби русию тоҷикӣ, аз яке аз онҳо дар Душанбе қарор дорад, ёдовар шуд. Вай гуфт, ки дар озмуни дохилшавӣ ба ин мактабҳо барои як ҷой 22 довталаб талош мекунанд, дар ҳоле, ки дар Душанбе 93 нафарро ташкил медиҳад."Мо нақша дорем, ки ду филиали Донишгоҳи давлатии омӯзгории Олтойро барои омода кардани мутахассисони синфҳои ибтидоӣ ифтитоҳ кунем. Мо инчунин барномаи густурдаи такмили ихтисоси омӯзгоронро дорем. Ҳоло ҳудуди 700 омӯзгор аз Тоҷикистон ин давраро хатм кардаанд. Мо ин барномаро тавсеа хоҳем дод", - гуфт Кравтсов. Самти сеюми кори муштарак ба рушди таҳсилоти миёнаи касбӣ марбут аст. Вай зикр кард, ки бо Кумитаи таҳсилоти ибтидоии касбӣ ёддошт ба имзо расидааст. Кравтсов ҳамчунин аз намоишгоҳи таълимӣ дар "Хонаи рус" дар Душанбе дидан карда, бо мактаббачагони тоҷик суҳбат намуд. Таҳсилоти русӣ дар Тоҷикистон маъмул аст. Ба шаҳрвандони ин кишвар барои таҳсил дар донишгоҳҳои Русия 1000 квота ҷудо шудааст, ки аз ҷониби ҳукумати Русия маблағгузорӣ мешавад. Дар маҷмӯъ беш аз 31 ҳазор донишҷӯи тоҷик дар Русия таҳсил мекунанд.Дар ҷумҳурӣ ҳамчунин Донишгоҳи Русияву Тоҷикистон (славянӣ), филиалҳои Донишгоҳи давлатии Маскав ба номи Ломоносов, Донишгоҳи миллии илм ва технология ва Донишгоҳи миллии тадқиқотӣ амал мекунанд. Гузашта аз ин, дар як қатор мактабҳои Тоҷикистон таълим комилан ба забони русӣ сурат мегирад. Панҷ мактаб дар ҷумҳурӣ, ки соли 2022 ба истифода дода шуданд, бо маблағгузории Русия сохта шудаанд. Дар ин мактабҳо таълим ба забони русӣ ва тибқи стандартҳои Русия сурат мегирад.
https://sputnik.tj/20251008/rusiya-intiqol-kitobho-darsi-tojikiston-1071839021.html
https://sputnik.tj/20251005/dovtalab-tojikiston-kvota-rusiya-1071748980.html
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
2025
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
Хабарҳо
tg_TJ
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/07e9/0a/09/1071932454_158:0:1118:720_1920x0_80_0_0_4b95d9c18be0baf0509230224d4187f3.jpgSputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
русия, тоҷикистон, бештар омӯзгор
русия, тоҷикистон, бештар омӯзгор
Русия ба Тоҷикистон бастаи рекордии китоб медиҳаду теъдоди омӯзгоронро зиёд мекунад
09:31 10.10.2025 (Навсозишуда: 11:07 10.10.2025) Эксклюзив
Русия қасд дорад барномаи "Муаллими рус дар хориҷа"-ро дар Тоҷикистон густариш диҳад
ДУШАНБЕ, 10 окт — Sputnik. Русия як бастаи рекордии китобҳои дарсиро ба Тоҷикистон ҳадя мекунад.
Вазири маорифи Русия Сергей Кравтсов ба муовини аввали вазири маориф ва илми Тоҷикистон Ҳомид Хошимзода шаҳодатномаи 800 000 нусха китобҳои дарсиро супурд.
Ин китобҳоро мутахассисони рус ва тоҷик якҷо барои мактаббачагони Тоҷикистон омода кардаанд.
Тавре вазири маориф дар ҷараёни боздид аз "Хонаи рус" дар Душанбе ба хабарнигори
Sputnik Тоҷикистон гуфт, Русия тасмим гирифтааст, барномаи "Муаллими рус дар хориҷа"-ро дар Тоҷикистон густариш диҳад.
"Ҳоло дар ҷумҳурӣ 109 омӯзгор фаъолият доранд. Муҳимтар аз ҳама, мо нақша дорем, ки ин рақамро афзоиш диҳем ва дар ояндаи наздик ба таври иловагӣ 50 омӯзгори дигар мефиристем. Ҳоло онҳо аз бозомӯзӣ мегузаранд ва ман афзоиши минбаъдаи теъдоди омӯзгоронро истисно намекунам", - шарҳ дод вазир.
Кравтсов аз 5 мактаби русию тоҷикӣ, аз яке аз онҳо дар Душанбе қарор дорад, ёдовар шуд. Вай гуфт, ки дар озмуни дохилшавӣ ба ин мактабҳо барои як ҷой 22 довталаб талош мекунанд, дар ҳоле, ки дар Душанбе 93 нафарро ташкил медиҳад.
"Мо нақша дорем, ки ду филиали Донишгоҳи давлатии омӯзгории Олтойро барои омода кардани мутахассисони синфҳои ибтидоӣ ифтитоҳ кунем. Мо инчунин барномаи густурдаи такмили ихтисоси омӯзгоронро дорем. Ҳоло ҳудуди 700 омӯзгор аз Тоҷикистон ин давраро хатм кардаанд. Мо ин барномаро тавсеа хоҳем дод", - гуфт Кравтсов.
Самти сеюми кори муштарак ба рушди таҳсилоти миёнаи касбӣ марбут аст. Вай зикр кард, ки бо Кумитаи таҳсилоти ибтидоии касбӣ ёддошт ба имзо расидааст.
Кравтсов ҳамчунин аз намоишгоҳи таълимӣ дар "Хонаи рус" дар Душанбе дидан карда, бо мактаббачагони тоҷик суҳбат намуд.
Таҳсилоти русӣ дар Тоҷикистон маъмул аст. Ба шаҳрвандони ин кишвар барои таҳсил дар донишгоҳҳои Русия 1000 квота ҷудо шудааст, ки аз ҷониби ҳукумати Русия маблағгузорӣ мешавад. Дар маҷмӯъ беш аз 31 ҳазор донишҷӯи тоҷик дар Русия таҳсил мекунанд.
Дар ҷумҳурӣ ҳамчунин Донишгоҳи Русияву Тоҷикистон (славянӣ), филиалҳои Донишгоҳи давлатии Маскав ба номи Ломоносов, Донишгоҳи миллии илм ва технология ва Донишгоҳи миллии тадқиқотӣ амал мекунанд.
Гузашта аз ин, дар як қатор мактабҳои Тоҷикистон таълим комилан ба забони русӣ сурат мегирад. Панҷ мактаб дар ҷумҳурӣ, ки соли 2022 ба истифода дода шуданд, бо маблағгузории Русия сохта шудаанд. Дар ин мактабҳо таълим ба забони русӣ ва тибқи стандартҳои Русия сурат мегирад.