https://sputnik.tj/20251012/poygohi-201-rusiya-tojikiston-osiyo-markazi-1072027992.html
Ҳузури пойгоҳи 201-уми Русия барои Тоҷикистон ва Осиёи Марказӣ чӣ маъно дорад?
Ҳузури пойгоҳи 201-уми Русия барои Тоҷикистон ва Осиёи Марказӣ чӣ маъно дорад?
Sputnik Тоҷикистон
Ба гуфтаи коршинос, ҳузури пойгоҳи низомии Русия муҳимтарин кафолати амният дар марзҳои ҷанубии на танҳо Тоҷикистон, балки тамоми Осиёи Марказӣ аст
2025-10-12T16:57+0500
2025-10-12T16:57+0500
2025-10-13T11:33+0500
сафари владимир путин ба тоҷикистон
дар тоҷикистон
сафари путин ба тоҷикистон
пойгоҳи 201
амният ва мудофиа
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/07e5/07/14/1041019898_0:68:1081:676_1920x0_80_0_0_2d0005f21c0297418db7f0b96cc26e7c.jpg
ДУШАНБЕ, 12 окт — Sputnik. Русия ва Тоҷикистон қасд доранд, барои таҳкими амнияту субот дар минтақа, аз ҷумла бо истифода аз зарфиятҳои пурраи пойгоҳи низомии 201-уми Русия дар бахшҳои низомӣ ва низомиву фаннӣ ҳамкории фаъол дошта бошанд. Ба гуфтаи мудири бахши Осиёи Марказии Маркази пажӯҳишҳои пасошӯравии Пажӯҳишгоҳи иқтисоди ҷаҳонӣ ва равобити байналмилалии Академияи илмҳои Русия Станислав Притчин, ин аз асноди имзошуда дар ҷараёни сафари давлатии Владимир Путин ба Тоҷикистон равшан аст. Притчин дар сӯҳбат бо хабарнигори Sputnik Тоҷикистон дар ин бора изҳори андеша кард.Вай ёдовар шуд, ки то авоили солҳои 2000-ум пойгоҳи Русия дар Тоҷикистон як масъалаи калидӣ ва муҳими амнияти ин ҷумҳурӣ: ҳифзи марз бо Афғонистон, ки беш аз 1300 километр тӯл кашида, аз заминҳои кӯҳистонӣ мегузарад, бар ӯҳда дошт. Аз авоили солҳои 2000-ум Тоҷикистон мустақилона марзи худро ҳифз мекунад, аммо вазъ дар Афғонистони ҳамсоя ноустувор боқӣ мондааст ва гурӯҳҳои тундрав дар инзиво кӯшиш мекунанд, ки аз имконот барои убури марз истифода кунанд. Путин гуфт, пойгоҳи низомии Русия дар Тоҷикистон кафили амнияти Осиёи Марказӣ астБа гуфтаи Притчин, аз ин рӯ, ҳузури як пойгоҳи бузурги низомӣ кафили муҳими амният дар марзҳои ҷанубии на танҳо Тоҷикистон, балки тамоми Осиёи Марказӣ буд. Ба гуфтаи ӯ, дар шароити феълӣ ниёз ба чунин иншооти низомӣ дар минтақа боқӣ мемонад. Вай ҳамчунин аз пойгоҳи ҳавоии Кант дар Қирғизистон ва баргузории машқҳои мунтазами низомӣ дар сурати таҳдидҳои низомӣ дар минтақаи Осиёи Марказӣ ёдовар шуд. "Тааҷҷубовар нест, ки бархе аз созишномаҳои имзошуда (дар ҷараёни сафари давлатии президенти Русия ба Тоҷикистон – шарҳ аз идора) аз ҷумла ба ҳамкориҳо дар арсаи низомию техникӣ бахшида шуда буданд", - хулоса кард коршинос.Тибқи иттилои расмӣ, Пойгоҳи низомии 201-и мустақар дар Тоҷикистон бузургтарин иншооти низомии Русия берун аз марзи ин кишвар аст. Пойгоҳи низомӣ дар ду шаҳр: Душанбе ва Бохтар ҷойгир аст.
https://sputnik.tj/20250213/rusiya-tojikiston-samaranoki-poygoh-201-talosh-dorand-1066217124.html
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
2025
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
Хабарҳо
tg_TJ
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/07e5/07/14/1041019898_40:0:999:719_1920x0_80_0_0_ab27618f71900578d518bc3a7ba0f9f9.jpgSputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
пойгоҳи 201-уми русия, тоҷикистон
пойгоҳи 201-уми русия, тоҷикистон
Ҳузури пойгоҳи 201-уми Русия барои Тоҷикистон ва Осиёи Марказӣ чӣ маъно дорад?
16:57 12.10.2025 (Навсозишуда: 11:33 13.10.2025) Эксклюзив
Ба гуфтаи коршинос, ҳузури пойгоҳи низомии Русия муҳимтарин кафолати амният дар марзҳои ҷанубии на танҳо Тоҷикистон, балки тамоми Осиёи Марказӣ аст
ДУШАНБЕ, 12 окт — Sputnik. Русия ва Тоҷикистон қасд доранд, барои таҳкими амнияту субот дар минтақа, аз ҷумла бо истифода аз зарфиятҳои пурраи пойгоҳи низомии 201-уми Русия дар бахшҳои низомӣ ва низомиву фаннӣ ҳамкории фаъол дошта бошанд.
Ба гуфтаи мудири бахши Осиёи Марказии Маркази пажӯҳишҳои пасошӯравии Пажӯҳишгоҳи иқтисоди ҷаҳонӣ ва равобити байналмилалии Академияи илмҳои Русия Станислав Притчин, ин аз асноди имзошуда дар ҷараёни сафари давлатии Владимир Путин ба Тоҷикистон равшан аст.
Притчин дар сӯҳбат бо хабарнигори
Sputnik Тоҷикистон дар ин бора изҳори андеша кард.
Вай ёдовар шуд, ки то авоили солҳои 2000-ум пойгоҳи Русия дар Тоҷикистон як масъалаи калидӣ ва муҳими амнияти ин ҷумҳурӣ: ҳифзи марз бо Афғонистон, ки беш аз 1300 километр тӯл кашида, аз заминҳои кӯҳистонӣ мегузарад, бар ӯҳда дошт.
"Бо таваҷҷуҳ ба вазъи ниҳоят душвор дар Афғонистон дар солҳои 90-ум, аҳамияти пойгоҳи низомии Русия ва амнияти он дуруст буд. Якчанд ҳодисаҳои фоҷеаборе рух дод, ки танҳо ба шарофати ҷони марзбонони рус аз вуруди ҷангҷӯён ба Тоҷикистон ҷилавгирӣ шуд", - гуфт сиёсатшинос.
Аз авоили солҳои 2000-ум Тоҷикистон мустақилона марзи худро ҳифз мекунад, аммо вазъ дар Афғонистони ҳамсоя ноустувор боқӣ мондааст ва гурӯҳҳои тундрав дар инзиво кӯшиш мекунанд, ки аз имконот барои убури марз истифода кунанд.
Ба гуфтаи Притчин, аз ин рӯ, ҳузури як пойгоҳи бузурги низомӣ кафили муҳими амният дар марзҳои ҷанубии на танҳо Тоҷикистон, балки тамоми Осиёи Марказӣ буд.
Ба гуфтаи ӯ, дар шароити феълӣ ниёз ба чунин иншооти низомӣ дар минтақа боқӣ мемонад.
Вай ҳамчунин аз пойгоҳи ҳавоии Кант дар Қирғизистон ва баргузории машқҳои мунтазами низомӣ дар сурати таҳдидҳои низомӣ дар минтақаи Осиёи Марказӣ ёдовар шуд.
"Тааҷҷубовар нест, ки бархе аз созишномаҳои имзошуда (дар ҷараёни сафари давлатии президенти Русия ба Тоҷикистон – шарҳ аз идора) аз ҷумла ба ҳамкориҳо дар арсаи низомию техникӣ бахшида шуда буданд", - хулоса кард коршинос.
Тибқи иттилои расмӣ, Пойгоҳи низомии 201-и мустақар дар Тоҷикистон бузургтарин иншооти низомии Русия берун аз марзи ин кишвар аст. Пойгоҳи низомӣ дар ду шаҳр: Душанбе ва Бохтар ҷойгир аст.