Дар чаҳорчӯби сафари ҳайати Узбакистон баргузории форуми тиҷоративу иқтисодӣ ва сармоягузорӣ, намоишгоҳи маҳсулоту коло ва “Шоми дӯстии Ӯзбекистону Тоҷикистон” дар назар аст.
Бори охир Шавкат Мирзиёев, раиси ҷумҳури Ӯзбекистон, моҳи сентябри соли гузашта ба Тоҷикистон сафар карда буд. Ӯ дар мулоқоти машваратии сарони панҷ кишвари Осиёи Марказӣ ширкат дошт.
Сафари таърихии расмии Мирзиёев ба Тоҷикистон соли 2018 сурат гирифта буд. Сафари раисиҷумҳури Ӯзбекистон ба Душанбе он замон бори аввал баъд аз 25 соли танаффус сурат гирифта буд.