https://sputnik.tj/20210611/imzoi-yoddoshti-tafohum-tojikistonu-uzbekiston-muhojirat-tanzim-1040154874.html
Имзои Ёддошти тафоҳум: Тоҷикистону Ӯзбекистон муҳоҷирати меҳнатиро танзим хоҳанд кард
Имзои Ёддошти тафоҳум: Тоҷикистону Ӯзбекистон муҳоҷирати меҳнатиро танзим хоҳанд кард
Sputnik Тоҷикистон
Ёддошти тафоҳум миёни вазорати меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолии Тоҷикистон ва вазорати шуғл ва муносибатҳои меҳнатии Ӯзбекистон ба имзо расид
2021-06-11T13:20+0500
2021-06-11T13:20+0500
2021-06-11T13:48+0500
сафари раисҷумҳури ӯзбекистон шавкат мирзиёев ба тоҷикистон
дар тоҷикистон
муҳоҷират
ӯзбекистон
вазорати меҳнат
танзим
имзо
ёддошти тафоҳуми ҳамкорӣ
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/102942/75/1029427534_0:100:1921:1180_1920x0_80_0_0_1767b308ce96c2d84b47ec61df47e2c8.jpg
ДУШАНБЕ, 11 июн — Sputnik. Дар доираи сафари расмии Шавкат Мирзиёев, раисҷумҳури Ӯзбекистон ба Тоҷикистон ёддошти тафоҳум байни вазоратҳои умури муҳоҷирату шуғли аҳолии ду кишвар имзо шудаанд. Ба иттилои Вазорати меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолии Тоҷикистон, Ёддошти тафоҳум ҳамкориро дар самти такмили қонунгузорӣ дар соҳаи меҳнат ва шуғли аҳолӣ, таҳияи сиёсати фаъол дар бозори меҳнат, баланд бардоштани сифати қувваи корӣ, таҳия ва истифодаи стандартҳои касбӣ ва тахассусиро дар бар мегирад. Ҳамчунин омӯзиши касбии шахсони бекор ва корҷӯ мувофиқ ба талаботи бозори меҳнат, ташкил ва такмили кор дар самти назорат оид ба риояи қонунгузорӣ дар соҳаи меҳнат, назорати риояи ҳуқуқҳои муҳоҷирони меҳнатӣ аз ҷониби корфармоён, гузаронидани тадқиқотҳои муштарак ва ба роҳ мондани ҳамкорӣ дар самти таҳсилоти ибтидоии касбӣ аз нуктаҳои дигари ин санади имзошуда мебошанд. Ёдрас мешавем, ки Президенти Ӯзбекистон бо даъвати Эмомалӣ Раҳмон рӯзҳои 10 ва 11 июн дар Тоҷикистон қарор дорад. Дар доираи ин сафар Шавкат Мирзиёев аз вилояти Суғд низ боздид мекунад.Дар доираи ин сафар дар назар аст, раҳбарони Тоҷикистон ва Ӯзбекистон 30 созишномаро ба имзо расонанд.Аллакай гузориш шуда буд, ки Тоҷикистон ва Ӯзбекистон сода гардонидани ҳаракати мусофирон ва молҳоро омода мекунанд ва имкони фаъол кардани масирҳои нақлиёти автомобилӣ тавассути Тоҷикистон ба Чин баррасӣ шудааст.Қаблан хабар дода шуда буд, ки Тошканд ва Душанбе ният доранд савдои мутақобиларо аз 500 миллион доллари соли 2020 дар солҳои оянда ба 1 миллиард доллар расонанд.Онҳо умед доранд, ки тавассути сода кардани расмиёти савдо ва таъмини дастрасии мусоиди маҳсулот ба бозорҳои ду кишвар ба чунин натиҷаҳо ноил хоҳанд шуд.
https://sputnik.tj/20210611/emomali-rahmon-shavkat-mirziyoev-vorid-hujand-1040150984.html
ӯзбекистон
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
2021
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
Хабарҳо
tg_TJ
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/102942/75/1029427534_106:0:1813:1280_1920x0_80_0_0_e16c00bbde8fb7bf201ad7ea8ccff6ea.jpgSputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
тоҷикистон, ӯзбекистон, созишнома, ёддошти ттафоҳум, муҳоҷират
тоҷикистон, ӯзбекистон, созишнома, ёддошти ттафоҳум, муҳоҷират
Имзои Ёддошти тафоҳум: Тоҷикистону Ӯзбекистон муҳоҷирати меҳнатиро танзим хоҳанд кард
13:20 11.06.2021 (Навсозишуда: 13:48 11.06.2021) Ёддошти тафоҳум миёни вазорати меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолии Тоҷикистон ва вазорати шуғл ва муносибатҳои меҳнатии Ӯзбекистон ба имзо расид
ДУШАНБЕ, 11 июн — Sputnik. Дар доираи сафари расмии Шавкат Мирзиёев, раисҷумҳури Ӯзбекистон ба Тоҷикистон ёддошти тафоҳум байни вазоратҳои умури муҳоҷирату шуғли аҳолии ду кишвар имзо шудаанд.
Ба иттилои Вазорати меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолии Тоҷикистон, Ёддошти тафоҳум ҳамкориро дар самти такмили қонунгузорӣ дар соҳаи меҳнат ва шуғли аҳолӣ, таҳияи сиёсати фаъол дар бозори меҳнат, баланд бардоштани сифати қувваи корӣ, таҳия ва истифодаи стандартҳои касбӣ ва тахассусиро дар бар мегирад. Ҳамчунин омӯзиши касбии шахсони бекор ва корҷӯ мувофиқ ба талаботи бозори меҳнат, ташкил ва такмили кор дар самти назорат оид ба риояи қонунгузорӣ дар соҳаи меҳнат, назорати риояи ҳуқуқҳои муҳоҷирони меҳнатӣ аз ҷониби корфармоён, гузаронидани тадқиқотҳои муштарак ва ба роҳ мондани ҳамкорӣ дар самти таҳсилоти ибтидоии касбӣ аз нуктаҳои дигари ин санади имзошуда мебошанд.
Ёдрас мешавем, ки Президенти Ӯзбекистон бо даъвати Эмомалӣ Раҳмон рӯзҳои 10 ва 11 июн дар Тоҷикистон қарор дорад.
Дар доираи ин сафар Шавкат Мирзиёев аз вилояти Суғд низ боздид мекунад.
Дар доираи ин сафар дар назар аст, раҳбарони Тоҷикистон ва Ӯзбекистон 30 созишномаро ба имзо расонанд.
Аллакай гузориш шуда буд, ки Тоҷикистон ва Ӯзбекистон сода гардонидани ҳаракати мусофирон ва молҳоро омода мекунанд ва имкони фаъол кардани масирҳои нақлиёти автомобилӣ тавассути Тоҷикистон ба Чин баррасӣ шудааст.
Қаблан хабар дода шуда буд, ки Тошканд ва Душанбе ният доранд савдои мутақобиларо аз 500 миллион доллари соли 2020 дар солҳои оянда ба 1 миллиард доллар расонанд.
Онҳо умед доранд, ки тавассути сода кардани расмиёти савдо ва таъмини дастрасии мусоиди маҳсулот ба бозорҳои ду кишвар ба чунин натиҷаҳо ноил хоҳанд шуд.