https://sputnik.tj/20210610/rahmon-mirziyoev-ordeni-zarrintoj-1040144370.html
Раҳмон ба Мирзиёев Ордени “Зарринтоҷ” дод
Раҳмон ба Мирзиёев Ордени “Зарринтоҷ” дод
Sputnik Тоҷикистон
Дар Душанбе маросими супоридани мукофоти давлатии Тоҷикистон Ордени “Зарринтоҷ” дараҷаи I ба Президенти Ӯзбекистон Шавкат Мирзиёев баргузор шуд
2021-06-10T19:24+0500
2021-06-10T19:24+0500
2021-06-10T20:21+0500
сафари раисҷумҳури ӯзбекистон шавкат мирзиёев ба тоҷикистон
дар тоҷикистон
душанбе
ӯзбекистон
мукофот
орден
шавкат мирзиёев
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/07e5/06/0a/1040145371_0:106:2047:1257_1920x0_80_0_0_c5205f117fc892f752c69c95df8862e0.jpg
ДУШАНБЕ, 10 июн — Sputnik. Дар маҷмааи давлатии “Кохи Борбад” дар доираи сафари расмии Президенти Ӯзбекистон дар Тоҷикистон бо Фармони Эмомалӣ Раҳмон раисҷумҳури Тоҷикистон Шавкат Мирзиёев, роҳбари Ӯзбекистон “Барои хизматҳои шоён барои таҳкими муносибатҳои байнидавлатӣ, тавсеаи робитаҳои дӯстона ва ҳусни ҳамҷаворӣ миёни халқҳои тоҷик ва ӯзбек, рушди ҳамкориҳои мутақобилан судманди тиҷоратию иқтисодӣ ва фарҳангию гуманитарӣ миёни Тоҷикистон ва Ӯзбекистон” мукофоти олии давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон супурда шуд. Тибқи иттилои дафтари матбуоти раисҷумҳури Тоҷикистон Ордени “Зарринтоҷ” дараҷаи I ба Президенти Ӯзбекистон дар вазъияти тантанавӣ супорида шуд.Ёдрас мешавем, ки сафари Мирзиёев дурӯза буда, интизор меравад, ки сарони ду давлат барои омӯхтани зарфиятҳои тиҷоративу иқтисодии вилояти Суғд ба шимоли кишвар сафар кунанд.Дар доираи ин сафар дар назар аст, раҳбарони Тоҷикистон ва Ӯзбекистон 30 созишномаро ба имзо расонанд.Аллакай гузориш шуда буд, ки Тоҷикистон ва Ӯзбекистон содагардонидани ҳаракати мусофирон ва молҳоро омода мекунанд ва имкони фаъол кардани масирҳои нақлиёти автомобилӣ тавассути Тоҷикистон ба Чин баррасӣ шудааст.Қаблан хабар дода шуда буд, ки Тошканд ва Душанбе ният доранд савдои мутақобиларо аз 500 миллион доллари соли 2020 дар солҳои оянда ба 1 миллиард доллар расонанд.Онҳо умед доранд, ки тавассути сода кардани расмиёти савдо ва таъмини дастрасии мусоиди маҳсулот ба бозорҳои ду кишвар ба чунин натиҷаҳо ноил хоҳанд шуд.
https://sputnik.tj/20210610/26-tafovuqi-rahmonu-mirziyoev-tojikiston-1040140181.html
душанбе
ӯзбекистон
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
2021
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
Хабарҳо
tg_TJ
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/07e5/06/0a/1040145371_115:0:1932:1363_1920x0_80_0_0_5d2856acef4749f2aa546250ca1066cb.jpgSputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
тоҷикистон, ӯзбекистон, орден, раҳмон, мирзиёев, супоридан
тоҷикистон, ӯзбекистон, орден, раҳмон, мирзиёев, супоридан
Раҳмон ба Мирзиёев Ордени “Зарринтоҷ” дод
19:24 10.06.2021 (Навсозишуда: 20:21 10.06.2021) Дар Душанбе маросими супоридани мукофоти давлатии Тоҷикистон Ордени “Зарринтоҷ” дараҷаи I ба Президенти Ӯзбекистон Шавкат Мирзиёев баргузор шуд
ДУШАНБЕ, 10 июн — Sputnik. Дар маҷмааи давлатии “Кохи Борбад” дар доираи сафари расмии Президенти Ӯзбекистон дар Тоҷикистон бо Фармони Эмомалӣ Раҳмон раисҷумҳури Тоҷикистон Шавкат Мирзиёев, роҳбари Ӯзбекистон “Барои хизматҳои шоён барои таҳкими муносибатҳои байнидавлатӣ, тавсеаи робитаҳои дӯстона ва ҳусни ҳамҷаворӣ миёни халқҳои тоҷик ва ӯзбек, рушди ҳамкориҳои мутақобилан судманди тиҷоратию иқтисодӣ ва фарҳангию гуманитарӣ миёни Тоҷикистон ва Ӯзбекистон” мукофоти олии давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон супурда шуд.
Тибқи иттилои дафтари матбуоти раисҷумҳури Тоҷикистон Ордени “Зарринтоҷ” дараҷаи I ба Президенти Ӯзбекистон дар вазъияти тантанавӣ супорида шуд.
Ёдрас мешавем, ки сафари Мирзиёев дурӯза буда, интизор меравад, ки сарони ду давлат барои омӯхтани зарфиятҳои тиҷоративу иқтисодии вилояти Суғд ба шимоли кишвар сафар кунанд.
Дар доираи ин сафар дар назар аст, раҳбарони Тоҷикистон ва Ӯзбекистон 30 созишномаро ба имзо расонанд.
Аллакай гузориш шуда буд, ки Тоҷикистон ва Ӯзбекистон содагардонидани ҳаракати мусофирон ва молҳоро омода мекунанд ва имкони фаъол кардани масирҳои нақлиёти автомобилӣ тавассути Тоҷикистон ба Чин баррасӣ шудааст.
Қаблан хабар дода шуда буд, ки Тошканд ва Душанбе ният доранд савдои мутақобиларо аз 500 миллион доллари соли 2020 дар солҳои оянда ба 1 миллиард доллар расонанд.
Онҳо умед доранд, ки тавассути сода кардани расмиёти савдо ва таъмини дастрасии мусоиди маҳсулот ба бозорҳои ду кишвар ба чунин натиҷаҳо ноил хоҳанд шуд.