https://sputnik.tj/20210612/mushorikat-strategi-rahmon-mirziyoev-1040173780.html
“Мушорикати стратегӣ”: Раҳмону Мирзиёев ба куҷо расиданду расиданиянд?
“Мушорикати стратегӣ”: Раҳмону Мирзиёев ба куҷо расиданду расиданиянд?
Sputnik Тоҷикистон
Сафари Шавкат Мирзиёев як гуна муаррифии равобити Тоҷикистону Ӯзбекистондар пайи ба қудрат расидани ӯ ва поягузории мушорикати стратегии ин ду кишвари Осиёи Марказӣ буд
2021-06-12T11:01+0500
2021-06-12T11:01+0500
2021-07-21T14:04+0500
сафари раисҷумҳури ӯзбекистон шавкат мирзиёев ба тоҷикистон
дар тоҷикистон
эмомалӣ раҳмон
ӯзбекистон
шавкат мирзиёев
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/07e5/06/0a/1040133261_176:514:2901:2047_1920x0_80_0_0_b8566b528559138131b706922541e3e4.jpg
ДУШАНБЕ, 12 июн – Sputnik. Ҳам ӯ ва ҳам ҳамтои тоҷикаш Эмомалӣ Раҳмон, ки дар анҷоми мулоқоту ҷаласаҳои расмии ҳайатҳо, дар Қасри миллат, дафтари кории Президенти Тоҷикистон, ҳатто маҳфили базму таронаи “Шоми дӯстӣ”, дар умум ҳар ҷо, ки суҳбат мекарданд, аз дастовардҳои 5 соли ахири равобити кишварҳояшон эҳсосӣ ба назар мерасиданд.Равобити ду кишвари соҳибистиқлол реша дар Созишномаи дӯстии абадӣ миёни Тоҷикистону Ӯзбекистон аз 15 июни соли 2000 дорад, ки дар замони сари қудрат будани Ислом Каримов, президенти аввалини Ӯзбекистон ба имзо расида буд, аммо меваи ончуноне ба бор наовард.Санаде, ки заминаи равобити даврони ҷадиди ду кишварро ба як гармии бесобиқа расонд, Шартномаи шарикии стратегӣ миёни Тоҷикистону Ҷумҳурии Ӯзбекистон аз 17 августи соли 2018 аст. Шавкат Мирзиёев 9-10 марти 2018 ба Тоҷикистон ва Эмомалӣ Раҳмон 17-18 августи 2018 ба Ӯзбекистон сафари давлатӣ анҷом доданд. Дар пайи онҳо тавофуқоте сиёсӣ, тиҷоратӣ-иқтисодӣ, фарҳангӣ-башарӣ ва ғайра ҳосил шуд, ки фазои муносибатҳои ду кишварро дигаргун кард.Ҳоло мурур мекунем ба тағйироте, ки дар ин миён ба вуҷуд омад ва аз забони президентҳои ду кишвар зимни як изҳороти муштарак ва суҳбатҳо дар дойираҳои гуногун баён шуданд. Ба забони арқомТағйироти куллиро қабл аз ҳама арқом ривоят мекунанд. Сафари расмии Шавкат Мирзиёев бо имзои 36 санади нави ҳамкорӣ, ки соҳоти энергетика, нақлиёт, мошинсозӣ, техникаи электронӣ, саноати истихроҷи маодини куҳӣ ва сабук, илм, маориф, варзиш ва ғайраро дарбар мегиранд, миёни Тоҷикистону Ӯзбекистон ба анҷом расид. Ин ҳам бар иловаи 56 санади ҳамкориҳоест, ки тайи ду сафари президентҳо дар Душанбеву Тошканд соли 2018 ба имзо расида буданд. Ба ҳамин минвол, теъдоди санадҳо дар фароварди се соли ахир ба 92 адад баробар шуд.Ҳазинаи созишномаҳои байниҳукуматӣ, лоиҳаҳо ва қарордодҳои тиҷоратӣ, ки ҳангоми ин сафари Шавкат Мирзиёев ба Тоҷикистон ба имзо расидаанд, аз ҷумла ҳамкорӣ дар соҳаи саноат ва технологияҳои нав, саноати куҳӣ, таъсиси ҷамъияти саҳҳомии муштараки сохтмони нерӯгоҳҳои барқи обӣ рӯи рудхонаи Зарафшонбо иқтидори тақрибии 320 мегават, транзити молу коло ва ғайра беш аз 1 миллион доллар ҳисоб мешавад. Ширкати сармоягузории Тоҷикистону Ӯзбекистон, ки барои эҳё ва пешбурди лоиҳаҳои ҳамкориҳои саноатӣ таъсис ёфт, 50 миллион доллари ИМА сармояи оинномавӣ дорад.Теъдоди корхонаҳои муштарак тайи се соли ахир 8 маротиба афзуда, имрӯз ба 200 адад расидааст. Яке аз ин корхонаҳои муштарак, ки дар Душанбе ба тавлиди электроникаи маишӣ машғул аст, "Артел Авесто Электроникс" буда, муваффақтарини ширкатҳои муштараки ду кишвар ба шумор меояд. Агар дар соли 2017 году гардиши мол миёни ду кишвар 70 миллион доллар буд, дар соли сахтиҳову маҳдудиятҳо дар пайи пандемияи COVID-19 ба 500 миллион доллар расид. Дар умум, тайи шаш соли охир ҳаҷми мубодилаи мол миёни кишварҳо сӣ маротиба афзоиш ёфтааст.Ҳамзамон протоколҳо дар бораи ворид кардани тағйиру иловаҳо ба Созишнома дар мавриди таҳияи мутақобили замин барои намояндагиҳои дипломатӣ, дар бораи ворид кардани иловаҳо ба Созишномаи рафтуомади мутақобили шаҳрвандон, барномаҳои ҳамкорӣ миёни мақомоти умури хориҷии ду кишвар, “Харитаи роҳ” – и рушди минбаъдаи ҳамкорӣ дар соҳаи кишоварзӣ ба имзо расиданд.Дар бораи равобити фарҳангиву башарӣ ин нукта зикр мешавад, ки барои аввалин бор рӯзҳои кинои ӯзбекӣ дар Тоҷикистон баргузор шуда, ба ҳамин қарибӣ дар водии Фарғона ҷавонони ду кишвар дар водии Фарғона як ҳамоиш барпо хоҳанд кард.Ту маро, ман туроДар арсаи сиёсӣ Тоҷикистону Ӯзбекистон ба хотири тақвияти мавқеи якдигар дар сиёсатҳои минтақаиву байнулмилалӣ аз ташаббусҳои ҷонибҳо пуштибонӣ кардаанду мекунанд. Қабл аз ҳама барои ин ду кишвар қазияи ҳамсояашон Афғонистон, бахусус пас аз хуруҷи нерӯҳои эътилофи байналмилалӣ дар соли 2021, ҷойгоҳи истисноӣ хоҳад дошт. Тошканд барои ташвиқи муколамаи байниафғонӣ дар майдони худ солҳо ба ин сӯ талош мекунад. Шавкат Мирзиёев дар иҷлосияи 75-уми Маҷмаи Умумии СММ пешниҳод кард, ки дар Созмони Милали Муттаҳид Кумитаи доимии Афғонистон таъсис ёбад. Эмомалӣ Раҳмон аз ин талошҳо ва пешниҳоди ҳамтои ӯзбекаш пуштибонӣ кард.Президенти Ӯзбекистон ба ҷаласаи вазирони корҳои хориҷии “Қалби Осиё - Раванди Истанбул”, ки 29 - 30 марти 2021 дар Душанбе баргузор гардид, инчунин ба ташаббуси Тоҷикистон дар бораи дар сатҳи вазирони корҳои хориҷӣ баргузор намудани ҷаласаи навбатии Гурӯҳи тамоси “СҲШ - Афғонистон”, ки 13-14 июли 2021 дар Душанбе барпо хоҳад шуд, баҳои баланд дод.Дар навбати худ, Шавкат Мирзиёев ташаббусҳои “обӣ” – и Тоҷикистон - “Конфронси СММ оид ба бознигарии миёнамуддати фарогири ҳадафҳои Даҳсолаи байналмилалии амал “Об барои рушди устувор” - 2018-2028”, ҳамчунин эълон намудани соли 2025 ҳамчун Соли байналмилалии ҳифзи пиряхҳо ва таъсиси Бунёди махсуси байналмилалии ҳифзи пиряхҳоро ҷонибдорӣ кард.Тоҷикистону Ӯзбекистонро як мушкили муштараки дигар- баҳри Арал муттаҳид мекунад. Ҳоло раёсати Бунёди байналмилалии наҷоти Аралро, ки барои ҳалли мушкилоти иҷтимоию иқтисодӣ, идоракунии об ва экологияи ҳавзаи ин баҳр эҷод шудааст, Тоҷикистон ба зимма дорад. Ӯзбекистон идомаи раёсати он дар ин Бунёдро дастгирӣ кард.Ба навбаи худ, Эмомалӣ Раҳмон аз ташаббуси ҳамтои ӯзбекаш дар мавриди қатъномаи Маҷмаи Умумии СММ, ки минтақаи назди Арал ҳамчун минтақаи корбурди навовариҳо ва технологияҳои экологӣ эълон шавад, истиқбол намуд.Ду кишвар ба ҷуз Созмони Милали Муттаҳид, аъзои Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил, Созмони ҳамкории Шонгҳой, Созмони ҳамкории исломӣ, Созмони ҳамкории иқтисодӣ, Созмони амният ва ҳамкорӣ дар Аврупо, Машварати ҳамкорӣ ва тадбирҳои эътимодсозӣ дар Осиё ва дигар ташкилоту форумҳои байналмилалӣ ҳастанд.Тоҷикистон аз номзадии Ӯзбекистон барои интихоб шудан дар Шӯрои иқтисодӣ ва иҷтимоии СММ барои солҳои 2025-2027, узвият дар Кумитаи ҳуқуқи башари СММ барои солҳои 2025-2028 ва Ӯзбекистон номзадии Тоҷикистон дар интихоб шудан ба узвияти ғайридоимии Шӯрои Амнияти СММ барои солҳои 2028-2029 – ро дастгирӣ мекунанд.Ниҳоят, Ӯзбекистон раёсати Тоҷикистон дар Созмони ҳамкории Шанхай дар солҳои 2020-2021 ва Тоҷикистон баргузории Конфронси байналмилалии "Осиёи Марказӣ ва Ҷанубӣ: иртиботи мутақобилаи минтақавӣ. Чолишҳо ва имкониятҳо" дар моҳи июли соли 2021 дар Тошкандро ҷонибдорӣ карданд.Дар сатҳи Осиёи Марказӣ Тоҷикистону Ӯзбекистон ба хотири ташаккули фазои нави ҳамкорӣ бар ин боваранд, ки Вохӯрии машваратии навбатии Сарони давлатҳои Осиёи Марказӣ баргузор ва замону макони он дар соли 2021 муайян шавад.Ту ба ман, ман ба туДар ин миён ду кишвар кӯмаку тарҳҳоеро ба масобаи туҳфа ва нишонаи эҳтироми тарафайн низ фаромӯш накарданд. Дар замони авҷи пандемияи COVID – 19 дар моҳҳои апрел – майи соли 2020 Ӯзбекистон ба Тоҷикистон нахуст лавозимоту таҷҳизоти тиббӣ ва як гуруҳи пизишконашро равон кард. Баъдтар "UzAuto" ба парки мошинҳои ёрии таъҷилии вазорати тандурустии Тоҷикистон мошинҳои ёрии таъҷилии тиббии тамғаи "Damas" туҳфа намуд. Кӯмаки дигари Ӯзбекистон як беморхонаи сайёри муваққатӣ иборат аз 144 контейнер дар варзишгоҳи "Бофанда" - и шаҳри Душанбе буд, ки 984 кати хоб дошт.1 майи ҳамон сол сарбанди обанбори Сардоба дар вилояти Сирдарёи Ӯзбекистон фурӯ рафт. 20 май Тоҷикистон 51 вагон масолеҳи сохтмонӣ, аз қабили семент, бомпуш (шифер), рангу мехро ба маҳалли ҳодиса фиристод.Соли 2020 дар ноҳияи Спитамени вилояти Суғд як мактаби нав барои 630 талаба аз сӯи Ӯзбекистон сохта ба истифода дода шуд.10 июни соли 2021 тариқи онлайн як маҷмааи тиббӣ дар ноҳияи Қубодиёни вилояти Хатлони Тоҷикистон бо пули Ӯзбекистон бо 200 кат ва як мактаби таҳсилоти умумӣ дар ноҳияи Ургути вилояти Самарқанди Ӯзбекистон бо 640 ҷойи нишаст бо пули Тоҷикистон ифтитоҳ шуданд.Тоҷикистон ба ҳамин қарибӣ дар шаҳри Риштони вилояти Фарғона сохтмони як муассисаи томактабиро барои 200 нафар низ ба анҷом мерасонад.Умумӣ дар умури ҳассосБарои тақвияти мушорикати стратегӣ сарони ду кишвар бар рушди робитаҳои байнипарлумонӣ, "дипломатияи парлумонӣ", ҳамкорӣ дар соҳаи тиҷоративу иқтисодӣ, фароҳам овардани шароити мусоид ва рафъи монеаҳо дар савдои мутақобила, ҳамкорӣ дар самти ташкили корхонаҳои муштарак барои коркарди ашёи хоми маҳаллӣ, истифодаи маҷмӯӣ ва мутақобилан судманди захираҳои обӣ ва энергетикии Осиёи Марказӣ таъкид карданд.Ҳамзамон истеҳсоли маҳсулоти ба содирот нигаронидашуда ва воридотивазкунанда, аз ҷумла рушди кластерҳои агросаноатӣ ва саноатӣ, робитаҳои байниминтақавӣ, нақлиёт ва коммуникатсияи нақлиётӣ, баланд бардоштани ҷаззобияти Осиёи Марказӣ ҳамчун долони манфиатбахш ва муассири транзитӣ дар минтақа мавзуоти хосси мавриди назари сарони кишварҳо буд.Дар ҳамин ҳол, ҷонибҳо ба як қатор масоили ҳассоси ҳаётӣ низ ишорат карданд, ки бар мушорикати стратегии онҳо тақвият медиҳад. Қабл аз ҳама, ин барқароршавии хатсайрҳои нақлиётии автобусҳо, роҳи оҳан ва ҳавоӣ байни шаҳрҳои ду кишвар аст, ки ба афзоиши раванди интиқоли бор, мусофирон ва сайёҳон миёни Тоҷикистону Ӯзбекистон мусоидат мекунад.Ин ҳама дар замони истиқлолият ба таври қобили мулоҳиза коҳиш ёфта буданд ва солҳои ахир аз ҷой такон хӯрданд.Ҳамчунин таъкид бар қаробати фарҳангӣ ва шабоҳати анъанаҳои мардумони тоҷику ӯзбек ба манзури густариши ҳамкориҳо дар соҳаи фарҳангию гуманитарӣ, ки фароҳам овардани шароити зарурӣ барои рушди матбуоти даврӣ ва нашри китобҳо ба забонҳои тоҷикиву ӯзбекиро низ дар назар дорад, ишораи мулоим ба ҳалли масоили миллӣ дар дохили кишварҳост.Мавзӯъи дигари ҳассос ба таъйин ва аломатгузории марзҳо рабт мегирад. Сарони кишварҳо ин мавзӯъро бо аҳамияти таърихӣ доштани Шартномаи қитъаҳои алоҳидаи Сарҳади давлатии Тоҷикистон ва Ӯзбекистон, ки 9 марти соли 2018 дар Душанбе ба имзо расидааст, ишора карданд ва идомаи гуфтушуниди созанда роҷеъ ба аломатгузории Сарҳади давлатиро муҳим шумурданд.Чолишҳои дигаре, ки ҳарду кишвар ба онҳо рӯбарӯянд, аз қабили терроризми байналмилалӣ, ифротгароӣ, тундгароии динӣ, гардиши ғайриқонунии маводди мухаддир, инчунин ҷинояткории муташаккилонаи фаромиллӣ ва киберҷиноятҳо, дар умум таъмини амният дар минтақа, аз авлавиятҳои калидӣ дониста ва бар ҳамкории хадамотҳои махсус, мақомоти ҳифзи ҳуқуқ ва дигар сохторҳои дахлдор таъкид шуд.Аммо ба гунаи умумӣ. Шояд нахостанд табъи худу ҷомиаро дар баробари ин ҳама шукӯҳу давтовардҳо хира кунанд.
https://sputnik.tj/20210611/tijorat-energetika-dusti-tojikistonu-uzbekistonro-1040169835.html
https://sputnik.tj/20210611/voqea-tarih-tarif-rahmon-safar-mirziyoev-hujand-1040155811.html
https://sputnik.tj/20210610/26-tafovuqi-rahmonu-mirziyoev-tojikiston-1040140181.html
https://sputnik.tj/20210610/tojikistonu-uzbakiston-avtomobil-istehsol-1040129443.html
https://sputnik.tj/20210610/dushanbe-toshkand-bunyodi-du-nerugohi-obi-1040137980.html
https://sputnik.tj/20210610/tojikiston-samarqand-maktab-majmaai-tandurusti-1040135998.html
ӯзбекистон
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
2021
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
Хабарҳо
tg_TJ
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/07e5/06/0a/1040133261_345:351:2606:2047_1920x0_80_0_0_6820ec921032676ac6cb1698d370d503.jpgSputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
раҳмону мирзиёев ҳамкорӣ тоҷикистон
раҳмону мирзиёев ҳамкорӣ тоҷикистон
ДУШАНБЕ, 12 июн – Sputnik. Ҳам ӯ ва ҳам ҳамтои тоҷикаш Эмомалӣ Раҳмон, ки дар анҷоми мулоқоту ҷаласаҳои расмии ҳайатҳо, дар Қасри миллат, дафтари кории Президенти Тоҷикистон, ҳатто маҳфили базму таронаи “Шоми дӯстӣ”, дар умум ҳар ҷо, ки суҳбат мекарданд, аз дастовардҳои 5 соли ахири равобити кишварҳояшон эҳсосӣ ба назар мерасиданд.
Равобити ду кишвари соҳибистиқлол реша дар Созишномаи дӯстии абадӣ миёни Тоҷикистону Ӯзбекистон аз 15 июни соли 2000 дорад, ки дар замони сари қудрат будани Ислом Каримов, президенти аввалини Ӯзбекистон ба имзо расида буд, аммо меваи ончуноне ба бор наовард.
Санаде, ки заминаи равобити даврони ҷадиди ду кишварро ба як гармии бесобиқа расонд, Шартномаи шарикии стратегӣ миёни Тоҷикистону Ҷумҳурии Ӯзбекистон аз 17 августи соли 2018 аст.
Шавкат Мирзиёев 9-10 марти 2018 ба Тоҷикистон ва Эмомалӣ Раҳмон 17-18 августи 2018 ба Ӯзбекистон сафари давлатӣ анҷом доданд. Дар пайи онҳо тавофуқоте сиёсӣ, тиҷоратӣ-иқтисодӣ, фарҳангӣ-башарӣ ва ғайра ҳосил шуд, ки фазои муносибатҳои ду кишварро дигаргун кард.
Ҳоло мурур мекунем ба тағйироте, ки дар ин миён ба вуҷуд омад ва аз забони президентҳои ду кишвар зимни як изҳороти муштарак ва суҳбатҳо дар дойираҳои гуногун баён шуданд.
Тағйироти куллиро қабл аз ҳама арқом ривоят мекунанд. Сафари расмии Шавкат Мирзиёев бо имзои 36 санади нави ҳамкорӣ, ки соҳоти энергетика, нақлиёт, мошинсозӣ, техникаи электронӣ, саноати истихроҷи маодини куҳӣ ва сабук, илм, маориф, варзиш ва ғайраро дарбар мегиранд, миёни Тоҷикистону Ӯзбекистон ба анҷом расид.
Ин ҳам бар иловаи 56 санади ҳамкориҳоест, ки тайи ду сафари президентҳо дар Душанбеву Тошканд соли 2018 ба имзо расида буданд. Ба ҳамин минвол, теъдоди санадҳо дар фароварди се соли ахир ба 92 адад баробар шуд.
Ҳазинаи созишномаҳои байниҳукуматӣ, лоиҳаҳо ва қарордодҳои тиҷоратӣ, ки ҳангоми ин сафари Шавкат Мирзиёев ба Тоҷикистон ба имзо расидаанд, аз ҷумла ҳамкорӣ дар соҳаи саноат ва технологияҳои нав, саноати куҳӣ, таъсиси ҷамъияти саҳҳомии муштараки сохтмони нерӯгоҳҳои барқи обӣ рӯи рудхонаи Зарафшонбо иқтидори тақрибии 320 мегават, транзити молу коло ва ғайра беш аз 1 миллион доллар ҳисоб мешавад.
Ширкати сармоягузории Тоҷикистону Ӯзбекистон, ки барои эҳё ва пешбурди лоиҳаҳои ҳамкориҳои саноатӣ таъсис ёфт, 50 миллион доллари ИМА сармояи оинномавӣ дорад.
Теъдоди корхонаҳои муштарак тайи се соли ахир 8 маротиба афзуда, имрӯз ба 200 адад расидааст. Яке аз ин корхонаҳои муштарак, ки дар Душанбе ба тавлиди электроникаи маишӣ машғул аст, "Артел Авесто Электроникс" буда, муваффақтарини ширкатҳои муштараки ду кишвар ба шумор меояд.
Агар дар соли 2017 году гардиши мол миёни ду кишвар 70 миллион доллар буд, дар соли сахтиҳову маҳдудиятҳо дар пайи пандемияи COVID-19 ба 500 миллион доллар расид. Дар умум, тайи шаш соли охир ҳаҷми мубодилаи мол миёни кишварҳо сӣ маротиба афзоиш ёфтааст.
Ҳамзамон протоколҳо дар бораи ворид кардани тағйиру иловаҳо ба Созишнома дар мавриди таҳияи мутақобили замин барои намояндагиҳои дипломатӣ, дар бораи ворид кардани иловаҳо ба Созишномаи рафтуомади мутақобили шаҳрвандон, барномаҳои ҳамкорӣ миёни мақомоти умури хориҷии ду кишвар, “Харитаи роҳ” – и рушди минбаъдаи ҳамкорӣ дар соҳаи кишоварзӣ ба имзо расиданд.
Дар бораи равобити фарҳангиву башарӣ ин нукта зикр мешавад, ки барои аввалин бор рӯзҳои кинои ӯзбекӣ дар Тоҷикистон баргузор шуда, ба ҳамин қарибӣ дар водии Фарғона ҷавонони ду кишвар дар водии Фарғона як ҳамоиш барпо хоҳанд кард.
Дар арсаи сиёсӣ Тоҷикистону Ӯзбекистон ба хотири тақвияти мавқеи якдигар дар сиёсатҳои минтақаиву байнулмилалӣ аз ташаббусҳои ҷонибҳо пуштибонӣ кардаанду мекунанд. Қабл аз ҳама барои ин ду кишвар қазияи ҳамсояашон Афғонистон, бахусус пас аз хуруҷи нерӯҳои эътилофи байналмилалӣ дар соли 2021, ҷойгоҳи истисноӣ хоҳад дошт.
Тошканд барои ташвиқи муколамаи байниафғонӣ дар майдони худ солҳо ба ин сӯ талош мекунад. Шавкат Мирзиёев дар иҷлосияи 75-уми Маҷмаи Умумии СММ пешниҳод кард, ки дар Созмони Милали Муттаҳид Кумитаи доимии Афғонистон таъсис ёбад. Эмомалӣ Раҳмон аз ин талошҳо ва пешниҳоди ҳамтои ӯзбекаш пуштибонӣ кард.
Президенти Ӯзбекистон ба ҷаласаи вазирони корҳои хориҷии “Қалби Осиё - Раванди Истанбул”, ки 29 - 30 марти 2021 дар Душанбе баргузор гардид, инчунин ба ташаббуси Тоҷикистон дар бораи дар сатҳи вазирони корҳои хориҷӣ баргузор намудани ҷаласаи навбатии Гурӯҳи тамоси “СҲШ - Афғонистон”, ки 13-14 июли 2021 дар Душанбе барпо хоҳад шуд, баҳои баланд дод.
Дар навбати худ, Шавкат Мирзиёев ташаббусҳои “обӣ” – и Тоҷикистон - “Конфронси СММ оид ба бознигарии миёнамуддати фарогири ҳадафҳои Даҳсолаи байналмилалии амал “Об барои рушди устувор” - 2018-2028”, ҳамчунин эълон намудани соли 2025 ҳамчун Соли байналмилалии ҳифзи пиряхҳо ва таъсиси Бунёди махсуси байналмилалии ҳифзи пиряхҳоро ҷонибдорӣ кард.
Тоҷикистону Ӯзбекистонро як мушкили муштараки дигар- баҳри Арал муттаҳид мекунад. Ҳоло раёсати Бунёди байналмилалии наҷоти Аралро, ки барои ҳалли мушкилоти иҷтимоию иқтисодӣ, идоракунии об ва экологияи ҳавзаи ин баҳр эҷод шудааст, Тоҷикистон ба зимма дорад. Ӯзбекистон идомаи раёсати он дар ин Бунёдро дастгирӣ кард.
Ба навбаи худ, Эмомалӣ Раҳмон аз ташаббуси ҳамтои ӯзбекаш дар мавриди қатъномаи Маҷмаи Умумии СММ, ки минтақаи назди Арал ҳамчун минтақаи корбурди навовариҳо ва технологияҳои экологӣ эълон шавад, истиқбол намуд.
Ду кишвар ба ҷуз Созмони Милали Муттаҳид, аъзои Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил, Созмони ҳамкории Шонгҳой, Созмони ҳамкории исломӣ, Созмони ҳамкории иқтисодӣ, Созмони амният ва ҳамкорӣ дар Аврупо, Машварати ҳамкорӣ ва тадбирҳои эътимодсозӣ дар Осиё ва дигар ташкилоту форумҳои байналмилалӣ ҳастанд.
Тоҷикистон аз номзадии Ӯзбекистон барои интихоб шудан дар Шӯрои иқтисодӣ ва иҷтимоии СММ барои солҳои 2025-2027, узвият дар Кумитаи ҳуқуқи башари СММ барои солҳои 2025-2028 ва Ӯзбекистон номзадии Тоҷикистон дар интихоб шудан ба узвияти ғайридоимии Шӯрои Амнияти СММ барои солҳои 2028-2029 – ро дастгирӣ мекунанд.
Ниҳоят, Ӯзбекистон раёсати Тоҷикистон дар Созмони ҳамкории Шанхай дар солҳои 2020-2021 ва Тоҷикистон баргузории Конфронси байналмилалии "Осиёи Марказӣ ва Ҷанубӣ: иртиботи мутақобилаи минтақавӣ. Чолишҳо ва имкониятҳо" дар моҳи июли соли 2021 дар Тошкандро ҷонибдорӣ карданд.
Дар сатҳи Осиёи Марказӣ Тоҷикистону Ӯзбекистон ба хотири ташаккули фазои нави ҳамкорӣ бар ин боваранд, ки Вохӯрии машваратии навбатии Сарони давлатҳои Осиёи Марказӣ баргузор ва замону макони он дар соли 2021 муайян шавад.
Дар ин миён ду кишвар кӯмаку тарҳҳоеро ба масобаи туҳфа ва нишонаи эҳтироми тарафайн низ фаромӯш накарданд. Дар замони авҷи пандемияи COVID – 19 дар моҳҳои апрел – майи соли 2020 Ӯзбекистон ба Тоҷикистон нахуст лавозимоту таҷҳизоти тиббӣ ва як гуруҳи пизишконашро равон кард.
Баъдтар "UzAuto" ба парки мошинҳои ёрии таъҷилии вазорати тандурустии Тоҷикистон мошинҳои ёрии таъҷилии тиббии тамғаи "Damas" туҳфа намуд. Кӯмаки дигари Ӯзбекистон як беморхонаи сайёри муваққатӣ иборат аз 144 контейнер дар варзишгоҳи "Бофанда" - и шаҳри Душанбе буд, ки 984 кати хоб дошт.
1 майи ҳамон сол сарбанди обанбори Сардоба дар вилояти Сирдарёи Ӯзбекистон фурӯ рафт. 20 май Тоҷикистон 51 вагон масолеҳи сохтмонӣ, аз қабили семент, бомпуш (шифер), рангу мехро ба маҳалли ҳодиса фиристод.
Соли 2020 дар ноҳияи Спитамени вилояти Суғд як мактаби нав барои 630 талаба аз сӯи Ӯзбекистон сохта ба истифода дода шуд.
10 июни соли 2021 тариқи онлайн як маҷмааи тиббӣ дар ноҳияи Қубодиёни вилояти Хатлони Тоҷикистон бо пули Ӯзбекистон бо 200 кат ва як мактаби таҳсилоти умумӣ дар ноҳияи Ургути вилояти Самарқанди Ӯзбекистон бо 640 ҷойи нишаст бо пули Тоҷикистон ифтитоҳ шуданд.
Тоҷикистон ба ҳамин қарибӣ дар шаҳри Риштони вилояти Фарғона сохтмони як муассисаи томактабиро барои 200 нафар низ ба анҷом мерасонад.
Барои тақвияти мушорикати стратегӣ сарони ду кишвар бар рушди робитаҳои байнипарлумонӣ, "дипломатияи парлумонӣ", ҳамкорӣ дар соҳаи тиҷоративу иқтисодӣ, фароҳам овардани шароити мусоид ва рафъи монеаҳо дар савдои мутақобила, ҳамкорӣ дар самти ташкили корхонаҳои муштарак барои коркарди ашёи хоми маҳаллӣ, истифодаи маҷмӯӣ ва мутақобилан судманди захираҳои обӣ ва энергетикии Осиёи Марказӣ таъкид карданд.
Ҳамзамон истеҳсоли маҳсулоти ба содирот нигаронидашуда ва воридотивазкунанда, аз ҷумла рушди кластерҳои агросаноатӣ ва саноатӣ, робитаҳои байниминтақавӣ, нақлиёт ва коммуникатсияи нақлиётӣ, баланд бардоштани ҷаззобияти Осиёи Марказӣ ҳамчун долони манфиатбахш ва муассири транзитӣ дар минтақа мавзуоти хосси мавриди назари сарони кишварҳо буд.
Дар ҳамин ҳол, ҷонибҳо ба як қатор масоили ҳассоси ҳаётӣ низ ишорат карданд, ки бар мушорикати стратегии онҳо тақвият медиҳад. Қабл аз ҳама, ин барқароршавии хатсайрҳои нақлиётии автобусҳо, роҳи оҳан ва ҳавоӣ байни шаҳрҳои ду кишвар аст, ки ба афзоиши раванди интиқоли бор, мусофирон ва сайёҳон миёни Тоҷикистону Ӯзбекистон мусоидат мекунад.Ин ҳама дар замони истиқлолият ба таври қобили мулоҳиза коҳиш ёфта буданд ва солҳои ахир аз ҷой такон хӯрданд.
Ҳамчунин таъкид бар қаробати фарҳангӣ ва шабоҳати анъанаҳои мардумони тоҷику ӯзбек ба манзури густариши ҳамкориҳо дар соҳаи фарҳангию гуманитарӣ, ки фароҳам овардани шароити зарурӣ барои рушди матбуоти даврӣ ва нашри китобҳо ба забонҳои тоҷикиву ӯзбекиро низ дар назар дорад, ишораи мулоим ба ҳалли масоили миллӣ дар дохили кишварҳост.
Мавзӯъи дигари ҳассос ба таъйин ва аломатгузории марзҳо рабт мегирад. Сарони кишварҳо ин мавзӯъро бо аҳамияти таърихӣ доштани Шартномаи қитъаҳои алоҳидаи Сарҳади давлатии Тоҷикистон ва Ӯзбекистон, ки 9 марти соли 2018 дар Душанбе ба имзо расидааст, ишора карданд ва идомаи гуфтушуниди созанда роҷеъ ба аломатгузории Сарҳади давлатиро муҳим шумурданд.
Чолишҳои дигаре, ки ҳарду кишвар ба онҳо рӯбарӯянд, аз қабили терроризми байналмилалӣ, ифротгароӣ, тундгароии динӣ, гардиши ғайриқонунии маводди мухаддир, инчунин ҷинояткории муташаккилонаи фаромиллӣ ва киберҷиноятҳо, дар умум таъмини амният дар минтақа, аз авлавиятҳои калидӣ дониста ва бар ҳамкории хадамотҳои махсус, мақомоти ҳифзи ҳуқуқ ва дигар сохторҳои дахлдор таъкид шуд.
Аммо ба гунаи умумӣ. Шояд нахостанд табъи худу ҷомиаро дар баробари ин ҳама шукӯҳу давтовардҳо хира кунанд.