https://sputnik.tj/20240419/rahmon-mirziyoev-dushanbe-saforat-uzbekiston-1062560647.html
Раҳмону Мирзиёев дар Душанбе бинои нави сафорати Ӯзбекистонро кушоданд
Раҳмону Мирзиёев дар Душанбе бинои нави сафорати Ӯзбекистонро кушоданд
Sputnik Тоҷикистон
Муносибатҳои дипломатӣ байни Тоҷикистон ва Ӯзбекистон 22 октябри соли 1992 барқарор шуда, даҳсолаҳо боз сафоратхонаҳо дар Тошканду Душанбе фаъолият доранд
2024-04-19T14:44+0500
2024-04-19T14:44+0500
2024-04-19T19:26+0500
дар тоҷикистон
ӯзбекистон
бино
сафорат
намоянда
гузаргоҳ
эмомалӣ раҳмон
шавкат мирзиёев
сафари раисҷумҳури ӯзбекистон шавкат мирзиёев ба тоҷикистон
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/07e8/04/13/1062559936_0:67:1280:787_1920x0_80_0_0_3c4fc53587cea97d0285ecf8952dfc96.jpg
ДУШАНБЕ, 19 апр — Sputnik. Раисҷумҳури Тоҷикистон, Эмомалӣ Раҳмон ва ҳамтои ӯзбекистонияш, Шавкат Мирзиёев дар маросими ифтитоҳи бинои нави сафорати Ӯбекистон дар шаҳри Душанбе иштирок карданд.Сарони давлатҳо бо буридани лентаи рамзӣ бинои нави сафоратро мавриди баҳрабардорӣ қарор дода, ба ин муносибат сурудҳои миллии Тоҷикистон ва Ӯзбекистон садо дод.Сипас Раҳмону Мирзиёев дар китоби меҳмонони олимақом бо орзуву ниятҳои нек ба хотири таъмиқи муносибатҳои дӯстӣ, бародарӣ ва ҳамҷаворӣ байни ду кишвар соядаст гузоштанд, афзуд дафтари матбуоти президенти Тоҷикистон. Муносибатҳои дипломатӣ байни Тоҷикистон ва Ӯзбекистон 22 октябри соли 1992 барқарор шуда, даҳсолаҳо боз сафоратхонаҳо дар Тошканду Душанбе фаъолият доранд. Маврид ба зикр аст, ки чанде қабл Тоҷикистону Ӯзбекистон барои ҳамдигар дар пойтахтҳо заминҳо ҷудо карда буданд. Аз ҷумла ба ҷониби Ӯзбекистон дар шаҳри Душанбе 1,2 гектар замин ҷудо гардида буд. Ҳукумати Ӯзбекистон дар навбати худ барои Тоҷикистон дар буриши кӯчаҳои Зулфияхонум ва Себзори шаҳри Тошканд беш аз 1 гектар замин ироа намуд. Ҷониби Тоҷикистон низ аллакай ба сохтмони бинои сафораташ дар шаҳри Тошканд оғоз кардааст. Тибқи лоиҳа маҷмааи биноҳои сафорат аз қароргоҳи роҳбари намояндагӣ, бинои консулӣ, хонаҳои истиқоматӣ барои кормандон, толори зиёфату маҷлисгоҳ, гузаргоҳҳои назоратӣ, таваққуфгоҳ ва майдончаи варзишӣ иборат мебошад.
https://sputnik.tj/20240419/afzoishi-parvozu-nizomi-yagonai-energetiki-rahmon-mirziyoev-1062552977.html
ӯзбекистон
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
2024
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
Хабарҳо
tg_TJ
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/07e8/04/13/1062559936_72:0:1209:853_1920x0_80_0_0_30f5252d271e3da9332aef3edc4f0d35.jpgSputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
бино, нав, сафорат, ӯзбекистон, тоҷикистон, фаъолият, тошканд
бино, нав, сафорат, ӯзбекистон, тоҷикистон, фаъолият, тошканд
Раҳмону Мирзиёев дар Душанбе бинои нави сафорати Ӯзбекистонро кушоданд
14:44 19.04.2024 (Навсозишуда: 19:26 19.04.2024) Муносибатҳои дипломатӣ байни Тоҷикистон ва Ӯзбекистон 22 октябри соли 1992 барқарор шуда, даҳсолаҳо боз сафоратхонаҳо дар Тошканду Душанбе фаъолият доранд
ДУШАНБЕ, 19 апр — Sputnik. Раисҷумҳури Тоҷикистон, Эмомалӣ Раҳмон ва ҳамтои ӯзбекистонияш, Шавкат Мирзиёев дар маросими ифтитоҳи бинои нави сафорати Ӯбекистон дар шаҳри Душанбе иштирок карданд.
Сарони давлатҳо бо буридани лентаи рамзӣ бинои нави сафоратро мавриди баҳрабардорӣ қарор дода, ба ин муносибат сурудҳои миллии Тоҷикистон ва Ӯзбекистон садо дод.
Сипас Раҳмону Мирзиёев дар китоби меҳмонони олимақом бо орзуву ниятҳои нек ба хотири таъмиқи муносибатҳои дӯстӣ, бародарӣ ва ҳамҷаворӣ байни ду кишвар соядаст гузоштанд, афзуд дафтари матбуоти президенти Тоҷикистон.
Муносибатҳои дипломатӣ байни Тоҷикистон ва Ӯзбекистон 22 октябри соли 1992 барқарор шуда, даҳсолаҳо боз сафоратхонаҳо дар Тошканду Душанбе фаъолият доранд.
Маврид ба зикр аст, ки чанде қабл Тоҷикистону Ӯзбекистон барои ҳамдигар дар пойтахтҳо заминҳо ҷудо карда буданд. Аз ҷумла ба ҷониби Ӯзбекистон дар шаҳри Душанбе 1,2 гектар замин ҷудо гардида буд.
Ҳукумати Ӯзбекистон дар навбати худ барои Тоҷикистон дар буриши кӯчаҳои Зулфияхонум ва Себзори шаҳри Тошканд беш аз 1 гектар замин ироа намуд.
Ҷониби Тоҷикистон низ аллакай ба сохтмони бинои сафораташ дар шаҳри Тошканд оғоз кардааст.
Тибқи лоиҳа маҷмааи биноҳои сафорат аз қароргоҳи роҳбари намояндагӣ, бинои консулӣ, хонаҳои истиқоматӣ барои кормандон, толори зиёфату маҷлисгоҳ, гузаргоҳҳои назоратӣ, таваққуфгоҳ ва майдончаи варзишӣ иборат мебошад.