Президент Узбекистана Шавкат Мирзиеев и президент Таджикистана Эмомали Рахмон - Sputnik Тоҷикистон, 1920
Сафари раисҷумҳури Ӯзбекистон Шавкат Мирзиёев ба Тоҷикистон
Президенти Ӯзбекистон Шавкат Мирзиёев рӯзи 18 апрел бо як сафари расмӣ вориди Душанбе мешавад. Сафари ӯ ба Тоҷикистон ду рӯз идома хоҳад ёфт

Сипосгузории Мирзиёев аз Раҳмон барои пешвози гарм: аз дақиқаҳои аввал эҳсос мешуд - видео

© Пресс-служба президента Республики ТаджикистанПрезидент Республики Узбекистан Шавкат Мирзиёев прибыл с официальным визитом в Республику Таджикистан
Президент Республики Узбекистан Шавкат Мирзиёев прибыл с официальным визитом в Республику Таджикистан - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 10.06.2021
Обуна шудан
Шавкат Мирзиёев аз пешвози гарми ҳамтои тоҷикаш - Эмомалӣ Раҳмон сипосгузорӣ кард
ДУШАНБЕ, 10 июн - Sputnik. Шавкат Мирзиёев гуфт, онҳоро дар Тоҷикистон бисёр гарм истиқбол гирифтанд.

"Пеш аз ҳама ман мехоҳам шуморо барои истиқболи анъанавии гарми дӯстона, ки аз дақиқаҳои аввали қадамзании мо ба хоки Тоҷикистон эҳсос мешуд, сипосгузорӣ кунам", - гуфт Шавкат Мирзиёев

Ба гуфти Шавкат Мирзиёев ин пешвозгирӣ аз рушди муносиботи ду кишвар дарак медиҳад.
Бояд гуфт, ки ба хотири истиқболи сазовори президенти Ӯзбекистон дар фурудгоҳи Душанбе садҳо духтари атласпӯш саф ороста буданду ба пешвози кишвардори Ӯзбекистон худи раисиҷумҳури Тоҷикистон - Эмомалӣ Раҳмон омада буд.
Аз фурудгоҳ то бӯстонсаро: Мирзиёевро Раҳмон ва садҳо атласпӯш бошукӯҳ пешвоз гирифтанд
Дар идомаи суҳбат кишвардори Ӯзбекистон, аз рушди шаҳри Душанбе гуфту онро нишонаи пешрафти истиқодии Тоҷикистон хонд.
Президент Республики Узбекистан Шавкат Мирзиёев прибыл с официальным визитом в Республику Таджикистан - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 10.06.2021
Сафари раисҷумҳури Ӯзбекистон Шавкат Мирзиёев ба Тоҷикистон
Ҳайрати Шавкат Мирзиёев аз рушди Душанбе: "дар се сол хеле тағйир ёфтааст" - видео
Ёдрас мешавем, ки президенти Ӯзбекистон Шавкат Мирзиёев бо даъвати Эмомалӣ Раҳмон рӯзҳои 10 ва 11 июн дар Тоҷикистон хоҳад буд.
Дар доираи ин сафар Шавкат Мирзиёев аз вилояти Суғд низ боздид мекунад.
Иштироки Эмомалӣ Раҳмон ва Шавкат Мирзиёев дар барномаи консертии Шоми дӯстӣ - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 08.06.2021
Сафари раисҷумҳури Ӯзбекистон Шавкат Мирзиёев ба Тоҷикистон
Аз Нигина то Юлдуз: 250 санъаткор дар назди Раҳмону Мирзиёев ҳунарнамоӣ мекунанд - акс
Ҳамзамон сарони кишварҳо дар маросими гулгузорӣ назди муҷассамаи Шоҳ Исмоили Сомонӣ ширкат хоҳанд кард.
Анҷоми рӯзи аввали сафари Шавкат Мирзиёев ба Тоҷикистон - консерти бошукӯҳ "Шоми дӯстӣ" бо ширкати 250 санъаткори Тоҷикистону Ӯзбекистон хоҳад буд.
Лентаи хабарҳо
0