https://sputnik.tj/20240418/mirziyoev-vorid-dushanbe-rahmon-peshvoz-1062518776.html
Мирзиёев вориди Душанбе шуд: ӯро Раҳмон пешвоз гирифт
Мирзиёев вориди Душанбе шуд: ӯро Раҳмон пешвоз гирифт
Sputnik Тоҷикистон
Сарони Ӯзбекистону Тоҷикистон дар назар аст, ки дурнамои муносибатҳои кишварҳоро дар ҳама соҳаҳо, ҳамзамон иҷрои созишномаҳои қаблан ҳосилшударо баррасӣ кунанд
2024-04-18T10:34+0500
2024-04-18T10:34+0500
2024-04-18T11:15+0500
эмомалӣ раҳмон
шавкат мирзиёев
дар тоҷикистон
ӯзбекистон
сафари раисҷумҳури ӯзбекистон шавкат мирзиёев ба тоҷикистон
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/07e8/04/12/1062519340_0:0:1280:720_1920x0_80_0_0_7db847a593084282bfd211faf87dc913.jpg
ДУШАНБЕ, 18 апр - Sputnik. Президенти Ӯзбекистон Шавкат Мирзиёев имрӯз бо сафари расмӣ ба Тоҷикистон омад.Дар Фурудгоҳи байналмилалии Душанбе ӯро президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон шахсан пешвоз гирифт.Ба иттилои манобеи Sputnik Тоҷикистон, кортёжи президентҳо ба "Қасри миллат", ки дар онҷо маросими расмии истиқбол сурат мегирад, равон шуд.Гуфта мешавад, ҳамчунин шумораи зиёди ҷавонону наврасони кишвар бо гулу парчамҳои ду кишвари дӯст ва бо шиорҳои тараннумгари дӯстии халқҳо меҳмони олиқадрро пазироӣ намуданд.Таъкид шудааст, ки Раҳмон ҳамтои ӯзбекашро ба Тоҷикистон хайрамақдам гуфта, зимни суҳбати хосае, ки дар фурудгоҳ доир шуд, изҳори боварӣ карда шуд, ки натиҷаҳои сафари давлатӣ барои таҳкиму тавсеаи ҳамкорӣ, дӯстӣ, муносибатҳои шарикии стратегӣ ва ҳампаймонии кишварҳо мусоидат хоҳад кард.Дар назар аст, сарони Ӯзбекистон ва Тоҷикистон дурнамои муносибатҳои кишварҳоро дар ҳама соҳаҳо, ҳамзамон иҷрои созишномаҳои қаблан ҳосилшударо баррасӣ кунанд.Сафари Мирзиёев дурӯза буда, интизор меравад, сарони ду давлат созишномаҳои навро имзо кунанд.
https://sputnik.tj/20240416/tojikiston-ruz-sinamoi-uzbekiston-1062484409.html
ӯзбекистон
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
2024
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
Хабарҳо
tg_TJ
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/07e8/04/12/1062519340_0:0:1137:853_1920x0_80_0_0_2c8b37279eb9af7404777210df9eeaf8.jpgSputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
мирзиёев душанбе раҳмон пешвоз
мирзиёев душанбе раҳмон пешвоз
Мирзиёев вориди Душанбе шуд: ӯро Раҳмон пешвоз гирифт
10:34 18.04.2024 (Навсозишуда: 11:15 18.04.2024) Сарони Ӯзбекистону Тоҷикистон дар назар аст, ки дурнамои муносибатҳои кишварҳоро дар ҳама соҳаҳо, ҳамзамон иҷрои созишномаҳои қаблан ҳосилшударо баррасӣ кунанд
ДУШАНБЕ, 18 апр - Sputnik. Президенти Ӯзбекистон Шавкат Мирзиёев имрӯз бо сафари расмӣ ба Тоҷикистон омад.
Дар Фурудгоҳи байналмилалии Душанбе ӯро президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон шахсан пешвоз гирифт.
Ба иттилои манобеи Sputnik Тоҷикистон, кортёжи президентҳо ба "Қасри миллат", ки дар онҷо маросими расмии истиқбол сурат мегирад, равон шуд.
Гуфта мешавад, ҳамчунин шумораи зиёди ҷавонону наврасони кишвар бо гулу парчамҳои ду кишвари дӯст ва бо шиорҳои тараннумгари дӯстии халқҳо меҳмони олиқадрро пазироӣ намуданд.
Таъкид шудааст, ки Раҳмон ҳамтои ӯзбекашро ба Тоҷикистон хайрамақдам гуфта, зимни суҳбати хосае, ки дар фурудгоҳ доир шуд, изҳори боварӣ карда шуд, ки натиҷаҳои сафари давлатӣ барои таҳкиму тавсеаи ҳамкорӣ, дӯстӣ, муносибатҳои шарикии стратегӣ ва ҳампаймонии кишварҳо мусоидат хоҳад кард.
Дар назар аст, сарони Ӯзбекистон ва Тоҷикистон дурнамои муносибатҳои кишварҳоро дар ҳама соҳаҳо, ҳамзамон иҷрои созишномаҳои қаблан ҳосилшударо баррасӣ кунанд.
Сафари Мирзиёев дурӯза буда, интизор меравад, сарони ду давлат созишномаҳои навро имзо кунанд.