https://sputnik.tj/20210611/rahmon-kumak-mirziyoev-faromush-1040151161.html
Раҳмон гуфт, кумаки бародаронаи Мирзиёевро фаромӯш намекунад
Раҳмон гуфт, кумаки бародаронаи Мирзиёевро фаромӯш намекунад
Sputnik Тоҷикистон
Президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон аз ҳамтои ӯзбекаш Шавкат Мирзиёев барои ироаи кумак ба кишвар, изҳори сипос кард
2021-06-11T11:30+0500
2021-06-11T11:30+0500
2021-06-11T12:53+0500
сафари раисҷумҳури ӯзбекистон шавкат мирзиёев ба тоҷикистон
дар тоҷикистон
эмомалӣ раҳмон
ӯзбекистон
шавкат мирзиёев
"шоми дӯстӣ"
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/07e5/06/0b/1040151121_0:0:2047:1151_1920x0_80_0_0_4b1f6d047730caadee4b0bbeceaf43b7.jpg
ДУШАНБЕ, 11 июн — Sputnik. Кишвардори Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон гуфт, кумаки Ӯзбекистонро халқи тоҷик фаромӯш нахоҳад кард.Ин нуктаро раисиҷумҳури Тоҷикистон зимни суханронӣ дар барномаи "Шоми Дӯстӣ" дар "Кохи Борбад" изҳор дошт.Раҳмон гуфт, соли гузашта ҷаҳон бо озмоиши бесобиқаи марбут ба паҳншавии коронавирус рӯ ба рӯ шуд ва ба мушкилоти худ нигоҳ накарда, Ӯзбекистон бародарона ба мардуми Тоҷикистон кумак расонд.Дар ин росто президенти Тоҷикистон ба кишвардори Ӯзбекистон, Шавкат Мирзиёев изҳори сипос кард.Раисиҷумҳури Тоҷикистон бовар дорад, ки ҳамаи ин аз меҳрубонӣ ва саховати мардуми ӯзбек ва хиради Шавкат Мирзиёев шаҳодат медиҳад.Ёдрас мешавем, ки Шавкат Мирзиёев бо даъвати президенти Тоҷикистон ду рӯз 10 ва 11 июн дар Тоҷикистон аст.Ӯ аз пазироии гарми Эмомалӣ Раҳмон изҳори сипос кард ва аз зебогию пешрафти Душанбе дар ҳайрат афтод.Ҳайрати Шавкат Мирзиёев аз рушди Душанбе: "дар се сол хеле тағйир ёфтааст" - видео"Мебинам, ки аз соли 2019 то кунун, Душанбе хеле тағйир ёфтааст. Сохтмон хеле зиёд аст - ин аз рушди иқтисоди Тоҷикистон дарак медиҳад", - гуфт президенти Ӯзбекистон, Шавкат Мирзиёев.
https://sputnik.tj/20210611/ulduz-usmonova-dushanbero-ba-po-hezond-video-1040150023.html
ӯзбекистон
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
2021
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
Хабарҳо
tg_TJ
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/07e5/06/0b/1040151121_191:0:2008:1363_1920x0_80_0_0_e7dc5040d07a770e2d6b7f89c45ebbf8.jpgSputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
эмомалӣ раҳмон, шавкат мирзиёев
эмомалӣ раҳмон, шавкат мирзиёев
Раҳмон гуфт, кумаки бародаронаи Мирзиёевро фаромӯш намекунад
11:30 11.06.2021 (Навсозишуда: 12:53 11.06.2021) Президенти Тоҷикистон, Эмомалӣ Раҳмон аз ҳамтои ӯзбекаш Шавкат Мирзиёев барои ироаи кумак, изҳори сипос кард
ДУШАНБЕ, 11 июн — Sputnik. Кишвардори Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон гуфт, кумаки Ӯзбекистонро халқи тоҷик фаромӯш нахоҳад кард.
Ин нуктаро раисиҷумҳури Тоҷикистон зимни суханронӣ дар барномаи "Шоми Дӯстӣ" дар "Кохи Борбад" изҳор дошт.
Раҳмон гуфт, соли гузашта ҷаҳон бо озмоиши бесобиқаи марбут ба паҳншавии коронавирус рӯ ба рӯ шуд ва ба мушкилоти худ нигоҳ накарда, Ӯзбекистон бародарона ба мардуми Тоҷикистон кумак расонд.
"Мардуми сипосгузори тоҷик, муҳтарам Шавкат Миромонович, кумак дар шакли лавозимоти тиббӣ, беморхонаи сайёр ва инчунин ба Тоҷикистон фиристодани як гурӯҳи вирусшиносони ботаҷрибаро фаромӯш нахоҳад кард", - гуфт кишвардор.
Дар ин росто президенти Тоҷикистон ба кишвардори Ӯзбекистон, Шавкат Мирзиёев изҳори сипос кард.
"Мехостам аз номи халқи тоҷик ва шахсан аз номи худам ба Шумо, бародари азизам, барои мусоидат ва кумакатон дар рафъи оқибатҳои пандемия миннатдории амиқ изҳор намоям", - афзуд Эмомалӣ Раҳмон.
Раисиҷумҳури Тоҷикистон бовар дорад, ки ҳамаи ин аз меҳрубонӣ ва саховати мардуми ӯзбек ва хиради Шавкат Мирзиёев шаҳодат медиҳад.
Ёдрас мешавем, ки Шавкат Мирзиёев бо даъвати президенти Тоҷикистон ду рӯз 10 ва 11 июн дар Тоҷикистон аст.
Ӯ аз пазироии гарми Эмомалӣ Раҳмон изҳори сипос кард ва аз зебогию пешрафти Душанбе дар ҳайрат афтод.
"Мебинам, ки аз соли 2019 то кунун, Душанбе хеле тағйир ёфтааст. Сохтмон хеле зиёд аст - ин аз рушди иқтисоди Тоҷикистон дарак медиҳад", - гуфт президенти Ӯзбекистон, Шавкат Мирзиёев.