Нидерландҳо пас аз пирӯзии сароянда Дункан Лоуренс бо суруди Arcade дар Евровидение - 2019 дар Нидерландия имкони баргузории мусобиқаи мусиқиро ба даст оварданд.
Бо сабаби пандемияи коронавирус, Евровидение - 2020 мавқуф гузошта шуд ва баъдан комилан баргузор нашуд. Соли 2021 тасмим гирифта шуд, ки озмунро дар мамлакати ғолиби соли 2019 баргузор кунанд.
Дар Евровидение - 2021 тақрибан 40 кишвар ширкат мекунанд. Маълум аст, ки Арманистон ба озмун нахоҳад рафт.
Русияро дарЕвровидение - 2021 овозхон Манижа Сангин духтари тоҷики муқими Маскав бо суруди Russian Woman муаррифӣ мекунад.
Евровидение дар байни давлатҳои аъзои Иттиҳоди Урупо оид ба пахши барномаҳо баргузор мешавад.
Дар озмун як намоянда аз ҳар яке аз кишварҳо, ки дархост пешниҳод кардаанд, ширкат меварзад. Фестивал мустақиман пахш карда мешавад.
Як намоянда аз ҳар як кишвар (солист ё гурӯҳи мусиқӣ) метавонад бо иштироки суруд на бештар аз се дақиқа ширкат варзад. Ҳангоми намоиш набояд дар як вақт на бештар аз шаш ҳунарманд ҳунарнамоӣ кунанд.
Пас аз иҷрои ҳамаи иштирокчиён суруди маъмултарин бо роҳи овоздиҳӣ аз ҷониби тамошобинон ва ҳакамон муайян карда мешавад.
Ин мусобиқа аз соли 1956 ҳамасола баргузор мешавад ва яке аз маъруфтарин рӯйдодҳои ғайри варзишии ҷаҳон ба ҳисоб меравад.
Соли 2019 Евровидение дар шаҳри Тел-Авиви Исроил баргузор шуд. Русияро дар Евровидение 2019 овозхони маъруф Сергей Лазарев муаррифӣ кард. Вай бо композитсияи "Фарёд" баромад кард. Лазарев ҷои сеюмро гирифт.
Дар соли 2020, дар Евровидение, мебоист Русияро гурӯҳи Little Big бо суруди UNO муаррифӣ мекард.
Бо сабаби пандемия, озмун бекор карда шуд. Бо вуҷуди ин, видеои Little Big барои суруди UNO дар Youtube-канали расмии Евровидение нашр шуд, ки аз рӯи шумораи боздид, сербинандатарин намоҳанг дар таърихи озмун шуд.