Выступление певицы Манижи на первом канале - Sputnik Тоҷикистон, 1920
Евровидение - 2021: Зодаи Тоҷикистон, намояндаи Русия
Евровидение 2021 65-умин озмуни мусиқавӣ хоҳад буд. Имсол онро Роттердам баргузор мекунад. Ин шаҳрак пас аз Амстердам дуввумин шаҳри сераҳолии Нидерландия ба ҳисоб меравад.

Алорағми бадбинон - ӯ қаҳрамон: вокуниши корбарон ба ҳунарнамоии Манижа дар Евровидение

© REUTERS \ PIROSCHKA VAN DE WOUWМанижа на Евровидении
Манижа на Евровидении - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 23.05.2021
Обуна шудан
Корбарони интернет дар баҳогузорӣ ба ҳунарнамоии Манижа дар даври ниҳоии Евровидение - 2021 фикрҳои зидду нақиз доранд
ДУШАНБЕ, 23 май - Sputnik. Бархе аз корбарони сигменти тоҷикии Facebook ба ҳунарнамоии Манижа дар даври ниҳоии Евровидение - 2021 баҳои баланд додаанд, гурӯҳе дигаре мегӯянд сурудаш хуб набуд.

Ба даҳгона дохил шуд, боз чӣ лозим?

Як гурӯҳи корбарони интернет аз ҳунарнамоии Манижа Сангин изҳори шодӣ карда, мегӯянд ба даҳгонаи беҳтарин ворид шудан дар чунин озмуни бонуфуз кори осон нест.
"Ба даҳгонаи беҳтарин ворид шуд, ин худ беҳтарин аст!!! Боз чӣ лозим?", - навиштааст корбар Наталя Алексеенко.
Корбари дигаре Манижаро қаҳрамон хонда мегӯяд, замоне, ки Русияро дар Урупо "чашми дидан" надоранд, баромади Манижа аз номи ин кишвар худ қаҳрамонист.

"Дар даврае, ки сиёсати Русияро Урупо дидан намехоҳад иштироки ин духтарак аз номи Русия, худ кахрамонист", - навиштааст Қумруниссо Қудратова.

Таҳмина Қурбонова мегӯяд, "Ба ростӣ офаринаш. Қавиирода аст".
"Ҳамааш хуб буд. Офарин ба Манижа. Фақат ҷаҳон ҳунармандони нопурраро дӯст медорад", - мегӯяд Барфия.
Манижа в финале Евровидения - 2021 - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 23.05.2021
Евровидение - 2021: Зодаи Тоҷикистон, намояндаи Русия
Манижа бо суруди Russian Woman дар финали Евровидение Урупоро ба "по" хезонд - видео
Бархе аз корбарон таъкид кардаанд, ки рисолати ҳунарманд натанҳо эҷоди оҳангу суруд, балки ҳалли мушкил низ мебошад. Ва Манижа бо баррасии мавзуъи мақоми зан то Урупо расид, ки дастоварди хуб аст.
"Манижа тариқи саньати суруд аз проблемаи зани рус гуфт ва қаблан низ дар сурудҳояш аз мушкилоти занон мегуфт! Рисолати хунарманд бояд хамингуна бошад, яьне дардҳоро низ бояд даво бахшад", - навиштааст Саодат Одиназода.
Манижа Русияро дар даври ниҳоии Евровидение - 2021 бо суруди "Зани рус" муаррифӣ кард. Ӯ аз миёни намояндагони 26 кишари Урупо ба гирифтани 204 хол ва мақоми 9 - ум сазовор шуд.
Манижа в финале Евровидения - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 23.05.2021
Евровидение - 2021: Зодаи Тоҷикистон, намояндаи Русия
"Фахр мекунам": Манижа ҳунарнамоияш дар финали Евровидение - 2021 -ро шарҳ дод
Корбарони интернет мегӯянд, дар ҳоле, ки Манижа пеш аз ширкаташ дар Евровидение аз ҷониби ҷомеаи Русия таҳти танқиди сахт қарор гирифта буд, ба чунин дастовард ноил шудан барояш бояд боиси ифтихор бошад.
"Миёни инқадар бадбиниҳо ҷои нуҳум ҳам ҷои ифтихорист", - навиштааст корбари дигаре.

Сурудаш маъное надошт

Вале корбарони гурӯҳи дигар аз ҳунарнамоии Манижа изҳори норозигӣ кардаанд. Онҳо мегӯянд, гирифтани ҷои 9 барои Манижа кам аст.
"Аққалан ҷои 2 ё 3 - юм мегирифт? ҷои 9", - навиштааст Ёдгоршо Муқарабшоев.
"Ман бовар намекунам ин ҳамааш сиёсат аст", - бовар дорад Аваз Авазов.
"Аниқ буд, сурудаш маьное надошт", - навиштааст Макнуна Облоқулова.
Наталя Алексеенко мегӯяд, "суруд безеб аст, вале Манижа бо ҷаззобият ва энергетикааш пирӯз шуд".
Дар ҳамин ҳол, Раҳимов Мӯсо корбари дигари Facebook бовар дорад, ки тоҷикон бояд ба камию костии ҳунарнамоии Манижа нигоҳ накарда ба ҷои санги маломат задан, ӯро бояд дастгирӣ кунанд.
Ёдовар мешавем, ки зодаи Душанбе Манижа Сангин дар финали Евровидение - 2021 таҳти рақами 5 бо суруди Russian Woman ҳунарнамоӣ кард.
Манижа на Евровидении - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 23.05.2021
Евровидение - 2021: Зодаи Тоҷикистон, намояндаи Русия
Ҷои 9 Манижа бо суруди Russian Woman дар Евровидение - 2021
Ӯ ҳам аз ҷониби ҳакамон (104 хол) ва ҳам аз ҷониби тамошобинон (100 хол) эътироф ба даст овард, аммо ин барои гирифтани мавқеи пешсаф кифоя набуд.
Мувофиқи натиҷаҳои овоздиҳӣ, Манижа ҷои 9-умро ишғол кард.
Ғолибони Евровидение -2021 гурӯҳи Måneskin аз Итолиё бо суруди Zitti e buoni буданд.
Мувофиқи натиҷаҳои овоздиҳӣ, Итолиё 524 имтиёз ба даст овард. Ҳамзамон, тамошобинон ба овозхонҳо барои иҷрои овозҳо ҳадди аксар овоз доданд.
Лентаи хабарҳо
0