Выступление певицы Манижи на первом канале - Sputnik Тоҷикистон, 1920
Евровидение - 2021: Зодаи Тоҷикистон, намояндаи Русия
Евровидение 2021 65-умин озмуни мусиқавӣ хоҳад буд. Имсол онро Роттердам баргузор мекунад. Ин шаҳрак пас аз Амстердам дуввумин шаҳри сераҳолии Нидерландия ба ҳисоб меравад.

Белорус аз ҳаққи ширкат дар Евровидение маҳрум карда шуд

© Eurovision Song ContestМикрофон на Евровидении-2021
Микрофон на Евровидении-2021 - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 28.05.2021
Обуна шудан
ДУШАНБЕ, 28 май — Sputnik. Шӯрои иҷроияи Иттиҳоди Урупо оид ба пахши барномаҳо Белорусро аз ширкат дар озмуни байналмилалии Евровидение маҳрум кард, хабар медиҳад хадамоти матбуоти EBU.
Бо қарори ташкилкунандагони озмуни мусиқӣ, ширкати телевизионии Белорус аз узвият маҳрум карда шуд.
Қайд мешавад, ки сабаби ин тасмим нигаронии Иттиҳоди Урупо дар бораи "вазъи кунунӣ" буд, ки бо нақзи ҳуқуқ ва озодиҳои хабарнигорон дар Белорус марбут аст.
Самолет в небе - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 25.05.2021
Аврупо парвози ҳавопаймоҳои Белорусро дар фазояш манъ кард
Баргузоркунандагони Евровидение инчунин "мусоҳибаҳо" - ро, ки дар ВАО-и Белорус паҳн шудаанд, "сабти таҳти фишор" номиданд.
Тасмими созмон дар бораи хориҷ кардани Белорус аз ширкат дар Евровидение пас аз ду ҳафта эътибор пайдо мекунад.
Дар давоми ду ҳафта, мақомот метавонанд ба ин ҳодиса вокуниш нишон диҳанд.
Хотиррасон мекунем, ки соли гузашта ташкилкунандагони Евровидение мақомоти Белорусро ба сабаби боздошти рӯзноманигорон, ки тазоҳуротро пас аз интихоботи президентӣ дар ҷумҳурӣ инъикос мекарданд, маҳкум карда буданд.
Лентаи хабарҳо
0