Выступление певицы Манижи на первом канале - Sputnik Тоҷикистон, 1920
Евровидение - 2021: Зодаи Тоҷикистон, намояндаи Русия
Евровидение 2021 65-умин озмуни мусиқавӣ хоҳад буд. Имсол онро Роттердам баргузор мекунад. Ин шаҳрак пас аз Амстердам дуввумин шаҳри сераҳолии Нидерландия ба ҳисоб меравад.

Манижа: нони гарм бо тарбуз танҳо дар Душанбе мазза дорад

© Sputnik / Екатерина Чеснокова / Гузариш ба медиабонкПевица Манижа
Певица Манижа  - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 08.07.2021
Обуна шудан
Манижа Сангин бо гузашти беш аз 20 сол, ҳоло ҳам маззаи нони гарм бо тарбузу ангур, ки овони кӯдакӣ дар Душанбе хӯрда буд, дар ёд дорад
ДУШАНБЕ, 8 июл – Sputnik. Манижа тоҷикдухтаре, ки Русияро дар мусобиқаи Евровидение -2021 муаррифӣ намуда буд ва ҷойи 15 - умро аз худ кард, ҳоло ба фаъолияти ҳунарии худ идома медиҳад.
Дар аввал чунин менамуд, ки пас аз баромади Манижа дар Евровидение ва бозгашташ ба Русия, ӯ яке аз меҳмонони фахрии бисёре аз барномаҳои телевизионии ин кишвар хоҳад шуд. Вале ин пешӯиҳо амалӣ нашуданд.
Манижа ба гунае, ки пеш фаъолият мекард, ҳоло ҳам бо ҳамон масир равона аст.
Певица Manizha - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 13.05.2021
Евровидение - 2021: Зодаи Тоҷикистон, намояндаи Русия
Манижа дар Роттердам бо забони тоҷикӣ суруд хонд - навор
Ин овозхони маъруф дар як мусоҳибаи худ бо РИА Новости дар бораи овони кӯдакӣ ва маззаи ширини ин айём нақл кардааст.
Манижа мегӯяд, дар кӯдакӣ дохили нони гарм тарбузи хунук, ангур ва маска мемонду, мехӯрд.

"Намедонам чаро маҳз ҳамин хел мехӯрдам, лекин маззаи он нотакрор буд", - ба ёд меорад Манижа.

Зимнан, хабарнигор аз Манижа суол кард, ки оё боре ҳамин гуна ғизо омода кардааст, Манижа ҷавоб гардонд, ки ин мазза танҳо хоси Душанбе ҳасту бас.

"Ман дигар дар ягон ҷо ин гуна нони болаззат ва тарбузи ширинро нахӯрдаам. Ин маззаро танҳо дар Душанбе дар хонаи модаркалонам чашидам", - бо ҳасрат изҳор дошт Манижа.

Ёдовар мешавем, ки Манижа Сангин вақте аз Тоҷикистон ба Русия кӯчид, хеле хурд буд. Маҳз ҷанги шаҳрвандӣ боиси он шуд, ки хонаводаи Манижа куллан тарки ватан ва дар Маскав маскун шаванд.
Аммо ин овозхон пайваста аз хуни тоҷикӣ доштанаш ҳарф мезанад ва боре ҳам тоҷик будани худро инкор накардааст.
Қаблан иқрор кард, ки дар овони наврасӣ худро тоҷик муаррифӣ намекард, вале ҳоло дарк мекунад, ки тоҷик аст.
Дар Тоҷикистон ҳам сафи мухлисони Манижа Сангин кам нест. Теъдоди онҳо махсусан замоне афзуд, ки ӯ дар Евровидение аз номи Русия баромад карда буд. Он замон дар шабакаҳои иҷтимоӣ, тоҷикистониҳои зиёд аз Манижа дастгирӣ мекарданд ва ӯро ифтихори Тоҷикистон мегуфтанд.
Ҳатто кишвардори Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ҳам дар як мулоқоти худ бо сокинони вилояти Суғд аз ҷуръату ҳунари волои Манижа васф карду ба ӯ аҳсанхонӣ карда буд.
Лентаи хабарҳо
0