https://sputnik.tj/20210606/intiqod-little-big-az-heyterhoi-manizha-1040003151.html
"Русҳо русҳоро бад мебинанд": интиқоди тунди раҳбари Little Big аз хейтерҳои Манижа
"Русҳо русҳоро бад мебинанд": интиқоди тунди раҳбари Little Big аз хейтерҳои Манижа
Sputnik Тоҷикистон
Прусикин касонеро, ки фикри худро ягона дуруст мешуморанд, "фашист" номид
2021-06-06T12:39+0500
2021-06-06T12:39+0500
2021-06-06T12:39+0500
евровидение - 2021: зодаи тоҷикистон, намояндаи русия
фарҳанг
фашист
манижа сангин
дар русия
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/103086/23/1030862393_0:0:2048:1153_1920x0_80_0_0_fec470cda80203144f834eaa5cad15f6.jpg
ДУШАНБЕ, 6 июн - Sputnik. Раҳбари гурӯҳи Little Big Иля Прусикин аз зодаи Тоҷикистон Манижа Сангин, ки Русияро дар озмуни Eвровидение - 2021 бо суруди Russian Woman намояндагӣ кард, пуштибонӣ намуд. Вай муроҷиати худро дар сафҳаи Инстаграмаш нашр кард. Прусикин гуфт, ки ӯ аз шарҳҳои русофобӣ дар бораи Манижа норозӣ аст ва овозхонро дастгирӣ кард. Ӯ ҳамчунин онҳоеро, ки суруди Russian Woman -ро танқид мекунанд ва фикри худро ягона ва дуруст мешуморанд, сахт интиқод кард. Прусикин ин гуна одамонро "фашист" номид. Вай афзуд, ки аъмоли бад бояд интиқод шавад на эҷод, ки ҳақ дорад дар ҳама гуна шакл вуҷуд дошта бошад.Ёдрас мешавем, ки пас аз интихоби суруд дар даври миллии озмун, "Зани рӯс" боиси эътирози мардум шуд. Манижаро ба таҳрифи симои зани рус ва паст кардани фарҳанги кишвар айбдор карданд.Сароянда аз ҷониби сиёсатмадорон, ходимони ҷамъиятӣ ва фарҳангӣ мавриди интиқод қарор гирифт ва матни ин асарро Кумитаи тафтишотии Русия барои нишонаҳои барангехтани кинаву адоват тафтиш кард.Бо вуҷуди ин, видеои ин суруд дар YouTube нисбат ба дигар иштирокчиёни Eurovision - 2021 шумораи бештари тамошобинонро ба даст овард. Ғайр аз ин, суруди "Зани рус" ба ҷоизаҳои бонуфуз пешбарӣ карда шуд.Алорағми бадбинон - ӯ қаҳрамон: вокуниши корбарон ба ҳунарнамоии Манижа дар ЕвровидениеЁдовар мешавем, ки дар Евровидение - 2021 Манижа ба даҳгонаи беҳтарин сарояндагони Урупо дохил шуда, дар ҷои нӯҳум қарор гирифт. Ғолиби озмун гурӯҳи роксарой аз Итолиё - Måneskin гардид.
https://sputnik.tj/20210523/manizha-russian-woman-final-evrovidenie-2021-video-1039523863.html
https://sputnik.tj/20210515/manizha-evrovidenie-2021-tojiki-kard-1039470608.html
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
2021
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
Хабарҳо
tg_TJ
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/103086/23/1030862393_0:0:2048:1537_1920x0_80_0_0_f8a3f5c1223b3e1995a569c0d7976928.jpgSputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
манижа сангин, прусикин, интиқод, тунд,
манижа сангин, прусикин, интиқод, тунд,
"Русҳо русҳоро бад мебинанд": интиқоди тунди раҳбари Little Big аз хейтерҳои Манижа
Прусикин касонеро, ки фикри худро ягона дуруст мешуморанд, "фашист" номид
ДУШАНБЕ, 6 июн - Sputnik. Раҳбари гурӯҳи Little Big Иля Прусикин аз зодаи Тоҷикистон Манижа Сангин, ки Русияро дар озмуни Eвровидение - 2021 бо суруди Russian Woman намояндагӣ кард, пуштибонӣ намуд.
Вай муроҷиати худро дар сафҳаи Инстаграмаш нашр кард.
Прусикин гуфт, ки ӯ аз шарҳҳои русофобӣ дар бораи Манижа норозӣ аст ва овозхонро дастгирӣ кард.
"Русҳо русҳоро бад мебинанд. Бачаҳо, ба шумо чӣ шудааст? Бо чунин ҳамватанон, душманон ҳам лозим нестанд", - гуфт раҳбари Little Big.
Ӯ ҳамчунин онҳоеро, ки суруди Russian Woman -ро танқид мекунанд ва фикри худро ягона ва дуруст мешуморанд, сахт интиқод кард.
Прусикин ин гуна одамонро "фашист" номид. Вай афзуд, ки аъмоли бад бояд интиқод шавад на эҷод, ки ҳақ дорад дар ҳама гуна шакл вуҷуд дошта бошад.
Ёдрас мешавем, ки пас аз интихоби суруд дар даври миллии озмун, "Зани рӯс" боиси эътирози мардум шуд. Манижаро ба таҳрифи симои зани рус ва паст кардани фарҳанги кишвар айбдор карданд.
Сароянда аз ҷониби сиёсатмадорон, ходимони ҷамъиятӣ ва фарҳангӣ мавриди интиқод қарор гирифт ва матни ин асарро Кумитаи тафтишотии Русия барои нишонаҳои барангехтани кинаву адоват тафтиш кард.
Бо вуҷуди ин, видеои ин суруд дар YouTube нисбат ба дигар иштирокчиёни Eurovision - 2021 шумораи бештари тамошобинонро ба даст овард.
Ғайр аз ин, суруди "Зани рус" ба ҷоизаҳои бонуфуз пешбарӣ карда шуд.
Ёдовар мешавем, ки дар Евровидение - 2021 Манижа ба даҳгонаи беҳтарин сарояндагони Урупо дохил шуда, дар ҷои нӯҳум қарор гирифт. Ғолиби озмун гурӯҳи роксарой аз Итолиё - Måneskin гардид.