Выступление певицы Манижи на первом канале - Sputnik Тоҷикистон, 1920
Евровидение - 2021: Зодаи Тоҷикистон, намояндаи Русия
Евровидение 2021 65-умин озмуни мусиқавӣ хоҳад буд. Имсол онро Роттердам баргузор мекунад. Ин шаҳрак пас аз Амстердам дуввумин шаҳри сераҳолии Нидерландия ба ҳисоб меравад.

"Ба суд медиҳам": Манижаро барои иртибот бо Кремлу Ковалчук муттаҳам намуданд

© Sputnik / Владимир Астапкович / Гузариш ба медиабонкПевица Манижа Сангин
Певица Манижа Сангин - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 27.05.2021
Обуна шудан
Манижа Сангин иштирокчии Евровидение - 2021 маҷаллаи Wonderzine ба он айбдор намуд, ки дар ҳаққи ӯ тӯҳмат раво дидааст
ДУШАНБЕ, 27 май - Sputnik. Манижа Сангин, зодаи Тоҷикистон, ки Русияро дар Евровидение- 2021 муаррифӣ намуда буд, тасмим дорад маҷаллаи Wonderzine-ро ба додгоҳ кашад.
Дар ин бора овозхон дар сафҳаи Инстаграми худ хабар додааст.
Даъвои Манижа аз он сар зад, ки сармуҳаррири маҷалла Юлия Таратута чунин навишт, ки "Чаро баромади Манижа дар Евровидение хуш нест" ва ҳамзамон ӯро барои иртибот доштан бо Кремл муттаҳам намудаанд.
Ин сармуҳаррир чанд далелро, ки дар шабакаи Telegram нашр шудаанд, мисол овардааст.
Аз ҷумла, манбаҳои овардаи ӯ, таъкид кардаанд, ки сафари Манижа ба Евровидение - 2021 бо дастгирии муовини роҳбари дастгоҳи президент Сергей Кириенко ва инчунин соҳибкор Юрий Ковалчук ​​сурат гирифтааст.
Дар робита ба ин, Манижа ҳамаи далелҳои овардаи маҷалларо бӯҳтон номида, изҳори тааҷҷуб намудааст, ки чӣ гуна як рӯзноманигори ботаҷриба чунин маълумотҳои бардурӯғро нашр намудааст.
Манижа в программе Вечерний Ургант - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 25.05.2021
Евровидение - 2021: Зодаи Тоҷикистон, намояндаи Русия
Манижа гуфт, ки хориҷиён ӯро дар Евровидение- 2021 чӣ гуна қабул карданд: видео
"Ман расман изҳор мекунам, ки вакилони дифои ман барои ҳимояи шаъну шарафи ману хонаводаам ҳатман маҷалларо ба суд медиҳанд", - навиштааст Манижа дар сафҳаи худ.
Дар идома, худи Таратута ба изҳороти Манижа вокуниш нишон дод ва гуфтааст, далелҳое, ки он вақт дар шабакаи Telegram нашр мешуданд, барояш муҳиму саривақтӣ буданд.
Ёдовар мешавем, ки зодаи Душанбе Манижа Сангин дар финали Евровидение бо рақами 5 бо ва таронаи Russian Woman ҳунарнамоӣ кард.
Ӯ ҳам аз ҷониби ҳакамон ва ҳам аз ҷониби тамошобинон эътироф ба даст овард, аммо ин барои ишғоли мавқеи пешсаф кифоя набуд.
Мувофиқи натиҷаҳои овоздиҳӣ, Манижа ҷои 9-умро ишғол кард. Ғолибони Eurovision-2021 гурӯҳи Måneskin аз Италия бо суруди Zitti e buoni буданд.
Лентаи хабарҳо
0