Выступление певицы Манижи на первом канале - Sputnik Тоҷикистон, 1920
Евровидение - 2021: Зодаи Тоҷикистон, намояндаи Русия
Евровидение 2021 65-умин озмуни мусиқавӣ хоҳад буд. Имсол онро Роттердам баргузор мекунад. Ин шаҳрак пас аз Амстердам дуввумин шаҳри сераҳолии Нидерландия ба ҳисоб меравад.

Мақоми дуюмро дар Евровидение - 2021 Фаронса гирифт

© REUTERS \ PIROSCHKA VAN DE WOUWУчастница Барбара Прави из Франции
Участница Барбара Прави из Франции - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 23.05.2021
Обуна шудан
Маълум шуд намояндаи кадом давлат мақоми дуюмро дар озмуни Евровидение - 2021 гирифт
ДУШАНБЕ, 23 май - Sputnik. Овозхон аз Фаронса - Барбара Правӣ дар озмуни Евровидение - 2021 мақоми дуюмро ишғол кард.
Овозхон Барбара Прави намояндаи Фаронса дар озмуни Eurovision 2021 шуд. Правӣ бо гирифтани 499 хол дар озмуни Евровидение дуюм шуд.
Вай дар озмун бо суруди Voilà ("Инҷо") ҳунарнамоӣ кард.
Даври ниҳоии Евровидение - 2021 дар шаҳри Роттердами Нидерланд баргузор шуд.
Барои ба даст овардани ғолибият намояндагон аз 26 давлат, аз ҷумла намояндаи Русия Манижа Сангин, сабқат карданд.
Ровиёни даври ниҳоии Евровидение - 2021 4 нафар: Шантал Янзен, Ян Смит, Эдсилия Ромбли ввввва Никке де Ягер буданд.
Манижа в финале Евровидения - 2021 - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 23.05.2021
Евровидение - 2021: Зодаи Тоҷикистон, намояндаи Русия
Манижа бо суруди Russian Woman дар финали Евровидение Урупоро ба "по" хезонд - видео
Тибқи анъана, шаш нафар ба таври худкор ба даври ниҳоӣ роҳ ёфтанд, ки инҳо намояндагон аз Британия, Олмон, Испания, Италия ва Фаронса мебошанд, ки ҳамчун созмондиҳандагони ин озмун ба ҳисоб мераванд.
Нидерланд бошад ба хотири он ки соли гузашта намояндааш ғолиб омад, аз ин хотир, ин кишвар низ ба даври финал роҳ пайдо кард.
Ҳамин тариқ, мубориза барои пирӯзӣ дар финали Евровидение - 2021 байни Ҷангу Макрой бо суруди Birth Of A Age New from Holland, Ҷеймс Нюман - Embers (аз Бритониёи Кабир), Jendrik - I Don't Feel Hate (аз Германия), Бласом Канто - Voy A Quedarme (аз Испания), Måneskin - Zitti E Buoni (аз Италия), Барбара Прави - Voilà (Фаронса), Манижа - Russian Woman (аз Русия),(от России), Дестини Чукуньере - Je Me Casse (аз Малта ) сурат гирифт.
Пас аз баромади овозхонҳо, раъйдиҳӣ шурӯъ шуд, ки дар он тамошобинони телевизион ва ҳакамони салоҳиятдори 39 кишвар ширкат мекунанд.
Кишваре, намояндаи он ғолиб меояд, мизбони Евровидение-2022 мешавад.
Лентаи хабарҳо
0