https://sputnik.tj/20210524/bozgashti-manizha-nasihati-alla-pugachyova-video-1039690957.html
Бозгашти Манижа, ашкрезӣ ва насиҳати Алла Пугачёва: барои ҷой нахон – видео
Бозгашти Манижа, ашкрезӣ ва насиҳати Алла Пугачёва: барои ҷой нахон – видео
Sputnik Тоҷикистон
Манижа Сангин, овозхони тоҷиктабор, ки Русияро дар Евровидение - 2021 намояндагӣ мекард, ба Маскав баргашт
2021-05-24T12:30+0500
2021-05-24T12:30+0500
2021-05-24T13:04+0500
евровидение - 2021: зодаи тоҷикистон, намояндаи русия
фарҳанг
алла пугачёва
манижа сангин
дар русия
евровидение
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/07e5/05/13/1039547398_0:253:2743:1796_1920x0_80_0_0_2533bdb3040a73cb1fb96c7fe3e2cb90.jpg
ДУШАНБЕ, 24 май - Sputnik. Манижа Сангин, зодаи Тоҷикистон ва намояндаи Русия дар Евровидение - 2021 бо ҷои 9 – ум ба Маскав баргашт. Ба гузориши шабакаи аввали телевизиони Русия, Манижа дар лаҳзаҳои аввали баъди эълони натиҷаҳо дар суҳбат бо хабарнигор ашк рехт ва гуфт ин хеле сангин буд. Ба таъкиди хабарнигор, ки шомил шудан ба даҳгона низ дастоварди бузург аст, Манижа розӣ шуд ва гуфт барои дарки ин каме фурсат лозим. Инчунин дар Евровидение ба Манижа Алла Пугачёва, овозхони машҳур ва собиқадори Русия занг зада, насиҳат кардааст. Манижа гуфт, Пугачёва ӯро ором карду изҳор дошт, ки дар саҳна на барои ҷой, балки барои мардум ҳунарнамоӣ кунад. Модараш Наҷиба (дар гузориши шабакаи 1 - Надежда) Усмонова изҳор дошт, ки Манижа он чиро, ки мехост, баён кунад аз ин минбар ба оммаи беш аз 400 миллион нафарӣ гуфт.Манижа бо суруди "Зани рус", бо гирифтани 204 хол - 104 овоз аз ҷониби доварон ва 100 овоз аз тарафи тамошобинон дар озмуни Евровидение ба даҳгонаи беҳтарин дохил шуд.Гурӯҳи роксарои итолиёвии Måneskin дар Eвровидение - 2021 пирӯз гардид.
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
2021
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
Хабарҳо
tg_TJ
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/07e5/05/13/1039547398_6:0:2737:2048_1920x0_80_0_0_cd213a04f5b1ddde21c52261371ae6c4.jpgSputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
евровидение, манижа, насиҳат, русия
евровидение, манижа, насиҳат, русия
Бозгашти Манижа, ашкрезӣ ва насиҳати Алла Пугачёва: барои ҷой нахон – видео
12:30 24.05.2021 (Навсозишуда: 13:04 24.05.2021) Манижа Сангин, овозхони тоҷиктабор, ки Русияро дар Евровидение - 2021 намояндагӣ мекард, ба Маскав баргашт
ДУШАНБЕ, 24 май - Sputnik. Манижа Сангин, зодаи Тоҷикистон ва намояндаи Русия дар Евровидение - 2021 бо ҷои 9 – ум ба Маскав баргашт.
Ба гузориши шабакаи аввали телевизиони Русия, Манижа дар лаҳзаҳои аввали баъди эълони натиҷаҳо дар суҳбат бо хабарнигор ашк рехт ва гуфт ин хеле сангин буд.
Ба таъкиди хабарнигор, ки шомил шудан ба даҳгона низ дастоварди бузург аст, Манижа розӣ шуд ва гуфт барои дарки ин каме фурсат лозим.
Инчунин дар Евровидение ба Манижа Алла Пугачёва, овозхони машҳур ва собиқадори Русия занг зада, насиҳат кардааст. Манижа гуфт, Пугачёва ӯро ором карду изҳор дошт, ки дар саҳна на барои ҷой, балки барои мардум ҳунарнамоӣ кунад.
Модараш Наҷиба (дар гузориши шабакаи 1 - Надежда) Усмонова изҳор дошт, ки Манижа он чиро, ки мехост, баён кунад аз ин минбар ба оммаи беш аз 400 миллион нафарӣ гуфт.
Манижа бо суруди "Зани рус", бо гирифтани 204 хол - 104 овоз аз ҷониби доварон ва 100 овоз аз тарафи тамошобинон дар озмуни Евровидение ба даҳгонаи беҳтарин дохил шуд.
Гурӯҳи роксарои итолиёвии Måneskin дар Eвровидение - 2021 пирӯз гардид.