https://sputnik.tj/20210524/zhirinovskiy-manizha-evrovidenie-2021-1039694828.html
Жириновский ҳунарнамоии Манижаро дар Евровидение - 2021 шармовар хонд
Жириновский ҳунарнамоии Манижаро дар Евровидение - 2021 шармовар хонд
Sputnik Тоҷикистон
Роҳбари Ҳизби либерал демократи Русия, Владимир Жириновский зимни мулоқот бо ҷавонон дар даври ниҳоии озмуни кадрҳои дохилиҳизбии "Роҳбарҳои ҲЛДР 3.0", ҳунарнамоии Манижа Сангинро дар озмуни Евровидение - 2021 шармовар хонд.
2021-05-24T14:10+0500
2021-05-24T14:10+0500
2021-05-24T16:02+0500
евровидение - 2021: зодаи тоҷикистон, намояндаи русия
фарҳанг
владимир жириновский
манижа сангин
дар русия
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/07e5/02/09/1032790390_0:9:1735:985_1920x0_80_0_0_535ff4c3927656d4b3187ec236b2c138.jpg
ДУШАНБЕ, 24 май - Sputnik. Роҳбари Ҳизби либерал - демократи Русия, Владимир Жириновский зимни мулоқот бо ҷавонон дар даври ниҳоии озмуни кадрҳои дохилиҳизбии "Роҳбарҳои ҲЛДР 3.0", ҳунарнамоии Манижа Сангинро дар озмуни Евровидение - 2021 шармовар хонд.Сиёсатмадори рус инчунин пирӯзии овозхон Томас Нойвиртро, ки дар нақши зани ришдор Кончита Вурст дар соли 2014 баромад намуда буд, мисол оварда гуфт, ӯ барои ғолиб омадан дар ин озмун чунин нақшро бозӣ кард.Зимнан, Жириновский шояд иштибоҳан, Манижаро "Машина" гуфта, афзуд, ки набояд ӯро ҳамчун намояндаи Русия ба ин ҷашнвора роҳ дод."Аммо иҷозат доданд ва акнун ҷойи 9 - умро ишғол кард. Ҳоло кӣ барои ин кор ҷавоб медиҳад? Дар Италия боз озмун доир мешаваду намояндаи онҳо соли гузашта низ ғолиб меояд, аммо мо пирӯз намешавем", - бо ҷаҳл афзудааст вакили рус.Ёдовар мешавем, ки гурӯҳи рок Måneskin аз Италия бо суруди Zitti e buoni ғолиби Евровидение - 2021 дониста шуд. Манижа, ки дар рақами 5 дар финал бо суруди Russian Woman баромад кард, бо 204 хол дар ҷои 9-ум қарор гирифт.
https://sputnik.tj/20210524/bozgashti-manizha-nasihati-alla-pugachyova-video-1039690957.html
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
2021
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
Хабарҳо
tg_TJ
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/07e5/02/09/1032790390_167:0:1698:1148_1920x0_80_0_0_46f34f1dfea47a5d37c376b54a09a389.jpgSputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
владимир жириновский, евровидение - 2021, манижа сангин
владимир жириновский, евровидение - 2021, манижа сангин
Жириновский ҳунарнамоии Манижаро дар Евровидение - 2021 шармовар хонд
14:10 24.05.2021 (Навсозишуда: 16:02 24.05.2021) Мақоми Манижа Сангинро дар ҷашнвораи мусиқии Евровидение - 2021 ҳарчанд баъзеҳо воло хонда ба ӯ таҳсину офарин мехонданд, вале Владимир Жириновский баромади намояндаи Русияро шармовар хонд
ДУШАНБЕ, 24 май - Sputnik. Роҳбари Ҳизби либерал - демократи Русия, Владимир Жириновский зимни мулоқот бо ҷавонон дар даври ниҳоии озмуни кадрҳои дохилиҳизбии "Роҳбарҳои ҲЛДР 3.0", ҳунарнамоии Манижа Сангинро дар озмуни Евровидение - 2021 шармовар хонд.
"Ҷои нӯҳум шармандагӣ аст! Кишвари бузург - ва ҷои нӯҳум! Барои пирӯзӣ ҷаззобият лозим аст. Танҳо баромада, даҳон кушодан - овози зебо, мусиқӣ, калимаҳо арзиш надорад... Ҷаззобият лозим аст", - афзудааст Жириновский.
Сиёсатмадори рус инчунин пирӯзии овозхон Томас Нойвиртро, ки дар нақши зани ришдор Кончита Вурст дар соли 2014 баромад намуда буд, мисол оварда гуфт, ӯ барои ғолиб омадан дар ин озмун чунин нақшро бозӣ кард.
Зимнан, Жириновский шояд иштибоҳан, Манижаро "Машина" гуфта, афзуд, ки набояд ӯро ҳамчун намояндаи Русия ба ин ҷашнвора роҳ дод.
"Аммо иҷозат доданд ва акнун ҷойи 9 - умро ишғол кард. Ҳоло кӣ барои ин кор ҷавоб медиҳад? Дар Италия боз озмун доир мешаваду намояндаи онҳо соли гузашта низ ғолиб меояд, аммо мо пирӯз намешавем", - бо ҷаҳл афзудааст вакили рус.
Ёдовар мешавем, ки гурӯҳи рок Måneskin аз Италия бо суруди Zitti e buoni ғолиби Евровидение - 2021 дониста шуд.
Манижа, ки дар рақами 5 дар финал бо суруди Russian Woman баромад кард, бо 204 хол дар ҷои 9-ум қарор гирифт.