Ҷаҳони Ислом дар остонаи муттаҳидшавӣ қарор дорад

© AP / Mohammed HajjarРазрушенные здания в Секторе Газа, фото из архива
Разрушенные здания в Секторе Газа, фото из архива  - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 14.11.2024
Обуна шудан
11 ноябри соли 2024 ғайричашмдошт дар Риёз нишасти изтирории арабӣ-исломӣ бахшида ба мушкилоти Фаластин баргузор шуд
ДУШАНБЕ, 14 ноя — Sputnik, Александр Дугин. Ширкати якҷояи ду душмани ашадӣ - раисиҷумҳури Сурия Башор Асад ва раисиҷумҳури Туркия Раҷаб Тайиб Эрдуғон дар ин нишаст қобили таваҷҷӯҳ аст.
Чанде қабл чунин ширкати якҷояи онҳо имконнопазир буд. Илова бар ин, Муҳаммад бин Салмон, раҳбари Арабистони Саудӣ дар суханронии худ на танҳо дар бораи Фаластин, балки дар бораи зарурати пуштибонӣ аз Эрон ва Ҳизбуллоҳ низ ҳарф зад, ки ин ҳам як ҳангоме аст, зеро Арабистони Саудӣ ва Эрон то ба наздикӣ душман маҳсуб мешуданд. Дар мавриди Ҳизбуллоҳ низ ҳамин тавр буд.
Ва ниҳоят, Муҳаммад бин Салмон дар суханронии худ мустақиман гуфт, ки ҳоло на танҳо мавҷудияти Фаластин, балки сарнавишти Масҷиди Ал-Ақсо, дувумин макони муқаддаси Ислом пас аз Макка низ зери суол аст.
Ёдовар мешавем, ки амалиёти Ҳамос барои таҷовуз ба Исроил 7 октябри соли 2023 "Тӯфони Ал-Ақсо" номида шуд ва бо таҳдиде, ки бар ин оромгоҳ фаро расида буд, асоснок карда шуд.
Эмомали Рахмон принял участие во внеочередном Совместном арабо-исламском саммите в городе Эр-Рияде  - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 12.11.2024
Ҷонибдории Тоҷикистон аз таъсиси Давлати Фаластин бо пойтахташ дар Байтулмуқаддаси Шарқӣ
Раҳбарони Ҳамос ба таври возеҳ интизор буданд, ки чунин нишасти изтирории арабӣ-исломӣ хеле пештар, масалан, фавран пас аз оғози амалиёти заминии Исроил дар Ғазза баргузор мешавад. Аз Ғазза ва раҳбарияти Ҳамос (ва Ҳизбуллоҳ ҳам ) тақрибан чизе ва касе боқӣ намондааст ва ин нишаст бошад, нав сурат гирифтааст.

Савол: Чаро ҳозир?

Маълум, ки ба сабаб Трамп мебошад, ки ҷонибдори собити саҳюнизми рост аст. Вай Нетаняҳуро фаъолона пуштибонӣ мекунад ва дар давоми давраи аввали президентии худ Байтулмуқаддасро (аз ҷониби аксари кишварҳои узви СММ қаламрави ишғолшуда ҳисобида мешавад) ба таври худкома ҳамчун пойтахти давлати Исроил эътироф кард. Эҳтимол, Трамп ният дорад, ки аз радикалҳо, ба мисли вазирони ҳукумати Нетаняҳу Безалел Смотрич, Бен Гвир ва раҳбари рӯҳонии онҳо Раббин Дов Лиор дастгирӣ кунад.
Ҳамаи онҳо ошкоро эълон мекунанд, ки Исроил бояд ҳарчи зудтар Масҷид Ал-Ақсоро тарконад, фаластиниёнро нобуд созад ва ҳатто Сурияро бо Димишқ тасарруф кунанд, то Исроили Бузургро аз баҳр то баҳр бунёд кунанд.
Пас аз интихоби Трамп, Безалел Смотрич ҷасорати бештар пайдо карда, мустақиман изҳор кард, ки ҳоло мо бояд ба нобуд кардани фаластиниҳо дар соҳили Ғарби Иордан шурӯъ кунем. Ва албатта, Ал-Ақсоро таркондан.
Раҳбари фаластиниҳо дар соҳили Ғарб ва рақиби сарсахти сиёсии Ҳамос Маҳмуд Аббос ҳар қадар талош кард, мавқеъи мӯътадилро ҳатто ҳангоми мушоҳидаи наслкушии мардуми худ дар Ғазза нигоҳ дорад, аз иродаи оҳанини саҳюнистҳо барои дар ҳалли ниҳоии мушкилоти Фаластин раҳо наёфт.
Выступление Эмомали Рахмона на встрече БРИКС+ и БРИКС и Глобальный Юг: вместе строим лучший мир 24.10.2024  - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 24.10.2024
Таҳдидҳои ҷаҳонӣ, иқлими Фаластин: чизи асосӣ аз суханронии Раҳмон дар нишасти БРИКС
Трамп ин равандҳоро суръат бахшид. Ҳоло ҷонибдорони мавқеъи мӯътадил дар равобит бо Ғарб умуман аз далелҳо бенасиб шуданд: Исроил тасмим гирифтааст, ки аҳолии фаластиниро аз Исроил несту ихроҷ кунад, масҷиди Ал-Ақсоро тахриб кунад ва ба сохтмони маъбади сеюм шурӯъ кунад. Ба гуфтаи саҳюнистҳо, ин роҳро барои зуҳури Мошияи яҳудӣ мекушояд.
Ҳамаи ин омилҳо пешвоёни ҷаҳони исломро водор сохт, ки зиддиятҳои дохилиро дар паҳлӯ гузошта, дар Риёз ҷамъ оянд.
Эрдуғон даъват кард, ки Исроил бойкот карда шавад. Муҳаммад бин Салмон ба расмият шинохтани Фаластин ва муттаҳид шудани тамоми кишварҳои исломӣ барои рафъи таҷовузи саҳюнистӣ алайҳи фаластиниҳо, Лубнон ва Эрон талаб кард. Ҳамзамон Исроил ба Сурия низ ҳамла меорад, аз ин рӯ ширкати Асад ва суханронии шадиди зиддиғарбиаш хеле рамзӣ буд.
Қутби исломии ҷаҳони бисёрқутбӣ ниҳоят бо таъхири бузург ҷанбаҳои намоён мегирад. Эҳтимол худи раҳбарони исломӣ канорагирӣ аз муттаҳидшавӣ ва созиш бо Ғарбро давом медоданд. Аммо ин ҳоло барои онҳо хавфнок гардидааст: аҳолии мусулмони кишварҳояшон чунин камфаъолии онҳоро дида, ҳар дақиқа нобудшавии оммавии фаластиниҳоро мушоҳида карда, тахриби оромгоҳи динии худро бо ваҳшат интизор буда, то ба кай ба ин тоб меорад.
Шояд аз нигоҳи дурнамои таърихӣ ин нишасти изтирории арабӣ-исломӣ муҳимтарин марҳилаи ҳамгироии исломӣ хоҳад шуд. Гап сари он аст, ки сохтани ҷаҳони бисёрқутбӣ шиори лаҳзавӣ нест. Ин тамоюли муҳимтарини сиёсати ҷахонӣ мебошад. Ғарб ва Иёлоти Муттаҳидаи Амрико бешубҳа аз ӯҳдаи иҷрои нақши пешвои ҷаҳонӣ намебароянд.
Последствия ударов Израиля по Ливану  - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 21.10.2024
Исроил барои ҳалли низоъ бо Лубнон шарт гузоштааст: Он чист?
Ҳарчанд Трампи муҳофизакор (консерватор), ки мухолифи глобализм аст, дар Вашингтон сари қудрат меояд, Амрико ба гумон аст, ки қудрати на танҳо дарозмуддат, балки ҳатто кӯтоҳмуддат нигоҳ доштани гегемонияи худро дорад. Трамп метавонад Иёлоти Муттаҳидаро дар дохил мустаҳкам кунад ва мушкилоти зиёдеро ҳал кунад.
Истисно кардан мумкин нест, ки ӯ ваъдаҳояшро иҷро мекунад ва Амрикоро дубора бузург хоҳад кард, аммо ин танҳо ба худи Амрико дахл дорад. Боқимондаи инсоният бо роҳи худ пеш рафта, тамаддуни худро ҳарҷониба мустаҳкам мекунад, соҳибихтиёрии комил ва бисёрзинаи худро барқарор мекунад.
Ғарб низ ба мақоми яке аз вилоятҳои башарият розӣ шуда, метавонад ба ҷаҳони бисёрқутбӣ ва бар пояи басо арзанда мувофиқат кунад, аммо дар қабули қарорҳои ҷаҳонӣ ва муайян кардани қоидаву меъёрҳои умумибашарӣ дигар ҳеҷ гоҳ қудрати ягона ва олӣ нахоҳад буд. Аз ин рӯ, бисёрқутбӣ бебозгашт ва ғайриалтернативӣ аст.
Ин барои ҷаҳони ислом чӣ маъно дорад? Зарурати ҳамгироӣ, таъсиси як сохтори нави боломиллӣ, ки метавонад тавоноии бузурги тамоми уммати мусалмонро муттаҳид созад ва ба ин васила як қутби комилро ба вуҷуд орад.
Имрӯз ҳеҷ як давлати исломӣ дар алоҳидагӣ қодир нест, ки дар танҳоӣ нақши қутби ин тамаддунро иҷро кунад ва ё меҳвари ҳамгироӣ дониста шавад. Арабистони Саудӣ, Туркия, Эрон, Индонезия, Покистони дорои силоҳи ҳастаӣ, Миср ва ғайра комилан мустақиланд, аммо ҳеҷ яке аз онҳо рисолати муттаҳид кардани ҳамаро ба ӯҳда гирифта наметавонад. Аз ин рӯ, барои муттаҳидсозии ҷаҳони ислом як лоиҳаи комилан нав лозим аст.
Израильские  танки и бронетранспортеры на севере Израиля - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 06.10.2024
"Ҳизбуллоҳ" гуфт, ки то ҳол нагузоштааст, ки артиши Исроил вориди хоки Лубнон шавад
Саволе, ки барои ҳамгироии исломӣ кадом идеология ва ё кадом намунаи ибрат гирифтан мумкин аст, хеле пештар ба миён омада буд. Ҳанӯз дар марҳилаи аввали муборизаи зидди мустамликадорӣ бо Ғарб донишмандони исломӣ ба пешниҳоди вариантҳои гуногуни чунин иттиҳод шурӯъ карданд.
Ҳоло мо вариантҳои ғарбии сиёсат – либерализм, сотсиализм ва миллатгароиро баррасӣ намекунем, ки бо сабабҳои маълум асоси таълимотии ҳамгироии исломӣ шуда наметавонанд.
Варианти беҳтар лоиҳаҳое буданд, ки ба исломи пок асос ёфтаанд. Дар ин ҷо назарияшиносони исломӣ аз мардумони уммат даъват карданд, ки расму русуми миллиро тарк кунанд ва танҳо дар асоси шариат муттаҳид шаванд.
Бештари вақт дар ин маврид ду хилофати аввал – хилофати араб, ки паёмбар Муҳаммад дар ҳудуди нимҷазираи Араб ба вуҷуд оварда буд ва Умавиён бо марказаш дар Димишқ, ки соли 661 таҳти ҳукмронии Муовия, ки шашумин халифаи араб ва аввалин халифаи Умавиён буд, ба инобат гирифта мешуданд.
Намунаи Хилофати аввал дар ваҳҳобия, ки дини расмии Арабистони Саудӣ аст, равшантар ифода ёфтааст. Дар ин ҷо тамоми мазҳабҳои ислом, ки хеле дертар ташаккул ёфтаанд, инчунин ҳама гуна урфу одатҳои маҳаллӣ рад карда мешаванд, ғайр аз ин, тамоми анъанаҳои тафсири Қуръон ва суннат рад карда мешаванд. Яъне як нусхаи комилан соддашудаи дин аст, ки ба амалияҳои расму оин ва фаҳмиши аслии матнҳо такя кардааст. Ин дигар дин нест, балки як навъ идеология аст. Дар баробари ин, аз сабаби соддагии худ, он ба осонӣ барои ҳама дастрас аст.
XVI саммит БРИКС. Пленарное заседание XVI саммита БРИКС  в формате аутрич / БРИКС плюс - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 24.10.2024
Буҳрони Фаластин дар меҳвари нишасти БРИКС: кӣ чӣ гуфт?
Лоиҳаи ваҳҳобӣ як замон аз ҷониби Раёсати марказӣ-иктишофӣ ва умуман Иёлоти Муттаҳида барои муқобилият бо тамоюлҳои шӯравӣ дар ҷаҳони ислом ҳамчун асосии ҳаракати бунёдгаро фаъолона дастгирӣ карда мешуд. Ин самт “Ал-Қоида”* ва дигар сохторҳои террористиро дарбар мегирад.
Ягонагӣ бо ваҳҳоббия барои ҳамаи ҷамоатҳои исломӣ якҷо бо шиори мубориза бо кофирон пешниҳод гардида буд. Нақши "кофирҳо"-ро пеш аз ҳама мухолифони геополитикии Иёлоти Муттаҳида мебозиданд.
Солҳои 90-уми садаи бистум ниёз ба ваҳҳобиро аз ҷониби Ғарб коҳиш ёфт ва сохторҳои террористии мазҳабӣ ва сиёсии бекормонда сӯи хоҷагони худ ҳамла сар карданд.
Дар натиҷа худи Ғарб маҷбур шуд, ки ба муқобили "Ал-Қоида* ва шарикони он мубориза оғоз кунад. Ва дар маҷмӯъ ҷолибияти ваҳҳобия дар миёни мусалмонон бошиддат поин рафт ва лоиҳаи бозгашт ба Хилофати аввал аз байн рафт.
Хеле наздик ба ваҳҳобия як ҷунбиши дигаре дар ислом салафия аст. Он на ба хилофати аввал, балки ба хилофати дувумӣ такя мекунад. Ин аллакай давлатдории комилҳуқуқ буд, дар ҳоле ки Хилофати аввал бар пояи пешвои динии эътирофшуда ва як ҷамъияти мусаллаҳи диндорон буд.
Тарафдорони муборизаи зиддимустамликавӣ дар ҷаҳони ислом ҳатто пештар аз ваҳҳобия ба салафия рӯ оварда, ғояи давлати ягонаи исломии ҷаҳониро ба майдон оварданд. Дар ин ҷо анъанаҳои маҳаллӣ низ шадидан рад карда мешуданд, вале дар робита ба мактабҳо ва ҳатто баъзе вариантҳои исломи ботинӣ, тасаввуф (ки ваҳҳобиён онро қатъиян рад мекунанд) муносибат хеле нармтар буд.
Огонь на сельскохозяйственном поле после воздушного налета Израиля на окраине города Тир, Ливан - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 03.01.2024
Намояндаи Ҳамос зимни ҳамлаи Исроил ба Бейрут кушта шуд: "Ҳизбуллоҳ" ваъдаи посух дод
Ҳамин тариқ, ҷунбиши салафияи "Бародарони мусалмон"* бар пояи тариқаи суфиёни Миср ва ақидаҳои сӯфии маъруф Ғазолӣ асос ёфтааст. Аммо баъдтар ин ҷараён торафт соддатар ва камтар сӯфиёнатар шуд. Зимнан, Ҳамос ҳамчун як бахши Ихвонулмуслимин* таъсис ёфтааст.
Салафия мисли ваҳҳобия ба тафсири содда ва лафзии Қуръон пофишорӣ мекард ва суннатҳои маҳаллиро рад мекард. Аммо таваҷҷуҳи асосӣ маҳз ба таъсиси як давлати исломӣ бидуни тафовут аз рӯи мансубият, ҷинсият, пайдоиш ва ғайра дода шуд. Ҳам Эрдуғон ва ҳам Қатар дар марҳилаҳои муайян ба сӯи салафия майл доштанд ва Толибони афғон бошад дар маркази Осиё намояндагони ин равияанд. Он дар Покистон, инчунин Индонезия ва Малайзия хеле маъмул аст.
Аксари гурӯҳҳои террористии исломӣ ақидаҳои салафия доранд. Аммо ҳатто дар мавриди салафиҳо бо намунаи ибрати худ дар Хилофати Умавӣ, ҳамгироии исломӣ пеш нарафт, зеро радикализм, радди шадиди вижагиҳои минтақавӣ ва шеваҳои террористии онҳо аз ҷониби аксарияти уммат рад карда шуд.
Салафиҳо кӯшиш карданд, ки дар баҳори араб нақши асосиро бозанд, аммо танҳо дар ҷангҳои дохилӣ ва нооромиҳо дар Тунис, Либия, Миср, Ироқ ва Сурия саҳм гузоштанд. Дар натиҷа на танҳо ҷанҷол байни онҳо сар зад, балки худашон дар назди аксарияти мусалмонон бадном шуданд.
Эрдуғон як марҳилае хилофати чаҳорумро (охирин) дар маркази сиёсати худ қарор дод. Ин лоиҳа исломгароӣ (аз ақидаи салафӣ) ва миллатгароии туркро дар ҳам мепайвандад, гарчанде ки кемализми дунявӣ, ки дар Туркия реша гирифтааст, ба ин низом тамоман мувофиқат намекунад. Бо вуҷуди ин, намунаи Хилофати Усмонӣ аз ҷониби Эрдуғон, бахусус пеш аз табаддулоти соли 2016, ҷиддӣ баррасӣ мешуд.
Верховный лидер Ирана Али Хаменеи  - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 27.10.2024
Раҳбари олии Эрон аз посух ба ҳамлаи Исроил гуфт
Идеяи барқарор кардани Хилофати Усмонӣ ба манфиатҳои стратегии Туркия дар Баҳри Миёназамини Шарқӣ ҷавобгӯ буда метавонад даъвоҳои онро дар бораи назорат бар қаламравҳои шимолии Ироқ ва Сурия қонунӣ кунад ва инчунин як қатор давлатҳои араб, ки бо салафия ва "Бародарони мусулмон* бо ин ё он роҳ алокаманданд, ба ҷониби худ ҷалб кунад. Аммо ин стратегия низ, пеш аз ҳама, ба далели рад кардани бартарияти Туркия аз ҷониби кишварҳои араб, ки бозгашти туркҳо ба нақши асосӣ дар минтақа намехостанд, ноком шуд.
Бояд дар бораи лоиҳаи шиъа низ чанд сухан гуфт. Пас аз инқилоби исломии Эрон дар соли 1979, пешвои он Оятуллоҳ Ҳумайнӣ давраи нав - муборизаи халқҳо (пеш аз ҳама исломӣ) бар зидди гегемонияи Ғарби бединӣ ва материалистӣ эълон кард.
Хумайнӣ як шиъаи муътамад буд, дар Эрон як низоми вижаи ҳукумати шиъаро таъсис дод ва аз шиъаёни дигар кишварҳо, пеш аз ҳама Лубнон, ҳимоят мекард.
Аммо вай муътақид буд, ки даъвати ӯ ба тамоми мусалмонон нигаронида шудааст ва Оятуллоҳ Хумайнӣ онҳоро ба шӯриш алайҳи ҳукумати дунявии пасмустамлика ва таъсиси низоми ҳукумати исломӣ даъват мекард. Гузашта аз ин, ба ғайримусулмонон низ хитоб намуда, онҳоро ба исён бар зидди “шайтони бузург”, яъне тамаддуни ғарбӣ даъват мекард.
Ҳарчанд ақидаҳои Хумайнӣ дар Эрон пирӯз шуданд ва дар ҷаҳони шиъа пуштибонии густурда пайдо карданд, аммо сунниҳо ба онҳо бо нобоварӣ менигаристанд. Ба назари арабҳо, сухан дар бораи лоиҳаи форсӣ буд, ба мисли лоиҳаи туркии усмонӣ. Ҳамин тариқ, ин варианти иттиҳоди мусулмонон пазируфта нашуд.
Кандидат в президенты от Республиканской партии, бывший президент Дональд Трамп выступает на предвыборном митинге в субботу, 27 июля 2024 года, в Сент-Клауде, штат Миннесота. - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 10.11.2024
Сулҳовар ё ҷанговар: Трамп ба Осиёи Марказӣ чӣ меорад
Ҳатто чунин шарҳи мухтасари ғояҳои муттаҳидшавии умумиисломӣ дарҳол аз он шаҳодат медиҳад, ки чӣ аз даст рафтааст. Сухан дар бораи хилофати саввуми Аббосиён меравад. То ҳол ягон ҷунбиши исломӣ ба он муроҷиат накардааст. Ва ин боз ҳам аҷибтар аст, зеро маҳз дар давраи хилофати Аббосиён равшантарин ва мутаносибтарин замони шукуфоии исломро мебинем.
Аббосиён, ки дар Багдод ҳукмронӣ мекарданд (аз ин ҷо номи дигараш — Хилофати Бағдодӣ) форсу араб, Осиёи Миёна ва Африқои Шимолӣ, Байнаннаҳрайн ва Анатолия, сунниҳо ва шиаҳоро ба ҳам оштӣ медоданд. Дар ин давра тамоми мактабҳои тафсири ислом ташаккул ёфтанд.
Санъат, илм, фалсафа ва техника рушд меёфт. Дар он таълимоти асосии ирфонии тасаввуф ва шиъаи маънавӣ офарида шуд.
Файласуфони Аббосӣ Киндӣ, Форобӣ, Ибни Сино, Ҷобир ибни Ҳайён ба тамоми ҷаҳон маълум буданд ва аз ҷониби Аврупои асримиёнагӣ бо ҷидду ҷаҳд омӯхта шуда, ҳар як сухани онҳо ба тафсири бодиққат дода мешуд.
Хилофати Бағдод қуллаи мутлақи таърихи ислом, қуллаи болоравии он буд. Ва дар ин ҷо ваҳдати кулли мусулмонон на бо соддагардонии дин, балки бо мураккаб гардидани он, тафсири фалсафии бунёдӣ ва покизаи он таъмин гардид. Дини барои ҳама кушода, пеш аз ҳама, ақлҳои олиро даъват мекард, ки ба маъниҳои бепоёни Қуръон, суннат ва осори асили файласуфон, ирфон ва устодони ислом машғул шаванд.
Ғояҳои арабӣ бо форсӣ ҳамоҳанг буд ва дигар халқҳо саҳми худро мегузоштанд - туркҳо, курдҳо, барбарҳо ва ғайра. Ва муҳимтар аз ҳама он аст, ки ба нишасти изтирории арабӣ-исломӣ дар Риёз нигоҳ карда, хилофати Аббосиён ба хотир меояд. Тамоми кишварҳо ва ҷараёнҳои асосии ислом дар ин ҷо ҷамъ омада буданд.
Последствия ударов Израиля по Ливану  - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 14.10.2024
Караганов ҳамлаи Исроил ба Лубнонро бо надоштани силоҳи ҳастаии Эрон рабт дод
Тамаддуни исломӣ танҳо дар сурати муттаҳид шуданаш метавонад як қутби комили ҷаҳони бисёрқутбӣ бошад. Ва ин дафъа дар кадом асоси идеологӣ зуҳур мекунад, хеле муҳим аст. Худи намунаи аздастрафтаи Хилофати Бағдод ҷавобро пешниҳод мекунад.
Муроҷиат ба Хилофати Бағдод ҳамчунин метавонад роҳи ҳалли мушкили Ироқ бошад. Ин, албатта, дар қиёс бо лоиҳаи умумии иттиҳоди исломӣ ҷузъиёт, вале хеле муҳим аст.
Дар ҳолати кунунии худ Ироқ маҳкуми фурӯпошӣ аст. Ягон ғоя ва идеологияе вуҷуд надорад, ки се қутби Ироқи муосир - арабҳои шиъа (аксарият), арабҳои суннӣ ва курдҳоро ҳатто то андозае бошад ҳам, наздик нигоҳ дорад.
Дар замони Саддом Ҳусейн, Ироқ дар заминаи Баасизм ва бартарияти дунявии арабҳои суннимазҳаб зиндагӣ мекард. Он ба пуррагӣ барҳам хурд. Лоиҳаҳои на шиъаҳо ва на салафиҳо (дар кӯшиши сохтани давлати исломӣ дар қаламрави Ироқ озмуда шудаанд) намегузаранд. Ва ин ҳатто дар бораи ишғоли Амрико нест. Агар амрикоиҳо раванд, низоъи шаҳрвандӣ ногузир аст.
Акнун тасаввур кунем, ки ҷаҳони ислом ба баррасии ҷиддии лоиҳаи "Хилофати Аббосиён 2.0" шурӯъ кардааст. Ба Байнаннаҳрайн, яъне Ироқ ҳамчун пойтахти рамзии он баргаштан аз рӯи мантиқ аст. Ин маънои онро дорад, ки Ироқ ба таври худкор як маркази муқаддасе мегардад, ки Араб, Эрон, Туркия, Мағриб, Ховари Миёна ва Осиёи Ҷанубиро дар мувозинат меорад. Саволи “сунниҳо ё шиъаҳо” аз байн бардошта мешавад.
Салафӣ ва ваҳҳобӣ ҳамчун як ақидаи умумӣ рад карда шудаанд, аммо онҳо шояд ҳамчун самтҳое вуҷуд дошта бошанд, аммо дигар асосӣ нестанд. Орзуи шиъаён, ки бо тамоми олами ислом дар як майдони ягона бошанд ва курдҳо, ки дигар бо марзҳои пасомустамликавӣ бурида намешаванд, амалӣ мешавад.
Туркҳо инчунин нақшаҳои ҳамгироии худро амалӣ мекунанд, то нуфузи худро берун аз қаламрави давлати миллӣ густариш диҳанд. Тавозуни байни эрониҳо ва арабҳо аз нав барқарор мешавад.
Президент Палестины Махмуд Аббас на пленарном заседании XVI саммита БРИКС в формате аутрич / БРИКС плюс  - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 24.10.2024
Ҳамос аз Русия хост, ки Аббосро муколамаи ваҳдати миллӣ ташвиқ кунад
Ин лаҳзаи эҳёи воқеии Ислом ҳамчун як қутби соҳибихтиёри ҷаҳони бисёрқутбӣ хоҳад буд. Ва Ироқ аз як кишвари тақсимшуда ба қаламрави шукуфоии нав табдил хоҳад ёфт.
Он чизе, ки 11 ноябри соли 2024 дар Риёз рух дод, метавонад як нуқтаи гардиш дар таърих бошад. Агар ҳамин рушд идома ёбад, муаррихон онро пас аз ин "оғози ташаккули қутби исломӣ дар шароити ҷаҳони бисёрқутбӣ" меноманд. Бале, ин муттаҳидшавӣ дар муқобили даъвати марговари Исроили саҳюнистӣ ва Ғарби дастаҷамъӣ сурат мегирад. Аммо аксар вақт ин тавр мешавад: вақте ки душмани даҳшатангези умумие, ки таҳдиди тахриби зиёратгоҳро мекунад, вуҷуд дорад, он гоҳ тамоми қувваҳо ҷамъ мешаванд, тамоми пешгӯиҳои таърихӣ, ривоятҳои қадим эҳё шуда, ҳаёти нав пайдо карда, мазмуни махфии худро ошкор мекунанд.
Мо намехоҳем, ки пешгӯӣ кунем. Маънои рамзии воқеаи руйдода равшан аст. Аммо мо намедонем, ки муносибати мантиқи маънавии таърих ва ҳолати бевоситаи воқеии он ин дафъа чӣ гуна инкишоф меёбад. Бо вуҷуди ин, мо ба ҳарчӣ дурусттар фаҳмидани аломатҳои вақт кӯшиш мекунем.
Лентаи хабарҳо
0