https://sputnik.tj/20241112/jonibdori-tojikiston-tasisi-davlati-falastin-poytakht-baytulmuqaddas-1065082345.html
Ҷонибдории Тоҷикистон аз таъсиси Давлати Фаластин бо пойтахташ дар Байтулмуқаддаси Шарқӣ
Ҷонибдории Тоҷикистон аз таъсиси Давлати Фаластин бо пойтахташ дар Байтулмуқаддаси Шарқӣ
Sputnik Тоҷикистон
Роҳбари кишвар дар Нишасти муштараки ғайринавбатии арабию исломӣ гуфт, ягона роҳи ҳалли мушкили мардуми Фаластин, ин таъссиси Давлати Фаластин мебошад
2024-11-12T09:36+0500
2024-11-12T09:36+0500
2024-11-12T09:36+0500
дар тоҷикистон
фаластин
эмомалӣ раҳмон
байтулмуқаддас
мушкилот
сиёсат
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/07e8/0b/0b/1065080941_69:111:1063:670_1920x0_80_0_0_3899d274cd24078553dc8fa68fee8abd.jpg
ДУШАНБЕ, 12 ноя — Sputnik. Президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар Саммити муштараки ғайринавбатии арабию исломӣ, ки дар шаҳри Риёзи Подшоҳии Арабистони Саудӣ мегузарад қайд кард, ки шиддат гирифтани задухурдҳои мусаллаҳона ва тамоюли тавсеаи майдони онҳо, инчунин печидатар шудани буҳрони башарӣ дар ин минтақа боиси нигаронии амиқаш гардидааст.Вай зимни суханрониаш таъкид кард, ки бо гузашти зиёда аз як сол аз оғози задухурдҳои мусаллаҳона дар минтақаи Ғаззаи Фаластин ҳама гуна талошҳо дар роҳи эҷоди мусолиҳа миёни ҷонибҳои даргир бенатиҷа боқӣ мондаанд.“Мо бори дигар аз тарафҳои даргир даъват менамоем, ки ҳамаи ихтилофотро танҳо аз роҳҳои гуфтушунид ва тавассути абзорҳои дипломатӣ бо истинод ба усулу меъёрҳои эътирофшудаи ҳуқуқи байналмилалӣ, бахусус Оинномаи Созмони Милал ҳал намоянд”,- қайд кард роҳбари кишвар.Президенти зимни суханрониаш аз ҳамаи кишварҳои минтақа ва ҷаҳон даъват кард, ки бо мақсади пешгирӣ аз як ҷанги доманадор дар минтақаи Ховари Миёна дар рӯҳияи ҳамбастагӣ ва ҳусни эътимоду созандагӣ иқдомҳои бештар муассир андешанд.Вай афзуд, ки ҳалли воқеии қазияи Фаластин ва таъмини сулҳи одилонаву пойдор дар минтақа танҳо тавассути иҷрои қатъномаҳои Созмони Милали Муттаҳид оид ба ташкили Давлати мустақилу соҳибихтиёри Фаластин имконпазир мебошад.Кишвардори Тоҷикистон қайд кард, ки ин роҳест, ки тавассути он мардуми Фаластин метавонанд ҳаққи аслии миллии худро ҳамчун субъекти мустақили ҷомеаи ҷаҳонӣ дар асоси усулҳои эътирофшудаи муносибатҳои байнидавлатӣ амалӣ намоянд.Ҳамин тавр, дастгирӣ аз саъю кӯшишҳои минбаъда барои аз нав оғоз кардани раванди муколамаи бисёрҷонибаи сиёсӣ барои ноил шудан ба ҳалли қазияро роҳбари Тоҷикистон муҳим арзёбӣ кард.Ӯ зарур шумурд, ки дар марҳалаи кунунӣ кишварҳои аъзои Созмон дар асоси нақшаи мақсадноки башардӯстона барои расонидани кумакҳои лозима ва таъхирнопазир ба мардуми Фаластин тадбирҳои муассир андешанд.Эмомалӣ Раҳмон таъкид кард, ки Тоҷикистон ба қадри имкон дар ин кор саҳм гирифтааст ва дар оянда низ ҳисса хоҳад гузошт.
https://sputnik.tj/20241024/tahdid-jahon-iqlim-falastin-sukhanroni-rahmon-briks-1064848356.html
фаластин
байтулмуқаддас
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
2024
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
Хабарҳо
tg_TJ
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/07e8/0b/0b/1065080941_79:0:1046:725_1920x0_80_0_0_d2e501a9e1dd6e86a674fac14025bce9.jpgSputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
тоҷикистон, байтулмуқаддас, исроил, фаластин, арабистони саудӣ, сиёсат, раҳмон, таъсис давлати фаластин
тоҷикистон, байтулмуқаддас, исроил, фаластин, арабистони саудӣ, сиёсат, раҳмон, таъсис давлати фаластин
Ҷонибдории Тоҷикистон аз таъсиси Давлати Фаластин бо пойтахташ дар Байтулмуқаддаси Шарқӣ
Роҳбари кишвар дар Нишасти муштараки ғайринавбатии арабию исломӣ гуфт, ягона роҳи ҳалли мушкили мардуми Фаластин, ин таъссиси Давлати Фаластин мебошад
ДУШАНБЕ, 12 ноя — Sputnik. Президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар Саммити муштараки ғайринавбатии арабию исломӣ, ки дар шаҳри Риёзи Подшоҳии Арабистони Саудӣ мегузарад қайд кард, ки шиддат гирифтани задухурдҳои мусаллаҳона ва тамоюли тавсеаи майдони онҳо, инчунин печидатар шудани буҳрони башарӣ дар ин минтақа боиси нигаронии амиқаш гардидааст.
Вай зимни суханрониаш таъкид кард, ки бо гузашти зиёда аз як сол аз оғози задухурдҳои мусаллаҳона дар минтақаи Ғаззаи Фаластин ҳама гуна талошҳо дар роҳи эҷоди мусолиҳа миёни ҷонибҳои даргир бенатиҷа боқӣ мондаанд.
“Мо бори дигар аз тарафҳои даргир даъват менамоем, ки ҳамаи ихтилофотро танҳо аз роҳҳои гуфтушунид ва тавассути абзорҳои дипломатӣ бо истинод ба усулу меъёрҳои эътирофшудаи ҳуқуқи байналмилалӣ, бахусус Оинномаи Созмони Милал ҳал намоянд”,- қайд кард роҳбари кишвар.
Президенти зимни суханрониаш аз ҳамаи кишварҳои минтақа ва ҷаҳон даъват кард, ки бо мақсади пешгирӣ аз як ҷанги доманадор дар минтақаи Ховари Миёна дар рӯҳияи ҳамбастагӣ ва ҳусни эътимоду созандагӣ иқдомҳои бештар муассир андешанд.
Вай афзуд, ки ҳалли воқеии қазияи Фаластин ва таъмини сулҳи одилонаву пойдор дар минтақа танҳо тавассути иҷрои қатъномаҳои Созмони Милали Муттаҳид оид ба ташкили Давлати мустақилу соҳибихтиёри Фаластин имконпазир мебошад.
“Тоҷикистон аз таъсиси Давлати Фаластин бо пойтахти он дар Байтулмуқаддаси Шарқӣ дар марзҳои соли 1967 ҷонибдорӣ мекунад”-қайд кард Эмомалӣ Раҳмон.
Кишвардори Тоҷикистон қайд кард, ки ин роҳест, ки тавассути он мардуми Фаластин метавонанд ҳаққи аслии миллии худро ҳамчун субъекти мустақили ҷомеаи ҷаҳонӣ дар асоси усулҳои эътирофшудаи муносибатҳои байнидавлатӣ амалӣ намоянд.
Ҳамин тавр, дастгирӣ аз саъю кӯшишҳои минбаъда барои аз нав оғоз кардани раванди муколамаи бисёрҷонибаи сиёсӣ барои ноил шудан ба ҳалли қазияро роҳбари Тоҷикистон муҳим арзёбӣ кард.
Ӯ зарур шумурд, ки дар марҳалаи кунунӣ кишварҳои аъзои Созмон дар асоси нақшаи мақсадноки башардӯстона барои расонидани кумакҳои лозима ва таъхирнопазир ба мардуми Фаластин тадбирҳои муассир андешанд.
Эмомалӣ Раҳмон таъкид кард, ки Тоҷикистон ба қадри имкон дар ин кор саҳм гирифтааст ва дар оянда низ ҳисса хоҳад гузошт.