https://sputnik.tj/20241014/karaganov-hamla-isroil-lubnonro-siloh-hastai-eron-1064700410.html
Караганов ҳамлаи Исроил ба Лубнонро бо надоштани силоҳи ҳастаии Эрон рабт дод
Караганов ҳамлаи Исроил ба Лубнонро бо надоштани силоҳи ҳастаии Эрон рабт дод
Sputnik Тоҷикистон
Коршинос бар ин назар аст, ки Эрон ҳақ дорад, ки силоҳи ҳастаӣ дошта бошад, зеро дар амал кишварҳое, ки онро надоранд, ҳадафи таҷовуз мешаванд
2024-10-14T10:45+0500
2024-10-14T10:45+0500
2024-10-14T10:55+0500
исроил
эрон
сиёсат
дар ҷаҳон
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/07e8/0a/07/1064616807_0:320:3072:2048_1920x0_80_0_0_91baad42645db161a12489008481567d.jpg
ДУШАНБЕ, 14 окт — Sputnik. Агар Эрон силоҳи ҳастаӣ медошт, Исроил дар Фаластин наслкушӣ намекард ва ба Лубнон ҳамла намекард. Дар ин бора ба РИА "Новости" директори илмии факултети иқтисоди ҷаҳонӣ ва сиёсати ҷаҳонии Донишгоҳи Миллии Тадқиқотӣ дар Мактаби олии иқтисоди Русия Сергей Караганов хабар дод. Вай таъкид кард, ки на ҳама кишварҳо бояд ин гуна силоҳро гиранд, онҳо бояд "элитаи ҷиддӣ ва иқтидори ҷиддии технологӣ" дошта бошанд ва баъзе кишварҳо, аз қабили Ҷопон ва Олмон, ки дар генотсиди миллионҳо одамон дар назди ҷаҳон гунаҳкоранд, наметавонанд даъвои ҳуқуқи ба даст овардани яроқи ядроиро дошта бошанд.Қаблан гурӯҳи 39-нафараи вакилони порлумони Эрон бо дархости бознигарии доктринаи дифоии ин кишвар, бахусус иҷозаи эҷоди силоҳи ҳастаӣ ба далели таҳдиди ҳамлаи Исроил ба Шӯрои олии амнияти миллии Ҷумҳурии Исломӣ муроҷиат карда буданд.Исроил аз 1 октябри соли ҷорӣ алайҳи нирӯҳои "Ҳизбуллоҳ" дар ҷануби Лубнон амалиёти заминӣ анҷом дода, бомбборони ҳавоии кишвари ҳамсояро идома медиҳад, ки дар он аллакай беш аз 2,3 ҳазор нафар, аз ҷумла раҳбарони ҷунбиши шиъаён кушта ва беш аз як миллион нафар гуреза шудаанд. Бо вуҷуди талафот, аз ҷумла дар ҳайати фармондеҳӣ, "Ҳизбуллоҳ" набардҳои заминӣ мебарад ва ҳамлаҳои мушакӣ ба қаламрави Исроилро қатъ намекунад.
https://sputnik.tj/20241007/pentagon-ima-bozdosht-eron-isroil-kumak-1064609313.html
исроил
эрон
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
2024
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
Хабарҳо
tg_TJ
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/07e8/0a/07/1064616807_171:0:2902:2048_1920x0_80_0_0_90e4561b9714270e619a903778f5bcb6.jpgSputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
караганов ҳамла исроил лубнон силоҳ ҳастаӣ эрон
караганов ҳамла исроил лубнон силоҳ ҳастаӣ эрон
Караганов ҳамлаи Исроил ба Лубнонро бо надоштани силоҳи ҳастаии Эрон рабт дод
10:45 14.10.2024 (Навсозишуда: 10:55 14.10.2024) Коршинос бар ин назар аст, ки Эрон ҳақ дорад, ки силоҳи ҳастаӣ дошта бошад, зеро дар амал кишварҳое, ки онро надоранд, ҳадафи таҷовуз мешаванд
ДУШАНБЕ, 14 окт — Sputnik. Агар Эрон силоҳи ҳастаӣ медошт, Исроил дар Фаластин наслкушӣ намекард ва ба Лубнон ҳамла намекард.
Дар ин бора ба РИА "Новости" директори илмии факултети иқтисоди ҷаҳонӣ ва сиёсати ҷаҳонии Донишгоҳи Миллии Тадқиқотӣ дар Мактаби олии иқтисоди Русия Сергей Караганов хабар дод.
"Агар Эрон силоҳи ҳастаӣ медошт, Исроил наслкушӣ дар Фаластинро намекард ва ҳоло ҳам кӯшиши наслкушӣ дар Лубнон намекард. Чизи дигар он, ки ман зидди истифодаи яроқи ядроӣ ҳастам. Аммо Эрон ҳақ дорад, ки онро дошта бошад, зеро мо дидем, ки кишварҳое, ки силоҳи ҳастаӣ надоранд, ҳадафи таҷовуз мешаванд”, - гуфт Караганов.
Вай таъкид кард, ки на ҳама кишварҳо бояд ин гуна силоҳро гиранд, онҳо бояд "элитаи ҷиддӣ ва иқтидори ҷиддии технологӣ" дошта бошанд ва баъзе кишварҳо, аз қабили Ҷопон ва Олмон, ки дар генотсиди миллионҳо одамон дар назди ҷаҳон гунаҳкоранд, наметавонанд даъвои ҳуқуқи ба даст овардани яроқи ядроиро дошта бошанд.
Қаблан гурӯҳи 39-нафараи вакилони порлумони Эрон бо дархости бознигарии доктринаи дифоии ин кишвар, бахусус иҷозаи эҷоди силоҳи ҳастаӣ ба далели таҳдиди ҳамлаи Исроил ба Шӯрои олии амнияти миллии Ҷумҳурии Исломӣ муроҷиат карда буданд.
Исроил аз 1 октябри соли ҷорӣ алайҳи нирӯҳои "Ҳизбуллоҳ" дар ҷануби Лубнон амалиёти заминӣ анҷом дода, бомбборони ҳавоии кишвари ҳамсояро идома медиҳад, ки дар он аллакай беш аз 2,3 ҳазор нафар, аз ҷумла раҳбарони ҷунбиши шиъаён кушта ва беш аз як миллион нафар гуреза шудаанд.
Бо вуҷуди талафот, аз ҷумла дар ҳайати фармондеҳӣ, "Ҳизбуллоҳ" набардҳои заминӣ мебарад ва ҳамлаҳои мушакӣ ба қаламрави Исроилро қатъ намекунад.