https://sputnik.tj/20240103/namoyanda-hamos-hamla-isroil-beyrut-kushta-hizbulloh-posukh-1061153858.html
Намояндаи Ҳамос зимни ҳамлаи Исроил ба Бейрут кушта шуд: "Ҳизбуллоҳ" ваъдаи посух дод
Намояндаи Ҳамос зимни ҳамлаи Исроил ба Бейрут кушта шуд: "Ҳизбуллоҳ" ваъдаи посух дод
Sputnik Тоҷикистон
Дар пайи куштори намояндаи Ҳамос Ҷунбиши Ҳизбуллоҳи Лубнон ваъда додааст, ки посухи сангине ба Исроил хоҳанд дод ва барои ин омодаанд
2024-01-03T11:20+0500
2024-01-03T11:20+0500
2024-01-04T15:06+0500
ҳамос
дар ҷаҳон
сиёсат
исроил
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/07e7/04/08/1056311824_0:320:3073:2048_1920x0_80_0_0_341159cf14e60cd434cfd3f10665488a.jpg
ДУШАНБЕ, 3 янв — Sputnik. Намояндаи Ҳамос дар Лубнон Солеҳ Ал-Арурӣ бар асари таркиш дар канораҳои ҷанубии Бейрут кушта шуд. Амалиёти аз байн бурдани сиёсатмадорро ба навиштаи The Washington Post бо истинод ба Пентагон Исроил анҷом додааст. Sputnic Arabic хабар додааст, ки марҳум дар пойтахти Лубнон мебоист бо раҳбари Ҳизбуллоҳи Лубнон Ҳасан Насруллоҳ мулоқот мекард. Бар асари таркиши дафтари Ҳамос ҳамчунин шаш тани дигар низ ҳалок шудааст.Ҷунбиши Ҳизбуллоҳи Лубнон ваъда додааст, ки ба марги муовини раиси дафтари сиёсии Ҳамос Солеҳ ал-Арурӣ посух хоҳад дод, хабар медиҳад расонаҳои Ховари Миёна. Дар ин санад ҳамчунин таъкид мешавад, ки ҷангиёни он барои амалиёти ҷавобӣ дар ҳолати омодабош қарор доранд. "Ҳизбуллоҳ" ҳамлаи ҳавопаймои бидуни сарнишин ба дафтари гурӯҳи фаластинии Ҳамос дар канораҳои ҷанубии Бейрутро, ки Ал-Арурӣ кушта шуд, “ҳамлаи ҷиддие ба Лубнон, мардум, амният ва соҳибихтиёрии он (...) ва таҳаввулоти хатарнок номид". Сухангӯи вазорати хориҷаи Эрон Носир Канъонӣ гуфт, Теҳрон қатли Солеҳ ал-Аруриро аз ҷониби Исроил маҳкум мекунад.Дар ҳамин ҳол, Исроил то ҳол расман эълом накардааст, ки нерӯҳои дифои Исроил ҳамлаеро, ки боиси марги яке аз раҳбарони Ҳаммос шуд, анҷом додааст. Сухангӯи артиш Даниел Ҳогарӣ дар брифинг гуфт, ки омодагии артиш дар сатҳи хеле баланд қарор дорад. "Мо дар ҳолати омодагии баланд ба ҳама гуна сенария ҳастем",- таъкид кард Ҳогарӣ, аммо дар бораи марги ал-Арурӣ ёдовар нашуд. Исроил қаблан гуфта буд, ки барои аз байн бурдани аъзои Ҳаммос дар хориҷ аз Ғазза, аз ҷумла дар Лубнон, Қатар ва Туркия талош хоҳад кард. Рӯзи сешанбе расонаҳои Ховари Миёна гузориш доданд, ки нахуствазири Лубнон Наҷиб Микатӣ дар бораи ин ҳамла ба Шӯрои Амнияти СММ шикоят бурда ва хостори иқдоми зидди Исроил шудааст.
https://sputnik.tj/20231218/falastin-isroil-sistema-tandurusti-ghazza-nest-1060961824.html
исроил
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
2024
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
Хабарҳо
tg_TJ
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/07e7/04/08/1056311824_39:0:2770:2048_1920x0_80_0_0_41a9f8a0fa07e8ab41372ad118267ee0.jpgSputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
намоянда ҳамос ҳамла исроил бейрут кушта "ҳизбуллоҳ" ваъда посух
намоянда ҳамос ҳамла исроил бейрут кушта "ҳизбуллоҳ" ваъда посух
Намояндаи Ҳамос зимни ҳамлаи Исроил ба Бейрут кушта шуд: "Ҳизбуллоҳ" ваъдаи посух дод
11:20 03.01.2024 (Навсозишуда: 15:06 04.01.2024) Дар пайи куштори намояндаи Ҳамос Ҷунбиши Ҳизбуллоҳи Лубнон ваъда додааст, ки посухи сангине ба Исроил хоҳанд дод ва барои ин омодаанд
ДУШАНБЕ, 3 янв — Sputnik. Намояндаи Ҳамос дар Лубнон Солеҳ Ал-Арурӣ бар асари таркиш дар канораҳои ҷанубии Бейрут кушта шуд.
Амалиёти аз байн бурдани сиёсатмадорро ба навиштаи The Washington Post бо истинод ба Пентагон Исроил анҷом додааст.
Sputnic Arabic хабар додааст, ки марҳум дар пойтахти Лубнон мебоист бо раҳбари Ҳизбуллоҳи Лубнон Ҳасан Насруллоҳ мулоқот мекард.
Бар асари таркиши дафтари Ҳамос ҳамчунин шаш тани дигар низ ҳалок шудааст.
Ҷунбиши Ҳизбуллоҳи Лубнон ваъда додааст, ки ба марги муовини раиси дафтари сиёсии Ҳамос Солеҳ ал-Арурӣ посух хоҳад дод, хабар медиҳад расонаҳои Ховари Миёна.
"Мо тасдиқ мекунем, ки ин ҷиноят ҳеҷ гоҳ беҷавоб ва беҷазо нахоҳад монд", - омадааст дар изҳороти ҷунбиш.
Дар ин санад ҳамчунин таъкид мешавад, ки ҷангиёни он барои амалиёти ҷавобӣ дар ҳолати омодабош қарор доранд.
"Ҳизбуллоҳ" ҳамлаи ҳавопаймои бидуни сарнишин ба дафтари гурӯҳи фаластинии Ҳамос дар канораҳои ҷанубии Бейрутро, ки Ал-Арурӣ кушта шуд, “ҳамлаи ҷиддие ба Лубнон, мардум, амният ва соҳибихтиёрии он (...) ва таҳаввулоти хатарнок номид".
Сухангӯи вазорати хориҷаи Эрон Носир Канъонӣ гуфт, Теҳрон қатли Солеҳ ал-Аруриро аз ҷониби Исроил маҳкум мекунад.
Дар ҳамин ҳол, Исроил то ҳол расман эълом накардааст, ки нерӯҳои дифои Исроил ҳамлаеро, ки боиси марги яке аз раҳбарони Ҳаммос шуд, анҷом додааст.
Сухангӯи артиш Даниел Ҳогарӣ дар брифинг гуфт, ки омодагии артиш дар сатҳи хеле баланд қарор дорад.
"Мо дар ҳолати омодагии баланд ба ҳама гуна сенария ҳастем",- таъкид кард Ҳогарӣ, аммо дар бораи марги ал-Арурӣ ёдовар нашуд.
Исроил қаблан гуфта буд, ки барои аз байн бурдани аъзои Ҳаммос дар хориҷ аз Ғазза, аз ҷумла дар Лубнон, Қатар ва Туркия талош хоҳад кард.
Рӯзи сешанбе расонаҳои Ховари Миёна гузориш доданд, ки нахуствазири Лубнон Наҷиб Микатӣ дар бораи ин ҳамла ба Шӯрои Амнияти СММ шикоят бурда ва хостори иқдоми зидди Исроил шудааст.