https://sputnik.tj/20241027/rahbari-olii-eron-az-posukh-ba-hamlai-isroil-guft----1064876391.html
Раҳбари олии Эрон аз посух ба ҳамлаи Исроил гуфт
Раҳбари олии Эрон аз посух ба ҳамлаи Исроил гуфт
Sputnik Тоҷикистон
Хоманаӣ хостори нишон додани тавоноӣ ва қудрати кишвараш гардиду гуфт ҳар кӣ мехоҳад дар амн бошад, бояд қудрат тавонӣ дошта бошад 27.10.2024, Sputnik Тоҷикистон
2024-10-27T19:12+0500
2024-10-27T19:12+0500
2024-10-28T00:52+0500
эрон
оятуллоҳ хоманаӣ
исроил
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/07e8/0a/1c/1064879524_0:93:2454:1473_1920x0_80_0_0_c3c66ae02f0c6963f73af8694cfa9b51.jpg
ДУШАНБЕ, 27 окт — Sputnik. Мақомоти Эрон шакли вокуниш ба ҳамлаи Исроилро муайян хоҳанд кард.Дар ин бора Оятуллоҳ Алии Хоманаӣ, раҳбари олии Эрон, зимни як суҳбат бо хонаводаҳои қурбониёни ин ҳамла изҳор дошт.Хоманаӣ хостори нишон додани тавоноӣ ва қудрати кишвараш гардиду гуфт ҳар кӣ мехоҳад дар амн бошад, бояд қудрат тавонӣ дошта бошад.Вай гуфт, ки режими Исроил ҳоло дар Ғаззаву Лубнон тамоми марзҳоро убур кардааст ва бояд он боздошта шавад.Ба таъкиди ӯ, ҳоло дар ҷаҳон камбудии бузурге нисбат ба режими Исроил вуҷуд дорад. Ҳукуматҳо, миллатҳо, бахусус ҳукуматҳо, созмонҳои байналмилалӣ, аз қабили Созмони Милали Муттаҳид ва монанди инҳо дар масъалаи муқовимат бо давлати яҳудӣ воқеан ноком ҳастанд.Ӯ афзуд, ки ҷаҳон бояд бар зидди онҳо биистад, ҳукуматҳо бархезанд, бахусус ҳукуматҳои исломӣ бояд чора андешанд.Дар ҳамин ҳол раҳбари маҷлиси Шӯрои Исломӣ Муҳаммадбоқир Қолибоф низ дар як ҷаласаи фаврӣ гуфт, ки посухи Эрон ба ҳамлаи Исроил ҳатмист.Артиши Исроил шаби шанбе эълом карданд, ки дар чаҳорчӯби вокуниш ба ҳамлаҳои рӯзи 1 октябр ба мавзеъҳои низомӣ дар Эрон ҳамла кард.Дар ҷараёни ин ҳамла, ба гуфтаи Исроил, корхонаҳои мушакӣ, системаҳои мушакии "замин ба ҳаво" ва иншооти дифоъи ҳавоӣ зери зарба қарор гирифтанд.Дар ин амалиёт даҳҳо ҷанганда, ҳавопаймоҳои сӯзишворикаш ва иктишофӣ ширкат карданд.Дар пайи ин ҳамалот ҳамзамон чаҳор низомии Эрон ҳалок шуданд.
https://sputnik.tj/20241027/eron-guft-ba-hamlai-isroil-posukh-khohad-dod-1064873372.html
эрон
исроил
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
2024
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
Хабарҳо
tg_TJ
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/07e8/0a/1c/1064879524_11:0:2192:1636_1920x0_80_0_0_5dbd079d185a65d7d3814c9845fc0937.jpgSputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
эрон, оятуллоҳ хоманаӣ, исроил
эрон, оятуллоҳ хоманаӣ, исроил
Раҳбари олии Эрон аз посух ба ҳамлаи Исроил гуфт
19:12 27.10.2024 (Навсозишуда: 00:52 28.10.2024) Хоманаӣ хостори нишон додани тавоноӣ ва қудрати кишвараш гардиду гуфт ҳар кӣ мехоҳад дар амн бошад, бояд қудрат тавонӣ дошта бошад
ДУШАНБЕ, 27 окт — Sputnik. Мақомоти Эрон шакли вокуниш ба ҳамлаи Исроилро муайян хоҳанд кард.
Дар ин бора Оятуллоҳ Алии Хоманаӣ, раҳбари олии Эрон, зимни як суҳбат бо хонаводаҳои қурбониёни ин ҳамла изҳор дошт.
Хоманаӣ хостори нишон додани тавоноӣ ва қудрати кишвараш гардиду гуфт ҳар кӣ мехоҳад дар амн бошад, бояд қудрат тавонӣ дошта бошад.
Вай гуфт, ки режими Исроил ҳоло дар Ғаззаву Лубнон тамоми марзҳоро убур кардааст ва бояд он боздошта шавад.
Ба таъкиди ӯ, ҳоло дар ҷаҳон камбудии бузурге нисбат ба режими Исроил вуҷуд дорад.
Ҳукуматҳо, миллатҳо, бахусус ҳукуматҳо, созмонҳои байналмилалӣ, аз қабили Созмони Милали Муттаҳид ва монанди инҳо дар масъалаи муқовимат бо давлати яҳудӣ воқеан ноком ҳастанд.
Ӯ афзуд, ки ҷаҳон бояд бар зидди онҳо биистад, ҳукуматҳо бархезанд, бахусус ҳукуматҳои исломӣ бояд чора андешанд.
"Ба ин шубҳа нест, не, бояд ӯро аз содир кардани ин ҷиноятҳо боздошт. Бояд як эътилофи ҷаҳонӣ, эътилофи сиёсӣ, эътилофи иқтисодӣ, агар лозим шавад, эътилофи низомӣ алайҳи режими Исроил, ки имрӯз ваҳшиёнатарин ҷиноятҳои ҷангиро содир мекунад, таъсис дода шавад",- гуфт хоманаӣ.
Дар ҳамин ҳол раҳбари маҷлиси Шӯрои Исломӣ Муҳаммадбоқир Қолибоф низ дар як ҷаласаи фаврӣ гуфт, ки посухи Эрон ба ҳамлаи Исроил ҳатмист.
Артиши Исроил шаби шанбе эълом карданд, ки дар чаҳорчӯби вокуниш ба ҳамлаҳои рӯзи 1 октябр ба мавзеъҳои низомӣ дар Эрон ҳамла кард.
Дар ҷараёни ин ҳамла, ба гуфтаи Исроил, корхонаҳои мушакӣ, системаҳои мушакии "замин ба ҳаво" ва иншооти дифоъи ҳавоӣ зери зарба қарор гирифтанд.
Дар ин амалиёт даҳҳо ҷанганда, ҳавопаймоҳои сӯзишворикаш ва иктишофӣ ширкат карданд.
Дар пайи ин ҳамалот ҳамзамон чаҳор низомии Эрон ҳалок шуданд.