Буҳрони Фаластин дар меҳвари нишасти БРИКС: кӣ чӣ гуфт?
16:27 24.10.2024 (Навсозишуда: 16:28 24.10.2024)
© Sputnik / Алексей Даничев / Фотохост-агентство brics-russia2024.ru / Гузариш ба медиабонкXVI саммит БРИКС. Пленарное заседание XVI саммита БРИКС в формате "аутрич" / "БРИКС плюс"
© Sputnik / Алексей Даничев / Фотохост-агентство brics-russia2024.ru
/ Обуна шудан
Раисҷумҳури Русия хостори хатми хушунат дар Ховари Миёна шуду раҳбари Фаластин хост, Исроил ба тарки қаламравҳои ишғолӣ маҷбур карда шавад
ДУШАНБЕ, 24 окт — Sputnik. Исроил маҷбур ба тарки заминҳои ишғолии Фаластин карда шавад ва дар акси ҳол аз таҳримҳо алайҳи давлати яҳудӣ кор гирифта шавад.
Дар ин бора раисиҷумҳури Фаластин Маҳмуд Аббос зимни суханронӣ дар нишасти ниҳоии саммити БРИКС изҳор дошт.
“Мо аз кишварҳои ҷаҳон даъват мекунем... мақомоти ишғолгарро (Исроил - ред.) муваззаф кунанд, то ҳузури ғайриқонунии худро дар сарзаминҳои давлати Фаластин дар давоми як сол хотима диҳанд ва дар сурати риоя накардани он, таҳримот алайҳи онро ҷорӣ кунанд, - гуфт Аббос.
Раҳбари Фаластин зимни суханронии худ таъкид кард, ки Исроил дар навори Ғазза поккории қавмӣ ва наслкушӣ мекунад.
Аббос ҳамчунин аз тақозо кард, ки баста шудани дафтари Агентии кӯмакрасонӣ ва кори СММ барои гурезаҳои фаластинӣ дар Шарқи Наздик аз ҷониби Исроил дар Байтулмуқаддаси Шарқӣ маҳкум шавад ва ҳукумати Исроилро маҷбур кунад, ки ин тасмимро лағв кунад.
Дар ҳамин ҳол, раисҷумҳури Русия Владимир Путин гуфт, ки фалокати башардӯстона дар Ғазза дарди дили аксари мардуми сайёра аст.
“Албатта, мутаассифона, дар сайёра низоъҳои мусаллаҳона зиёданд. Ин чиз дар марзҳои мо низ мутаассифона рух медиҳад. Аммо фалокати башарӣ дар Ғазза, албатта, як вазъияти вижа аст. Ҳар он чизе, ки дар он ҷо рух медиҳад, наметавонад дар дили аксарияти кулли мардуми сайёра дард надошта бошад”, гуфт Путин.
Ӯ даъват кард, ки бояд вазъият аз бех тағйир ёбад ва дафлати соҳибистиқлоли Фаластин таъсис шавад.
Ҳеҷ як ҳадафи сиёсӣ қурбониёни бегуноҳ дар байни шаҳрвандон, хусусан кӯдаконро сафед карда наметавонад, гуфт кишвардори Узбекистон Мирзиёев дар бораи вазъ дар Ғазза ва Лубнон
Президенти Венесуэла гуфт, ки барои ҳар як мушак, ки ба биноҳои истиқоматӣ дар Ғазза зада мешавад, дар Бейрут ё ҷануби Лубнон шумораи бештари одамон кушта ва захмӣ мешаванд. Ҳамаи ин мушакҳо низоми СММ-ро вайрон мекунанд
"Додгоҳи байнулмилалии ҷиноӣ куҷост? Ё онҳо онро танҳо барои таъқиби кишварҳои Ҷануби Ҷаҳонӣ истифода мебаранд?" - афзуд Николас Мадуро.
Вазири корҳои хориҷии Бразилия гуфт, то ба вуҷуд наомадани давлати мустақили Фаластин сулҳ нахоҳад буд.
Мауро Виейра гуфт, СММ, ки Исроилро таъсис додааст, ҳоло бо дасту пои баста аст.
"Онҳое, ки худро ҳомиёни ҳуқуқи башар меноманд, аз бузургтарин ваҳшиёна дар таърихи муосир чашм мепӯшанд, ки эътибори Шӯрои Амният ва якпорчагии ҳуқуқи байналмилалии башардӯстонаро халалдор мекунанд",- гуфт вай.
Африқои Ҷанубӣ амалиёти ҳарбии Исроилро дар минтақаи Шарқи Наздик наслкушӣ мешуморад, гуфт президенти республика Рамафоса.
Раҷаб Тайиб Эрдуғон, аз кишварҳо даъват кард, ки аз манъи интиқоли силоҳ ба Исроил пуштибонӣ кунанд.
"То хунрезӣ дар Шарқи Наздик қатъ нагардад, дар бораи адолат сухан гуфтан мумкин нест ва рафтори таҷовузкоронаи Исроил кайҳо фаротар аз ҳама марзҳост. Дар асри 21 нодида гирифтани ин фоҷиа касеро аз масъулият озод карда наметавонад",- гуфт кишвардори Туркия
Нишасти сарони БРИКС дар Қазон аз 22 то 24 октябр баргузор мешавад. БРИКС як иттиҳодияи байнидавлатӣ аст, ки соли 2006 таъсис ёфтааст. Русия 1 январи соли 2024 раёсати БРИКС-ро ба ӯҳда гирифт.
Сол бо шомил шудани аъзои нав ба иттиҳодия оғоз шуд - ба ҷуз аз Федератсияи Русия, Бразилия, Ҳиндустон, Чин ва Африқои Ҷанубӣ, ҳоло ба он Миср, Эфиопия, Эрон, Аморати Муттаҳидаи Араб ва Арабистони Саудӣ шомиланд.
Раёсати БРИКС-и Русия таҳти шиори таҳкими бисёрҷониба барои рушди одилона ва амнияти ҷаҳонӣ баргузор мешавад. Дар чаҳорчӯби раёсати худ Федератсияи Русия беш аз 200 чорабинии сиёсӣ, иқтисодӣ ва иҷтимоӣ баргузор мекунад.