https://sputnik.tj/20241021/isroil-hall-nizo-lubnon-shart-chist-1064793090.html
Исроил барои ҳалли низоъ бо Лубнон шарт гузоштааст: Он чист?
Исроил барои ҳалли низоъ бо Лубнон шарт гузоштааст: Он чист?
Sputnik Тоҷикистон
ИМА чунин мешуморад, ки Лубнон ва ҷомеаи ҷаҳонӣ дар гумон аст, ки ба шартҳое, ки соҳибихтиёрии мамлакатро ба таври ҷиддӣ халалдор мекунанд, розӣ шаванд
2024-10-21T10:39+0500
2024-10-21T10:39+0500
2024-10-21T11:00+0500
сиёсат
исроил
лубнон
има
низомӣ
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/07e8/0a/07/1064615443_0:320:3072:2048_1920x0_80_0_0_197bf98e24b4960ee59d675ab356e209.jpg
ДУШАНБЕ, 21 окт – Sputnik. Исроил ахиран ба Иёлоти Муттаҳида санадеро бо шартҳои ҳалли низои мусаллаҳона дар Лубнон фиристод, аммо онҳо ба қатъномаи 1701 Шӯрои Амнияти СММ мухолифанд.Дар ин бора пойгоҳи Axios бо истинод ба мақомоти амрикоӣ ва исроилӣ хабаро додааст.Ба гуфтаи яке аз ҳамсӯҳбатони пойгоҳи хабарӣ, яке аз тақозоҳои Исроил ин аст, ки нерӯҳояш битавонанд алайҳи мусаллаҳшавии ҷунбиши "Ҳизбуллоҳ" ва эҳёи зерсохтҳои низомии он дар ҷануби кишвар дар наздикии марз бо Исроил чораҳои фаъол биандешанд. Ғайр аз ин, Исроил талаб мекунад, ки қувваҳои ҳарбии ҳавоии худ дар фазои Лубнон озодона амал карда тавонанд.Ҳар ду шарт, чунон ки дар матлаб қайд карда мешавад, ба қатъномаи №1701 Шӯрои Амнияти СММ мухолиф аст. Намояндаи расмии ИМА чунин мешуморад, ки Лубнон ва ҷомеаи ҷаҳонӣ дар гумон аст, ки ба шартҳое, ки соҳибихтиёрии мамлакатро ба таври ҷиддӣ халалдор мекунанд, розӣ шаванд.Шӯрои Амнияти СММ қатъномаи 1701-ро дар пайи ҷанги Исроилу Лубнон дар соли 2006 қабул кард. Бар асоси ин санад, дар ҷануби рӯдхонаи Литанӣ ҳузури ҳама гуна нерӯҳои ниманизомӣ ба ҷуз аз нерӯҳои артиши Лубнон ё нерӯҳои СММ мамнӯъ аст. Аммо тайи 18 соли ахир ҷунбиши шиъаи Ҳизбуллоҳ зерсохтори худро дар ҷануби Лубнон барқарор кард, дар ҳоле ки артиши Исроил тақрибан ҳамарӯза ба фазои ҳавоӣ ва баҳрии кишвари ҳамсоя ҳамла карда, соҳибихтиёрии онро нақз карда, дар ҳоле ки қисмате аз қаламравҳои Лубнон низ зери назорати он аст. Исроил аз 1 октябр ба ин сӯ алайҳи нерӯҳои "Ҳизбуллоҳ" дар ҷануби Лубнон амалиёти заминӣ анҷом медиҳад ва бомбборони ҳавоии кишвари ҳамсояро идома медиҳад, ки дар он ҷо аллакай беш аз 2 ҳазор нафар, аз ҷумла раҳбарони ҷунбиши шиъаён кушта ва беш аз як миллион нафар фирорӣ шудаанд. Бо вуҷуди талафот, аз ҷумла дар ҳайати фармондеҳӣ, "Ҳизбуллоҳ" набардҳои заминӣ мебарад ва ҳамлаҳои мушакӣ ба қаламрави Исроилро қатъ намекунад.Ҳадафи аслии маъракаи низомӣ дар Исроил фароҳам овардани шароит барои бозгашти 60 ҳазор сокини шимол аст, ки бар асари тирпарронии як сол пеш аз сӯи "Ҳизбуллоҳ" ба хотири ҳимоят аз ҷунбиши Ҳамос фаластиниҳо тахлия шуда буданд.
https://sputnik.tj/20241016/aks-okibat-hamla-isroil-lubnon-1064736615.html
https://sputnik.tj/20241014/karaganov-hamla-isroil-lubnonro-siloh-hastai-eron-1064700410.html
исроил
лубнон
има
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
2024
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
Хабарҳо
tg_TJ
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/07e8/0a/07/1064615443_341:0:3072:2048_1920x0_80_0_0_8bad872d9000caf29bba58b03146a83b.jpgSputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
исроил ҳал низоъ лубнон шарт
исроил ҳал низоъ лубнон шарт
Исроил барои ҳалли низоъ бо Лубнон шарт гузоштааст: Он чист?
10:39 21.10.2024 (Навсозишуда: 11:00 21.10.2024) ИМА чунин мешуморад, ки Лубнон ва ҷомеаи ҷаҳонӣ дар гумон аст, ки ба шартҳое, ки соҳибихтиёрии мамлакатро ба таври ҷиддӣ халалдор мекунанд, розӣ шаванд
ДУШАНБЕ, 21 окт – Sputnik. Исроил ахиран ба Иёлоти Муттаҳида санадеро бо шартҳои ҳалли низои мусаллаҳона дар Лубнон фиристод, аммо онҳо ба қатъномаи 1701 Шӯрои Амнияти СММ мухолифанд.
Дар ин бора пойгоҳи Axios бо истинод ба мақомоти амрикоӣ ва исроилӣ хабаро додааст.
Ба гуфтаи яке аз ҳамсӯҳбатони пойгоҳи хабарӣ, яке аз тақозоҳои Исроил ин аст, ки нерӯҳояш битавонанд алайҳи мусаллаҳшавии ҷунбиши "Ҳизбуллоҳ" ва эҳёи зерсохтҳои низомии он дар ҷануби кишвар дар наздикии марз бо Исроил чораҳои фаъол биандешанд.
Ғайр аз ин, Исроил талаб мекунад, ки қувваҳои ҳарбии ҳавоии худ дар фазои Лубнон озодона амал карда тавонанд.
Ҳар ду шарт, чунон ки дар матлаб қайд карда мешавад, ба қатъномаи №1701 Шӯрои Амнияти СММ мухолиф аст.
Намояндаи расмии ИМА чунин мешуморад, ки Лубнон ва ҷомеаи ҷаҳонӣ дар гумон аст, ки ба шартҳое, ки соҳибихтиёрии мамлакатро ба таври ҷиддӣ халалдор мекунанд, розӣ шаванд.
Шӯрои Амнияти СММ қатъномаи 1701-ро дар пайи ҷанги Исроилу Лубнон дар соли 2006 қабул кард. Бар асоси ин санад, дар ҷануби рӯдхонаи Литанӣ ҳузури ҳама гуна нерӯҳои ниманизомӣ ба ҷуз аз нерӯҳои артиши Лубнон ё нерӯҳои СММ мамнӯъ аст.
Аммо тайи 18 соли ахир ҷунбиши шиъаи Ҳизбуллоҳ зерсохтори худро дар ҷануби Лубнон барқарор кард, дар ҳоле ки артиши Исроил тақрибан ҳамарӯза ба фазои ҳавоӣ ва баҳрии кишвари ҳамсоя ҳамла карда, соҳибихтиёрии онро нақз карда, дар ҳоле ки қисмате аз қаламравҳои Лубнон низ зери назорати он аст.
Исроил аз 1 октябр ба ин сӯ алайҳи нерӯҳои "Ҳизбуллоҳ" дар ҷануби Лубнон амалиёти заминӣ анҷом медиҳад ва бомбборони ҳавоии кишвари ҳамсояро идома медиҳад, ки дар он ҷо аллакай беш аз 2 ҳазор нафар, аз ҷумла раҳбарони ҷунбиши шиъаён кушта ва беш аз як миллион нафар фирорӣ шудаанд.
Бо вуҷуди талафот, аз ҷумла дар ҳайати фармондеҳӣ, "Ҳизбуллоҳ" набардҳои заминӣ мебарад ва ҳамлаҳои мушакӣ ба қаламрави Исроилро қатъ намекунад.
Ҳадафи аслии маъракаи низомӣ дар Исроил фароҳам овардани шароит барои бозгашти 60 ҳазор сокини шимол аст, ки бар асари тирпарронии як сол пеш аз сӯи "Ҳизбуллоҳ" ба хотири ҳимоят аз ҷунбиши Ҳамос фаластиниҳо тахлия шуда буданд.