https://sputnik.tj/20241024/tahdid-jahon-iqlim-falastin-sukhanroni-rahmon-briks-1064848356.html
Таҳдидҳои ҷаҳонӣ, иқлими Фаластин: чизи асосӣ аз суханронии Раҳмон дар нишасти БРИКС
Таҳдидҳои ҷаҳонӣ, иқлими Фаластин: чизи асосӣ аз суханронии Раҳмон дар нишасти БРИКС
Sputnik Тоҷикистон
Раисиҷумҳури Тоҷикистон зимни суханронӣ дар нишасти сарони БРИКС аз мушкилот ва таҳдидҳои умдаи ҷомеъаи ҷаҳонӣ ном бурд
2024-10-24T17:25+0500
2024-10-24T17:25+0500
2024-10-25T11:12+0500
эмомалӣ раҳмон
дар тоҷикистон
фаластин
брикс
суханронӣ
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/07e8/0a/19/1064851915_327:315:1804:1146_1920x0_80_0_0_6aa009433f29f0c32efe37094715fcca.jpg
ДУШАНБЕ, 24 окт — Sputnik. Воқеияти ҳозираи вазъияти байналхалқӣ муҳим будани мавзӯи ҷаласаи машваратии моро — "Сохтмони якҷояи ҷаҳони бехтар"-ро тасдиқ мекунад.Дар ин бора Эмомалӣ Раҳмон, раисиҷумҳури Тоҷикистон, дар нишасти сарони БРИКС изҳор дошт. "Мусаллам аст, ки расидан ба ин ҳадаф танҳо тавассути таҳкими ҳамкориҳои баробарҳуқуқи байнидавлатӣ ва хоҳиши муштараки кишварҳои мо барои ташаккули тартиботи одилонаи ҷаҳонӣ имконпазир аст", - гуфт роҳбари Тоҷикистон. Ба таъкиди ӯ, имрӯз беш аз ҳарвақта муттаҳид кардани талошҳо барои таъмини сулҳу амнияту субот ва ноил шудан ба рушди устувор зарур аст."Имрӯз мо шоҳиди равандҳои зиддунақизи геополитикӣ ҳастем, ки дар баробари ин таҳдидҳои терроризм, ифротгароӣ, радикализм, киберҷинояткорӣ, гардиши ғайриқонунии аслиҳа ва маводи мухаддир ва дигар намудҳои ҷиноятҳои муташаккили фаромарзӣ афзоиш меёбанд", - таъкид дошт Раҳмон.Вай афзуд, ки ба ин таҳдидҳо танҳо бо стратегияи дақиқ ва пайгирона муқобила кардан мумкин аст. Тоҷикистон пайваста ҷонибдори густариши ҳамкориҳо бо тамоми шарикони байналмилалӣ дар мубориза бо ин чолишҳо мебошад. Раҳмон афзуд, Тоҷикистон ҷонибдори таъсиси давлати мустақили Фаластин дар марзҳои соли 1967 аст. Сарвари Тоҷикистон дар идомаи суханронӣ изҳор дошт, ки як қабати дигари мушкилот ба паёмадҳои тағйири иқлим марбут аст. "Офатҳои табиӣ ҷони инсонҳоро гирифта, моро маҷбур мекунанд, ки барои рафъи оқибатҳои онҳо маблағҳои зиёд ҷудо кунем", - гуфт Раҳмон. Дар Осиёи Марказӣ обхезӣ боиси кам шудани майдони пиряхҳо ва захираҳои обии минтақа мегардад. Дар шароити тағйирёбии иқлим хушксолӣ ҳамчун яке аз мушкилоти ҷаҳонӣ барои тамоми кишварҳо, аз ҷумла барои минтақаи Осиёи Марказӣ оқибатҳои манфӣ дорад. Раҳмон гузариш ба рушди иқтисоди “сабз”-ро ниҳоят муҳим хонд. Раисиҷумҳури Тоҷикистон кишварҳои БРИКС-ро ба ширкат дар конфронси байнулмилалӣ оид ба ҳифзи пиряхҳо, ки моҳи майи соли 2025 дар Душанбе баргузор мешавад, даъват кард.Нишасти сарони БРИКС рӯзи 22 октябр дар Қазон оғоз шуда, 24 октябр ба поён мерасад. Имсол раисии ин иттиҳодияро Русия бар уҳда дорад. БРИКС қаблан Бразилия, Ҳиндустон, Чин, Русия ва Африқои Ҷанубиро дар бар мегирифт. Аз 1 январи соли равон ба ин иттиҳодия Миср, Эрон, АМА, Арабистони Саудӣ ва Эфиопия шомил шуданд. Дар маҷмӯъ, ҳайатҳои вакилони 36 кишвар, ки 22-тои онҳоро сарони давлатҳо ва шаш созмони байналмилалӣ намояндагӣ мекарданд, ба Қазон омаданд.
https://sputnik.tj/20241024/buhron-falastin-mehvar-nishast-briks-1064845969.html
https://sputnik.tj/20241024/hamos-rusiya-abbos-mukolama-vahdat-milli-tashviq-1064842881.html
фаластин
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
2024
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
Хабарҳо
tg_TJ
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/07e8/0a/19/1064851915_434:231:1721:1196_1920x0_80_0_0_3f21be8aca52f70a621b2a21403cd1a6.jpgSputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
таҳдид ҷаҳон иқлим фаластин суханронӣ раҳмон нишаст брикс
таҳдид ҷаҳон иқлим фаластин суханронӣ раҳмон нишаст брикс
Таҳдидҳои ҷаҳонӣ, иқлими Фаластин: чизи асосӣ аз суханронии Раҳмон дар нишасти БРИКС
17:25 24.10.2024 (Навсозишуда: 11:12 25.10.2024) Раисиҷумҳури Тоҷикистон зимни суханронӣ дар нишасти сарони БРИКС аз мушкилот ва таҳдидҳои умдаи ҷомеъаи ҷаҳонӣ ном бурд
ДУШАНБЕ, 24 окт — Sputnik. Воқеияти ҳозираи вазъияти байналхалқӣ муҳим будани мавзӯи ҷаласаи машваратии моро — "Сохтмони якҷояи ҷаҳони бехтар"-ро тасдиқ мекунад.
Дар ин бора Эмомалӣ Раҳмон, раисиҷумҳури Тоҷикистон, дар нишасти сарони БРИКС изҳор дошт.
"Мусаллам аст, ки расидан ба ин ҳадаф танҳо тавассути таҳкими ҳамкориҳои баробарҳуқуқи байнидавлатӣ ва хоҳиши муштараки кишварҳои мо барои ташаккули тартиботи одилонаи ҷаҳонӣ имконпазир аст", - гуфт роҳбари Тоҷикистон.
Ба таъкиди ӯ, имрӯз беш аз ҳарвақта муттаҳид кардани талошҳо барои таъмини сулҳу амнияту субот ва ноил шудан ба рушди устувор зарур аст.
"Имрӯз мо шоҳиди равандҳои зиддунақизи геополитикӣ ҳастем, ки дар баробари ин таҳдидҳои терроризм, ифротгароӣ, радикализм, киберҷинояткорӣ, гардиши ғайриқонунии аслиҳа ва маводи мухаддир ва дигар намудҳои ҷиноятҳои муташаккили фаромарзӣ афзоиш меёбанд", - таъкид дошт Раҳмон.
Вай афзуд, ки ба ин таҳдидҳо танҳо бо стратегияи дақиқ ва пайгирона муқобила кардан мумкин аст. Тоҷикистон пайваста ҷонибдори густариши ҳамкориҳо бо тамоми шарикони байналмилалӣ дар мубориза бо ин чолишҳо мебошад.
"Тоҷикистон аз густариши вазъи ниҳоят манфӣ дар Ховари Миёна, ташдиди муноқишаи Фаластин-Исроил изҳори нигаронӣ карда, аз ҳама ҷонибҳои манфиатдор даъват мекунем, ки аз зуҳуроти минбаъдаи зӯрӣ худдорӣ кунанд ва барои барқарории сулҳ чораҳои фаврӣ андешанд",- қайд кард президент.
Раҳмон афзуд, Тоҷикистон ҷонибдори таъсиси давлати мустақили Фаластин дар марзҳои соли 1967 аст.
Сарвари Тоҷикистон дар идомаи суханронӣ изҳор дошт, ки як қабати дигари мушкилот ба паёмадҳои тағйири иқлим марбут аст.
"Офатҳои табиӣ ҷони инсонҳоро гирифта, моро маҷбур мекунанд, ки барои рафъи оқибатҳои онҳо маблағҳои зиёд ҷудо кунем", - гуфт Раҳмон.
Дар Осиёи Марказӣ обхезӣ боиси кам шудани майдони пиряхҳо ва захираҳои обии минтақа мегардад. Дар шароити тағйирёбии иқлим хушксолӣ ҳамчун яке аз мушкилоти ҷаҳонӣ барои тамоми кишварҳо, аз ҷумла барои минтақаи Осиёи Марказӣ оқибатҳои манфӣ дорад.
Раҳмон гузариш ба рушди иқтисоди “сабз”-ро ниҳоят муҳим хонд. Раисиҷумҳури Тоҷикистон кишварҳои БРИКС-ро ба ширкат дар конфронси байнулмилалӣ оид ба ҳифзи пиряхҳо, ки моҳи майи соли 2025 дар Душанбе баргузор мешавад, даъват кард.
Нишасти сарони БРИКС рӯзи 22 октябр дар Қазон оғоз шуда, 24 октябр ба поён мерасад. Имсол раисии ин иттиҳодияро Русия бар уҳда дорад.
БРИКС қаблан Бразилия, Ҳиндустон, Чин, Русия ва Африқои Ҷанубиро дар бар мегирифт. Аз 1 январи соли равон ба ин иттиҳодия Миср, Эрон, АМА, Арабистони Саудӣ ва Эфиопия шомил шуданд. Дар маҷмӯъ, ҳайатҳои вакилони 36 кишвар, ки 22-тои онҳоро сарони давлатҳо ва шаш созмони байналмилалӣ намояндагӣ мекарданд, ба Қазон омаданд.