Ҳамлаи террористӣ ба "Крокус", барқ ​​ва лағви пулҷамъкунӣ: моҳи март дар Тоҷикистон

© SputnikЦветы и игрушки у посольства России в Душанбе.
Цветы и игрушки у посольства России в Душанбе.  - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 04.04.2024
Обуна шудан
Моҳи гузашта пур аз воқеот буд. Мутаассифона, аксарияти онҳо боиси хурсандӣ набуданд. Бо вуҷуди ин, чанд ҳодисоти хубе ҳам рух доданд.
ДУШАНБЕ, 4 апр — Sputnik. Муҳимтарин ҳодисаи моҳ бешубҳа ҳамлаи террористӣ дар “Крокус Сити Холл” буд. Афсӯс, ки онро нафароне анҷом доданд, ки шаҳрвандии Тоҷикистон доранд.
Илова бар ин, моҳи март дар ҷумҳурӣ бо барф оғоз шуд ва бориш дар таъмини нерӯи барқ ​​дар саросари кишвар мушкилоти зиёд ба бор овард. Дар натиҷа мақомот лимити нерӯи барқро муқаррар карданд, ки оқибати он имрӯз эҳсос мешавад.
Аз хабарҳои хуш беҳбуди эҳтимолии алоқа, тағйирот дар соҳаи маориф, бозёфтҳои бостоншиносӣ ва ширкати тоҷикон дар ҳамоиши бузурги байналмилалӣ мебошанд.
Дар бораи ин ва дигар рӯйдодҳо дар матлаби Sputnik Тоҷикистон бихонед.

Ҳамлаи террористӣ дар “Крокус Сити Холл”

Рӯзи 22 март дар толори консертии “Крокус Сити Холл” як ҳамлаи даҳшатноки террористӣ рух дод, ки бар асари он беш аз 140 нафар ба ҳалокат расиданд. Чанде аз ҳамлагарон, ки тирпарронӣ ва оташзаниро оғоз карданд, аз ҷои ҷиноят фирор карданд, вале онҳо дар шоҳроҳи М-3 "Украина" дар вилояти Брянск боздошт шуданд. Дар содир кардани ҳамлаи хунини террористӣ чаҳор шаҳрванди Тоҷикистон гумонбар мешаванд.
Мақомоти Тоҷикистон таҳти раҳбарии раисҷумҳури Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон, ин ҳамлаи террористиро қотеъона маҳкум карда, таъкид карданд, ки террористҳо на миллат ва на нажод доранд.
Обстановка у Крокус Сити Холл  - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 03.04.2024
Украина эътироф кард, ки муҳоҷирбадбинию низои миллатҳоро дар Русия меангезад
Кор танҳо бо изҳороти расмӣ маҳдуд нашуд, - ҳазорон нафар сокинони ҷумҳурӣ ба ёди қурбониёни ҳамлаи террористӣ дар “Крокус Сити” дар назди сафорати Русия дар Душанбе ва консулгарии генералии Русия дар Хуҷанд гулу бозичаҳо гузошта, ба русиягиҳо изҳори тасаллият карданд. Ҷамъияти тоҷикон низ изҳори таслият карданд.
"Мо ҳамроҳ бо тамоми мардуми Русия барои қурбониёни бегуноҳ мотам дорем, ба пайвандону наздикони онҳо изҳори тасаллияти самимӣ баён карда, ба осебдидагони ҳамлаи террористӣ шифои ҳарчи тезтарро таманно дорем", - гуфтанд дар Маркази фарҳангии Тоҷикистон дар шаҳри Маскав.
Ҳамчунин, аз ҷониби роҳбари ташкилоти ҷамъиятии тоҷикони "Осиё"- и вилояти Уляновск Ҳайдаралӣ Маҳмадҷонов, узви котиботи Шӯрои ҷамъиятии назди Сафорати Тоҷикистон дар Маскав Турсуной Алимардонова, Сафорати Тоҷикистон дар Русия, “Иттифоқи тоҷикони Ёқутистон" ва бисёр дигарон суханони дастгирӣ ва ҳамдардӣ баён карда шуданд.
Бо қарори раисиҷумҳури Русия Владимир Путин 24 март дар Русия ба хотири қурбониёни ҳодиса рӯзи мотам эълон шуд. Тоҷикистон ҳам дар канор наистод ва дар робита ба ин таҷлили ҷашни Наврӯзро ба таъхир гузошт. Илова бар ин, Раҳмон дар паёми худ ба ҳамватанон ба муносибати Наврӯз таъкид кард, ки тоҷикон ҳамеша омодаанд аз Русия дастгирӣ кунанд.
Путин: Бидуни шак то фармоишгарони террори Крокус хоҳем расид.  - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 02.04.2024
Путин аз фармоишгарону иҷрочиёни террори Крокус гуфт: Ин набояд боиси бегонаситезӣ шавад

Мушкилоти барф ва қувваи барқ

Аввали моҳи март дар Тоҷикистон пас аз зимистони гарми ғайримуқаррарӣ ногаҳон барф борид, ки қариб дарҳол боиси садама дар нерӯгоҳи барқи обии Норак шуд. Дар натиҷа тамоми кишвар чанд соат бе барқ, об ва алоқаи мобилӣ монд. Пас аз барқарор шудани интиқоли барқ ​​ лимити барқ ​​ҷорӣ шуд, ки то охири моҳ идома дошт,- дар аксари манотиқ барқ фақат 2 соат субҳ ва 2 соат ​​шом дода мешуд.
Дар Суғд маҳдудиятҳо ҳанӯз аз моҳи феврал оғоз ёфтанд. Сокинон маҷбур буданд, ки аз шамъ, сӯзишвории газӣва генераторҳо истифода баранд.
Мақомоти Тоҷикистон маҳдудияти нерӯи барқро бо масрафи зиёди барқ ​​шарҳ доданд, ки мантиқанбо сардии ҳаво дар авоили моҳи март алоқаманд буд. Онҳо ҳамчунин қайд карданд, ки дар обанбори Норак об намерасад ва вазъ танҳо бо фаро расидани моҳи апрел тағйир меёбад.
Хуроки шом дар хонаводаи тоҷик. Акс аз бойгонӣ - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 30.03.2024
Пас аз Наврӯз: Лимити барқ дар Хуҷанд бартараф шуду дар дигар навоҳии Суғд на

Бигзор алоқа доимӣ бошад!

Дар Тоҷикистон ситод таъсис дода шудааст, ки барои таъмини алоқаи мобилӣ ва интернет шабонарӯзӣ фаъолият хоҳад кард. Хадамоти алоқа ваъда дод, ки дар ояндаи наздик чораҳои амалӣ андешида мешаванд.
Пас аз сафари сардори хадамот Бег Сабур ба минтақаҳо рушди интернети мобилӣ оҳиста-оҳиста, ба назар мерасад.
Қобили зикр аст, ки дар раддабандии ҷаҳонии суръати алоқа ва интернет Тоҷикистон аз рӯи маълумоти Speedtest Global Index як зина боло рафта, дар зинаи 140-ум қарор гирифт. Бо вуҷуди ин, суръати шабакаи симӣ бад шуда, ба ҷои 132-юм фуромад.

Интихоботи президентии Русия

Рӯзи якшанбеи 17 март интихоботи президентии Федератсияи Русия баргузор шуд. Дар ҷумҳурӣ барои русиягиҳои муқими Тоҷикистон ва тоҷикони душаҳрвандӣ 6 қитъаи интихоботӣ кушода шуд.
Президент РФ В. Путин принял участие в заседании коллегии Генпрокуратуры.  - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 26.03.2024
Путин дастур дод, ки вазъи муҳоҷират таҳти назорат гирифта шавад
Ҷойҳои асосии овоздиҳӣ дар Сафорати Русия дар Душанбе ва Консулгарии генералии Федератсияи Русия дар Хуҷанд, 4 қитъаи дигари интихоботӣ дар ҳудуди пойгоҳи ҳарбии 201-и Русия амал мекарданд, ки дар он ҷо хизматчиёни ҳарбӣ ва аъзои оилаи онҳо овоз доданд.
Дар маҷмӯъ дар Тоҷикистон дар раъйдиҳӣ беш аз 9500 нафар ширкат карданд.
Дар ниҳоят, дар интихобот тавре қаблан аз рӯи натиҷаҳои пурсишҳо пешгӯӣ шуда буд, Владимир Путин пирӯз шуд. Ва яке аз аввалин сарони давлатҳое, ки ӯро табрик кард, раисҷумҳури Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон буд. Ӯба ҳамтояш саломатии бардавом ва иҷрои нақшаҳо баҳри саодатмандии мамлакаташорзу намуд.

Тоҷикон дар Фестивали умумиҷаҳонии ҷавонон иштирок карданд

Фестивали умумиҷаҳонии ҷавонон дар қаламрави федеролии Сириус баргузор гардид, ки дар он зиёда аз 20 ҳазор нафар одамон аз 190 мамлакат иштирок доштанд.
270 тоҷикистонӣ низ дар он иштирок доштанд, аз ҷумла блогерҳои ҷавон, дипломатҳо, соҳибкорон, барномасозон, ихтиёриён, экологҳо ва табибон. Фестивал мизҳои мудаввар, сӯҳбатҳо, маърӯзаҳо, дарсҳои маҳорат ва намоишгоҳҳоро дар бар гирифт. Пас аз фестивал иштирокчиён тавонистанд аз 30 шаҳри Русия боздид кунанд.
Девушки аплодируют президенту Таджикистана - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 02.03.2024
Беҳтарин аз беҳтаринҳо: Тоҷикистонро дар фестивали ҷаҳонии ҷавонон кӣ намояндагӣ мекунад?
"Мо мехостем фазои озод, эҷодкорӣ ва дӯстиро фароҳам оварем, ки ба шумо имкон диҳад бо ҳам муошират кунед, дӯстони нав пайдо кунед ва шояд шарикон барои лоиҳаҳои ояндапайдо кунед. Умедворам, ки мо муваффақ шудем", - гуфт Путин дар маросими пӯшидашавӣ ба иштирокчиёни фестивал.

Конфронси археологӣ ва бозёфтҳои қадима

Охири моҳи март дар Душанбе ҳамоиши калони археологӣ барпо гардид, ки дар он қариб сад нафар мутахассисон аз мамлакатҳои гуногун иштирок доштанд. Мақсади асосии конфоронс, ки онро Институти таърих, бостоншиносӣ ва мардумшиносии ба номи А.Дониш ташкил кард, баррасии масъалаи омӯхтан ва ҳифзи ёдгориҳои археологии қадима дар Тоҷикистон буд. Ин ташаббусро Донишгоҳи давлатии Олтой ва Институти бостоншиносии Академияи илмҳои Русия дастгирӣ карданд.
Ва ин ягона хабари муҳими илми бостоншиносӣ дар Тоҷикистон дар ин моҳ нест. Дар деҳаи Курговади ноҳияи Дарвоз зимни корҳои таъмирӣ сокинони маҳаллӣ як осори қадима –кӯзаи калони сангинро пайдо карданд. Ба гуфтаи мутахассисон, дар чунин зарфҳо дар замони қадим равғаннигоҳ дошта мешуд.
Ожирение, архивное фото  - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 02.04.2024
Мақомоти Тоҷикистонро фарбеҳшавии сокинон нигарон кардаст

Маориф

Таҳсилоти миёна дар Тоҷикистон ҳатмӣ шуд. Акнун пас аз синфи 9 шумо наметавонед ба кор равед, ёдар мактаби касбӣ таҳсил мекунед ё синфи 11-ро хатм мекунед. Раҳмон аллакай ин тағйирот ба қонунротасдиқ кард.
Илова бар ин, мақомоти Душанбе ҷамъоварии пулро ба омӯзгорон аз падару модарон барои маъракаҳои идонаи мактабӣ манъ кард. Ҷамъияти волидайн аз ин тасмим хушҳол шуданд, ниҳоят тамаъҷӯӣ аз байн меравад ва касе наметавонад аз хонандагон тӯҳфа талаб кунад.

Футбол

Бозии мунтахаби Тоҷикистон барои дарёфти сабқати интихобии Ҷоми ҷаҳон-2026 бо тими Арабистони Саудӣ дар Риёз бо ҳисоби 1:0 анҷом ёфт, мизбонон голи ягонаро дар дақиқаи 23-юм заданд.
Ба даста муяссар шуд, ки бо анҷоми бозии чаҳорум дар сабқати интихобии Ҷоми ҷаҳон-2026 бо тими Саудӣ дар Душанбе мавқеъашро то андозае беҳтар кунад. Бозӣдуранг (1:1) анҷом ёфт. Гол ба дарвозаи саудиҳоро Рустам Соиров ба самар расонд.
Сборная Таджикистана по футболу - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 26.03.2024
Шонси охир: Мунтахаби Тоҷикистон барои роҳхат ба Ҷоми Ҷаҳон бо Арабистон рақобат мекунад
Қобили зикр аст, ки ба бошгоҳи футболи "Истиқлол" дар моҳи март дастпарвари футболи Томск Меҳрон Мадаминов, ки дар дастаҳои "Том", "Енисей" ва "Торпедо" бозӣ мекард, ба даста пайваст ва то охири соли 2025 шартнома баст.

Бо як сархат

Пизишкони бемористони кӯдаконаи сили шаҳри Душанбе ба омӯзиши усули нави ошкор кардани ин беморӣ дар кӯдакон шурӯъ кардаанд, ки ташхиси онро хеле осон мекунад. Дар ояндаи наздик ин навоварӣ дар саросари Тоҷикистон паҳн мешавад.
Русия барои намоиши осори классикони рус дар театрҳои Тоҷикистон ва кишварҳои ҳамсоя аз буҷаи давлат 67,5 миллион рубл (қариб 8 миллион сомонӣ) ихтисос медиҳад.
Қазоқистон тавассути сафорати худ дар Душанбе ба Тоҷикистон чункумаки башардӯстона 15 ҳазор тонна мазут ҳадя кард. Ашёи хом ба Маркази барқу гармидиҳии пойтахт барои ҳосил кардани гармӣ ва қувваи барқ дода шуд.
Лентаи хабарҳо
0