https://sputnik.tj/20240402/maqomoti-tojik-roh-peshgirii-farbehshavi-1062300746.html
Мақомоти Тоҷикистонро фарбеҳшавии сокинон нигарон кардаст
Мақомоти Тоҷикистонро фарбеҳшавии сокинон нигарон кардаст
Sputnik Тоҷикистон
Дар Тоҷикистон Барномаи пешгирии фарбеҳӣ ва ташаккули ғизои солим қабул гардидааст, ки раванди татбиқи онро масъулини бахши тандурустӣ баррасӣ карданд
2024-04-02T12:46+0500
2024-04-02T12:46+0500
2024-04-02T18:59+0500
дар тоҷикистон
тандурустӣ
фарбеҳӣ
бемор
пешгирӣ
солим
ғизо
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/102936/80/1029368045_0:73:1200:748_1920x0_80_0_0_ebcf4c467409c82a904528f0364e3bb2.jpg
ДУШАНБЕ, 2 апр — Sputnik. Масъалаҳои ҳалталаб вобаста ба пешгирии паҳншавии бемории фарбеҳӣ дар шаҳри Душанбе мавзӯи меҳварии ҷаласаи роҳбарони як қатор сохторҳои шаҳрдорӣ, аз ҷумла роҳбарони марказҳои саломатию мутахассисони соҳа буд. Дар ин бора Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Тоҷикистон иттилоъ дода, афзуд, ки дар ҷаласа масъалаҳо, аз қабили ҳолати фурӯши ғизо дар нуқтаҳои савдои шаҳри Душанбе баррасӣ гардид. Ба зарурати бақайдгирии бемории фарбеҳӣ ва табобати он, корҳои таблиғотию ташвиқотӣ дар байни аҳолии шаҳри Душанбе барои пешгирии бемории фарбеҳӣ ва истеъмоли ғизои солим таъкид шудааст. Вазорат зикр намудаст, ки давоми солҳои охир паҳншавии бемориҳои ба фарбеҳӣ алоқманд яке аз масъалаҳои умдаи соҳаи тандурустии ҷомеаи ҷаҳонӣ ба шумор рафта, ин ҳолат боиси нигаронии ниҳодҳои тандурустӣ шудаст. Манбаъ афзуд, ки барои тарғибу ташвиқи тарзи ҳаёти солим, пешгирии бемориҳои гуногун, аз қабили бемории фарбеҳӣ корҳо вусъат дода мешаванд. Қаблан раисҷумҳури Тоҷикистон, Эмомалӣ Раҳмон низ аз афзоиши бемории қанду фарбеҳӣ дар кишвар изҳори нигаронӣ карда буд. Президент иллати афзоиш ёфтани ин маризӣ миёни шаҳрвандони Тоҷикистонро ба истеъмоли нодурустӣ ғизо, аз ҷумла ба аз ҳад зиёд хӯрдани нону ширинӣ, ки оқибат ба фарбеҳшавӣ оварда мерасонад, рабт дод.Роҳбари давлат тавсия дод, истеъмоли нону ширинӣ бояд кам карда шаваду ба ҷои он бештар меваю сабзавот хӯрд. Ҳамчунин пеш бурдани тарзи ҳаёти солимро низ ба шаҳрвандон тавсия дод.
https://sputnik.tj/20240322/boloravi-narkh-ghizo-ramazon-gila-sokinon-sharh-video--1062158779.html
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
2024
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
Хабарҳо
tg_TJ
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/102936/80/1029368045_54:0:1147:820_1920x0_80_0_0_8aa7214d4a48559c67ff9d067604c3bc.jpgSputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
нигаронӣ, фарбеҳшаваӣ, мақомот, тоҷикистон, гила
нигаронӣ, фарбеҳшаваӣ, мақомот, тоҷикистон, гила
Мақомоти Тоҷикистонро фарбеҳшавии сокинон нигарон кардаст
12:46 02.04.2024 (Навсозишуда: 18:59 02.04.2024) Дар Тоҷикистон "Барномаи пешгирии фарбеҳӣ ва ташаккули ғизои солим" қабул гардидааст, ки раванди татбиқи онро масъулини бахши тандурустӣ баррасӣ карданд
ДУШАНБЕ, 2 апр — Sputnik. Масъалаҳои ҳалталаб вобаста ба пешгирии паҳншавии бемории фарбеҳӣ дар шаҳри Душанбе мавзӯи меҳварии ҷаласаи роҳбарони як қатор сохторҳои шаҳрдорӣ, аз ҷумла роҳбарони марказҳои саломатию мутахассисони соҳа буд.
Дар ин бора Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Тоҷикистон иттилоъ дода, афзуд, ки дар ҷаласа масъалаҳо, аз қабили ҳолати фурӯши ғизо дар нуқтаҳои савдои шаҳри Душанбе баррасӣ гардид.
Ба зарурати бақайдгирии бемории фарбеҳӣ ва табобати он, корҳои таблиғотию ташвиқотӣ дар байни аҳолии шаҳри Душанбе барои пешгирии бемории фарбеҳӣ ва истеъмоли ғизои солим таъкид шудааст.
Вазорат зикр намудаст, ки давоми солҳои охир паҳншавии бемориҳои ба фарбеҳӣ алоқманд яке аз масъалаҳои умдаи соҳаи тандурустии ҷомеаи ҷаҳонӣ ба шумор рафта, ин ҳолат боиси нигаронии ниҳодҳои тандурустӣ шудаст.
Манбаъ афзуд, ки барои тарғибу ташвиқи тарзи ҳаёти солим, пешгирии бемориҳои гуногун, аз қабили бемории фарбеҳӣ корҳо вусъат дода мешаванд.
Қаблан раисҷумҳури Тоҷикистон, Эмомалӣ Раҳмон низ аз афзоиши бемории қанду фарбеҳӣ дар кишвар изҳори нигаронӣ карда буд.
Президент иллати афзоиш ёфтани ин маризӣ миёни шаҳрвандони Тоҷикистонро ба истеъмоли нодурустӣ ғизо, аз ҷумла ба аз ҳад зиёд хӯрдани нону ширинӣ, ки оқибат ба фарбеҳшавӣ оварда мерасонад, рабт дод.
Роҳбари давлат тавсия дод, истеъмоли нону ширинӣ бояд кам карда шаваду ба ҷои он бештар меваю сабзавот хӯрд. Ҳамчунин пеш бурдани тарзи ҳаёти солимро низ ба шаҳрвандон тавсия дод.