https://sputnik.tj/20240402/putin-farmoishgaronu-ijrochiyoni-terror-krokus-1062308046.html
Путин аз фармоишгарону иҷрочиёни террори Крокус гуфт: Ин набояд боиси бегонаситезӣ шавад
Путин аз фармоишгарону иҷрочиёни террори Крокус гуфт: Ин набояд боиси бегонаситезӣ шавад
Sputnik Тоҷикистон
Раисҷумҳури Русия муҳим хонд, ки фоҷиаи рухдода дар "Крокус Сити Холл" набояд барои афзоиши исломбезорию бегонаситезӣ мусоидат кунад
2024-04-02T18:01+0500
2024-04-02T18:01+0500
2024-04-02T18:06+0500
видео
владимир путин
амният ва мудофиа
ба додгоҳ
терроризм
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/07e8/04/02/1062308243_0:0:1281:720_1920x0_80_0_0_7eb6bf531969dd2538445836704b2f9c.jpg
Русия ба шахсоне, ки фармоиши ҳамлаи террористӣ дар "Крокус Сити Холл"-ро содир кардаанд, хоҳад расид, изҳор дошт президент Владимир Путин. Ӯ зимни суҳбат дар ҳузури мақомдорони Вазорати корҳои дохилӣ гуфт, ҳоло дар ҳамкорӣ бо дигар мақомот тафтишоти ҳамлаи хунини террористии рӯзи 22 март идома дорад. Ӯ гуфт, муҳити террористӣ агентҳои боэътимод вуҷуд надоранд, чун дар он ҷо корҳоро на бо назардошти ҳар гуна мулоҳизаҳои динӣ ва сиёсӣ, балки танҳо бо ҳадафҳои молӣ мекунанд. "Ҳама чиз осон фурӯхта мешавад. Ҳама гуна маълумотро харидан мумкин аст. Аз ин рӯ, мо ҳатман ба муштариёни ниҳоӣ мерасем", - таъкид кард президент.Муттаҳамон ба терроризм дар Доғистон низ аз Осиёи Миёна будаандПутин итминон дод, ки "мо ҳатман ба онҳо мерасем", зимни суҳбат дар бораи онҳое, ки фармони ҳамлаи террористиро додаанд. Онҳое, ки аз ин силоҳ алайҳи Русия истифода мешавад, бояд бифаҳманд, ки он дутарафа тез аст, ҳушдор раисҷумҳур. Амали террористӣ дар "Крокус сити холл"Ҳамла ба толори консертии Крокус сити холл шоми 22 март рух дод. Чанд нафар ба бино зада даромада, ба сӯи одамон тир холӣ карданд.Онҳо инчунин дар чанд ҷой оташ задаанд, дар натиҷа бом фурӯ рехта, толори тамошо комилан сӯхтааст.Дар робита ба ин ҳодиса аз рӯи моддаи "ҳамлаи террористӣ" парвандаи ҷиноӣ боз шудааст.Муттаҳамон субҳи барвақти 23 март дар вилояти Брянск боздошт шуданд. Онҳо шаҳрвандони Тоҷикистон буда, гуфта мешавад, ки қасди фирор ба Украинаро доштаанд.Додгоҳи Басмани Маскав онҳоро то 22 май ба ҳабс фиристод. Мақомот мегӯянд, дар маҷмӯъ дар ин парванда то ҳол 10 нафар бо қарори додгоҳ ҳабси пешакӣ гирифтаанд.
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
2024
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
Хабарҳо
tg_TJ
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
"Мы, безусловно, до них доберемся": Путин призвал установить всех бенефициаров теракта в "Крокус Сити Холле"
Sputnik Тоҷикистон
"Мы, безусловно, до них доберемся": Путин призвал установить всех бенефициаров теракта в "Крокус Сити Холле"
2024-04-02T18:01+0500
true
PT0M22S
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/07e8/04/02/1062308243_134:0:1094:720_1920x0_80_0_0_1f8fdf9ff0d0e38e3a4ab00660df3c52.jpgSputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
владимир путин, фоҷиа, афзоиш, исломбезорӣ, бегонаситезӣ
владимир путин, фоҷиа, афзоиш, исломбезорӣ, бегонаситезӣ
Путин аз фармоишгарону иҷрочиёни террори Крокус гуфт: Ин набояд боиси бегонаситезӣ шавад
18:01 02.04.2024 (Навсозишуда: 18:06 02.04.2024) Раисҷумҳури Русия муҳим хонд, ки фоҷиаи рухдода дар "Крокус Сити Холл" набояд барои афзоиши исломбезорию бегонаситезӣ мусоидат кунад
Русия ба шахсоне, ки фармоиши ҳамлаи террористӣ дар "Крокус Сити Холл"-ро содир кардаанд, хоҳад расид, изҳор дошт президент Владимир Путин.
Ӯ зимни суҳбат дар ҳузури мақомдорони Вазорати корҳои дохилӣ гуфт, ҳоло дар ҳамкорӣ бо дигар мақомот тафтишоти ҳамлаи хунини террористии рӯзи 22 март идома дорад.
"Барои мо муҳим аст, ки на танҳо омилони бевосита, балки тамоми ҳалқаҳои занҷир, ҷинояткори ниҳоӣ, баҳрабардорони ин ҷиноятро муайян кунем", - изҳор дошт Путин.
Ӯ гуфт, муҳити террористӣ агентҳои боэътимод вуҷуд надоранд, чун дар он ҷо корҳоро на бо назардошти ҳар гуна мулоҳизаҳои динӣ ва сиёсӣ, балки танҳо бо ҳадафҳои молӣ мекунанд.
"Ҳама чиз осон фурӯхта мешавад. Ҳама гуна маълумотро харидан мумкин аст. Аз ин рӯ, мо ҳатман ба муштариёни ниҳоӣ мерасем", - таъкид кард президент.
Путин итминон дод, ки "мо ҳатман ба онҳо мерасем", зимни суҳбат дар бораи онҳое, ки фармони ҳамлаи террористиро додаанд.
Онҳое, ки аз ин силоҳ алайҳи Русия истифода мешавад, бояд бифаҳманд, ки он дутарафа тез аст, ҳушдор раисҷумҳур.
Амали террористӣ дар "Крокус сити холл"
Ҳамла ба толори консертии Крокус сити холл шоми 22 март рух дод. Чанд нафар ба бино зада даромада, ба сӯи одамон тир холӣ карданд.
Онҳо инчунин дар чанд ҷой оташ задаанд, дар натиҷа бом фурӯ рехта, толори тамошо комилан сӯхтааст.
Дар робита ба ин ҳодиса аз рӯи моддаи "ҳамлаи террористӣ" парвандаи ҷиноӣ боз шудааст.
Муттаҳамон субҳи барвақти 23 март дар вилояти Брянск боздошт шуданд. Онҳо шаҳрвандони Тоҷикистон буда, гуфта мешавад, ки қасди фирор ба Украинаро доштаанд.
Додгоҳи Басмани Маскав онҳоро то 22 май ба ҳабс фиристод. Мақомот мегӯянд, дар маҷмӯъ дар ин парванда то ҳол 10 нафар бо қарори додгоҳ ҳабси пешакӣ гирифтаанд.