Пас аз Наврӯз: Лимити барқ дар Хуҷанд бартараф шуду дар дигар навоҳии Суғд на

© Sputnik / Амир ИсаевХуроки шом дар хонаводаи тоҷик. Акс аз бойгонӣ
Хуроки шом дар хонаводаи тоҷик. Акс аз бойгонӣ - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 30.03.2024
Обуна шудан
Сокинон дар рустоҳои Суғд мегӯянд, то кунун мушкили барқрасонӣ бартараф нашудааст ва рӯзҳои Рамазониро бо мушкили паси сар мекунанд
ДУШАНБЕ, 30 мар — Sputnik. Дар рӯзҳои таҷлили ҷашни Наврӯз чароғҳо дар шаҳри Хуҷанд, маркази маъмурии вилояти Суғд фурӯзон шуданд ва ба ин ҳол мушкили бебарқӣ дар хонаҳо хатм шудааст, мегӯянд, сокинон дар суҳбат ба хабарнигори Sputnik Тоҷикистон.
Аммо дар ҳамин ҳол сокинони дигар навоҳии ин вилоят изҳор мекунанд, ки ҳамоно мушкили барқрасонӣ дар деҳоти Суғд давом дорад.
Сокинони деҳоти Суғд мегӯянд, рӯзҳои Рамазониро бо мушкили камбуди барқ паси сар мекунанд.
Икром Усмонов, сокинони ноҳияи Деваштич гуфт, дар моҳи Рамазон реҷаи барқдиҳӣ тағйир ёфт, аммо маҳдудияти он то кунун бартараф нашудааст.
"Саҳар аз соати 3:30 то соати 6:00 ва шом аз соати 18: 00 то 21: 30 ва гоҳе аз ним соат зиёдтар барқ медиҳанд” – гуфт, ӯ.
Сокинони шаҳру ноҳияҳои Конибодому Исфара ва ноҳияҳои Ашту Зафаробод ҳам дар суҳбат ба Sputnik Тоҷикистон гуфтанд, ки шому саҳар дар умум 7 – 8 соат барқ мегиранд, дигар вақт комилан бебарқанд.
Гадание, архивное фото - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 10.08.2023
Дар Тоҷикистон имсол ҳам лимити барқ ҷорӣ мешавад?
Дар ҳамин ҳол масъулони Идораи “Шабакаҳои тақсимоти барқ” дар шаҳри Истаравшан, ки барқрасонӣ дар аксар ноҳияҳои Суғдро танзим мекунад, мегӯянд, ин реҷаи барқрасонӣ аз ҷониби ниҳоди марказии ширкати “Барқи тоҷик” тасдиқ шудааст.
Ба фарқ аз солҳои қаблӣ дар рӯзҳои оғози баҳор дар Тоҷикистон сокинон ба ҳисоби пойтахти кишвар, сокинони шаҳрҳои марказии Суғд низ дучори маҳдудияти интиқоли барқ гардиданд.
Камбуди барқ, ки одатан хоси навоҳӣ буд, ба шаҳрҳои марказии кишвар ҳам расид. Масъулин барқкуширо ба садама ва сарбории зиёд дар хатҳои интиқоли нерӯи барқ рабт доданд.
Бино ба арзёбии ширкати “Барқи тоҷик” интизор меравад, ки ин вазъ дар моҳи апрел комилан бартараф шавад
Лентаи хабарҳо
0