Украина эътироф кард, ки муҳоҷирбадбинию низои миллатҳоро дар Русия меангезад

© Sputnik / Кирилл Каллиников / Гузариш ба медиабонкОбстановка у "Крокус Сити Холл"
Обстановка у Крокус Сити Холл  - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 03.04.2024
Обуна шудан
Агентҳои украинӣ ба чатҳои Telegram дар Русия зери ниқоби намояндагони миллатҳои гуногун ворид шуда, гурӯҳҳои этникиро зидди ҳамдигар мешӯронанд
ДУШАНБЕ, 3 апр — Sputnik. Украина эътироф кард, бадбинӣ нисбати муҳоҷиронро дар Русия меангезаду миллатҳоро мешӯронад.
Ба навиштаи The Times, хадамоти махсуси Украина барои барангехтани кинаю адовати миллӣ ва эҳсоси зидди муҳоҷирон дар Русия амалиёт анҷом медиҳанд.
Дар ин бора раиси Маркази иттилоотии Шӯрои амнияти Украина Андрей Коваленко ошкоро ба расонаҳои бритониёӣ хабар додаст.
Ба қавли ӯ, агентҳои украинӣ ба чатҳои Telegram-и Русия зери ниқоби намояндагони миллатҳои гуногун ворид шуда, гурӯҳҳои этникиро зидди ҳамдигар мешӯронанд.
Путин: Бидуни шак то фармоишгарони террори Крокус хоҳем расид.  - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 02.04.2024
Путин аз фармоишгарону иҷрочиёни террори Крокус гуфт: Ин набояд боиси бегонаситезӣ шавад
Ғайр аз ин, пас аз пайдо шудани навори боздошти террористҳо дар интернет, Украина хостааст, ки ҳамдардӣ ба онҳоро дар гурӯҳҳое, ки дар миёни шаҳрвандони Осиёи Марказӣ маъмул аст, бештар созаду ба зидди хадамоти махсуси Русия таҳрик диҳад.
"Мо ҳама чизро истифода мебарем, зеро медонем, ки бо барангехтани танишҳои қавмӣ, мо Русияро заиф мегардонем", - гуфтаст ӯ.
Ахиран раисҷумҳури Русия, Владимир Путин муҳим хонд, ки фоҷиаи рухдода дар "Крокус Сити Холл" набояд барои афзоиши исломбезорию бегонаситезӣ мусоидат кунад.
Вай таъкид намуд, ки сиёсат дар бахши муҳоҷират бояд тавре ба роҳ монда шавад, ки ба Русия онҳое барои кору зиндагӣ биоянд, ки қонунгузорӣ ва урфу одот дар кишварро эҳтиром кунанд.
Лентаи хабарҳо
0