Беҳтарин аз беҳтаринҳо: Тоҷикистонро дар фестивали ҷаҳонии ҷавонон кӣ намояндагӣ мекунад?

© Flickr \ Хадамоти матбуоти Президенти ТоҷикистонДевушки аплодируют президенту Таджикистана
Девушки аплодируют президенту Таджикистана - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 02.03.2024
Обуна шудан
Эксклюзив
Насли наврас сеяки шумораи умумии аҳолии кишварро ташкил дода, тавре президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон мегӯяд: ҷавонон нерӯи пешбарандаи ҷумҳурӣ мебошанд
ДУШАНБЕ, 2 мар — Sputnik. Дар Тоҷикистон даври васеъмиқёси интихобӣ барои хоҳишмандони рафтан ба Фестивали умумиҷаҳонии ҷавонон дар "Сириус" баргузор шуд.
Дар ин бора мудири шӯъбаи байналмилалии Кумитаи кор бо ҷавонон ва варзиши ҷумҳурӣ Шоҳхусрав Аюбзода ба хабарнигори Sputnik Тоҷикистон изҳор дошт.
Ба гуфтаи ӯ, дар маҷмӯъ ҳудуди 2,8 ҳазор дархост пешниҳод шуда, аммо танҳо 270 тан интихоб шудаанд.
"Мо беҳтарини беҳтаринро интихоб кардем. Барои мо муҳим буд, ки тоифаҳои мухталифи ҷавононро дар Тоҷикистон интихоб кунем. Дар ин ҷо моро дипломатҳои ҷавон, саноатчиёни ҷавон, барномасозон, блогерҳо, ихтиёриён, экологҳо ва ҳатто табибон намояндагӣ мекунанд", - нақл кард ӯ.
Сардори шӯъбаи байналмилалии Кумитаи ҷавонон ва варзиш ҳамчунин гуфт, аз шумори умумии аҳолии Тоҷикистонро ҷавонони аз 14 то 35-сола беш аз 70%-ро ташкил медиҳанд.
"Аммо агар ин масъаларо аз рӯи меъёрҳои Тоҷикистон баррасӣ кунем, ки тибқи қонун афроди аз 14 то 30-сола ҷавонон маҳсуб мешаванд, албатта ин рақам каме камтар аст - 33%", - шарҳ дод Шоҳхусрав Аюбзода.
Бо вуҷуди ин, ҳатто бо фоизи камтар, насли наврас сеяки шумораи умумии аҳолии кишварро ташкил медиҳад ва тавре раисиҷумҳури Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон мегӯяд: ҷавонон нерӯи пешбарандаи ҷумҳурӣ мебошанд, бовар дорад намояндаи Кумита.
Ҷавонони тоҷик барои муаррифии фарҳанги миллӣ ба Русия рафтанд - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 29.02.2024
Ҷавонони тоҷик барои муаррифии фарҳанги миллӣ ба Русия рафтанд - видео
Фестивали ҷаҳонии ҷавонон бузургтарин чорабинии ҷавонон дар ҷаҳон аст, ки бо фармони президенти Русия Владимир Путин аз 1 март то 7 марти соли 2024 баргузор мешавад.
Дар ҷашнвора беш аз 20 ҳазор намояндагони ҷавони рус ва хориҷӣ дар соҳаҳои тиҷорат, ВАО, ҳамкориҳои байналмилалӣ, фарҳанг, илм, маориф, волонтёрӣ ва хайрия, варзиш, бахшҳои гуногуни ҳаёти ҷамъиятӣ, инчунин наврасон, ки созмонҳои гуногуни кӯдаконро намояндагӣ мекунанд, иштирок хоҳанд кард.
Лентаи хабарҳо
0