Шонси охир: Мунтахаби Тоҷикистон барои роҳхат ба Ҷоми Ҷаҳон бо Арабистон рақобат мекунад

© Foto / Хадамоти матбуоти Федератсияи футболи ТоҷикистонСборная Таджикистана по футболу
Сборная Таджикистана по футболу - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 26.03.2024
Обуна шудан
Сармураббии яккачини Тоҷикистон гуфт, ки барои пирӯзӣ бар Арабистони Саудӣ футболбозон бояд тамоми кӯшишҳои худро дар майдон ба харҷ диҳанд
ДУШАНБЕ, 26 мар — Sputnik. Мунтахаби Тоҷикистон имрӯз бозии чоруми даври дуюми марҳилаи интихобии Ҷоми Ҷаҳон-2026-ро бо тими Арабистони Саудӣ доир мекунад.
Бозӣ дар Варзишгоҳи марказии Душанбе баргузор гардида, соати 20:00 ба вақти маҳаллӣ оғоз мешавад.
Ин рақобатро мутахассис аз Кореяи Ҷанубӣ Ким Ҷонг-Хёк доварӣ хоҳад кард.
Гела Шекиладзе, сармураббии дастаи мунтахаби Тоҷикистон дар бораи омодагии даста гуфт, ки ҳама дастпарваронаш ба бозии дарпешистода муқобили тими Арабистони Саудӣ бо табъи болида омодагӣ мебинанд.
"Мо тавоноии рақибро медонем. Арабистони Саудӣ ҳарифи хеле қавӣ аст. Дар Риёз мо ҳам лаҳзаҳои хуб ва ҳам бад доштем. Дар рақобати якум нерӯи бисёр сарф кардем, чунон ки ҳама медонанд, бачаҳо дар моҳи шарифи Рамазон рӯза доранд. Мо марҳилаи барқароршавиро анҷом додем", - гуфт ӯ.
Вай афзуд, ки вохӯрии гузаштаро таҳлил кардем, хулоса баровардем, бачаҳо фаҳмиданд, ки имкониятҳои голзаниро истифода кардан лозим аст.
Ӯ гуфт, ки барои пирӯзӣ бар Арабистони Саудӣ футболбозон бояд тамоми кӯшишҳои худро дар майдон ба харҷ диҳанд.
Ҳамчунин мавсуф афзуд, ки дар майдони худ бозӣ мекунем ва воқеан ба дастгирии мухлисонамон умед мебандем.
Сборная Таджикистана  - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 22.03.2024
Яккачини Тоҷикистон аз Арабистони Саудӣ дар сафар шикаст хӯрд
"Аз тамоми мухлисон хоҳиш мекунам, ки дар чунин рақобати муҳим мунтахаби Тоҷикистонро дастгирӣ кунанд. Дар навбати худ бозигарони мо барои ба даст овардани натиҷаи мусбат тамоми қувваи худро сарф месозанд",- гуфт номбурда.
Дар дидори қаблӣ яккачини кишвар дар Риёз шикаст (0:1) хӯрда буд ва дар сурати мағлубияти навбатӣ аз идомаи рақобатҳои ин мусобиқа маҳрум мешавад.
Лентаи хабарҳо
0