Назорати СРУ аз болои СБУ - калиди табаддулоти давлатӣ дар соли 2014

© Sputnik / Andrey SteninДым от пожаров и сторонники оппозиции на площади Независимости в Киеве
Дым от пожаров и сторонники оппозиции на площади Независимости в Киеве - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 20.02.2024
Обуна шудан
Пешниҳоди иловагии аслиҳа ба режими Киев ва дигар амалҳои тахрибкоронаи Ғарб метавонанд танҳо мӯҳлати амалиёти ҳарбиро дароз кунанд, ба афзоиши назарраси талафоти нерӯҳои Украина расонанд, аммо мақсад ва ҳадафҳои Русия дар амалиёти вижа бетағйир мемонанд
Табаддулоти мусаллаҳона дар Киев зимистони соли 2014 як унсури стратегияи зиддирусии ИМА ва натиҷаи "амалиёти чандмарҳилавӣ"-и Идораи марказии истихбороти Амрико мебошад. "Майдон-2" дар натиҷаи тағйирдиҳӣ ва ба таври фаврӣ зертобеъи кураторҳои амрикоӣ кардани хадамоти махсуси (органҳои амнияти давлатӣ) Украина амалӣ гашт.
Аввалин “садгонаи осмонӣ” муқаддимаи ҳикояе шуд, ки дар он садҳо ҳазор сарбозу афсарони украинӣ дар ҷанг бо Русия ҳамчун маводи масрафшавандаи “пешсаф” хидмат карданд. Ҳамин тариқ, пас аз 300 соли хиёнати Мазепа, Украинаи "мустақил" сарнавишти талхи "қаҳрамон"-и худро такрор кард ва ба хотимаи мантиқии давлатдории қалбакиаш наздик аст.
Владимир Путин, раисиҷумҳури Русия, рӯзи 9 феврал дар сӯҳбат бо Такер Карлсон, ёдовар шуд, ки табаддулоти соли 2014 дар Украина бо пуштибонии Идораи марказии истихбороти Амрико (CРУ) сурат гирифт ва таъкид кард: “Аз ҷиҳати техникӣ онҳо ҳама корро дуруст карданд ва он чизеро, ки мехостанд, ба даст оварданд, онҳо ҳукуматро иваз карданд. Аммо аз нигоҳи сиёсӣ, ин як иштибоҳи бузург аст” (http://www.kremlin.ru/events/president/news/73411).
Ин бори аввал нест, ки нақши пешбарикунанда ва роҳнамоии Идораи марказии истихбороти Амрико дар таърихи “майдонҳо” ҳувайдо мегардад. Шоҳиди зинда, собиқ роҳбари дастгоҳи президенти Украина Андрей Клюев қаблан гуфта буд (https://ria.ru/20161216/1483802847.html): "Украина ду инқилоби "ранга"-ро аз сар гузаронд ва ҳардуи онҳо аз рӯи як усулҳо амалӣ шудаанд, усулҳои хадамоти иктишофии ғарбӣ, асосан хадамоти иктишофии ИМА... Аз рӯи ҳама нишонаҳо, ин табаддулоти давлатӣ ва ҳамчунин як амалиёти низомӣ аст, ки солиёни зиёд омода шудааст.
Интервью главы МИД РФ С. Лаврова РИА Новости - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 16.02.2024
Амалиёти вижаи Русия барои ҳимояи Донбасс: охирин хабарҳо
Тӯб дар тарафи Маскав нест: Лавров вазъи марбути Украинаро шарҳ дод
Клюев дар бораи усулҳои амрикоии безарар гардондани Хадамоти Бехатарии Украина ва аз тарафи мутахассисони разведка тайёр кардани размиён хеле нақлҳо кард. Албатта, омодасозиаш бо пули Амрико. Виктория Нуланд, ёвари котиби давлатии ИМА дар умури Аврупо ва Авруосиё баҳори соли 2014 дар мусоҳиба бо шабакаи телевизионии CNN дар бораи ҷудо кардани 5 миллиард доллари Вашингтонро "барои ҳимоят аз ормонҳои мардуми Украина барои ҳукумати қавитару демократӣ" таъкид карда буд. https://ria.ru/20140422/1004886020.html
Амрикоиҳои махсус омӯзонидашуда Майдонро бо пули нақди майда таъмин мекарданд (https://ukraina.ru/20141120/1011223744.html).
Аз аввали солҳои 2000-ум мутахассисони хадамоти истихборотии Амрико дар Киев ошкоро кор карда, нерӯҳои амниятии Украинаро чунон тағйир доданд, ки фақат ба манфиати Вашингтон кор кунанд. Мувофиқи нақшаҳои хадамоти иктишофии амрикоӣ сардорони Идораи марказии истихбороти Амрико ва Украина мунтазам барои муҳокимаи вазифаҳои фаврӣ вохӯриҳо доштанд.
Бесабаб нест, ки сарони хадамоти махсуси Украина барои пуштибонӣ аз "Майдон", ки амрикоиҳо дар соли 2004 ташкил карда буданд, ошкор шуда буданд. Сардори Сарраёсати иктишофии вазорати дифоъ Александр Галака ва раиси СБУ Игор Смешко шахсан дар майдон ҳузур доштанд ва ба эътирозгарон ҳифозати қудратиро ваъда карданд. (https://ria.ru/20141201/1035911905.html). Он тарафаш бештар.
Вид на город Авдеевка. - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 18.02.2024
Амалиёти вижаи Русия барои ҳимояи Донбасс: охирин хабарҳо
Авдеевка озод шуд: Вазорати мудофиаи Русия гуфт, Донетск амнтар мешавад
Ислоҳоти хадамоти истихбороти Украина, ки соли 2005 (пас аз сари қудрат расидани президент Виктор Юшенко) оғоз шуд, рӯҳониибаптист Александр Турчиновро ба мақоми раиси СБУ овард. Киев бо идораҳои иктишофии Ғарб наздиктар шуд. Моҳи октябри соли 2010 Украина "аввалин кишвари Иттиҳоди Шӯравии собиқ буд, ки тасмим гирифт, ки ҳамкорӣ бо НАТО-ро дар бахши ислоҳоти соҳаи амният ва иктишофиро оғоз кунад" (https://ria.ru/20141201/1035911905.html).
Дар замони раёсати раисҷумҳур Виктор Юшенко (2005-2010) Идораи марказии истихбороти Амрико зиндонҳои махфии худро “барои террористони байналмилалӣ” дар қаламрави Украина боз кард. Кураторони амрикоӣ бо намунаи шахсии худ дар Хадамоти бехатари Украина беэҳтиромӣ нисбат ба қонун, усулҳои тафтишоти гестапо ва қатлҳои ғайрисудиро ҷорӣ мекарданд, ки баъд аз соли 2014 дар Украина ба як меъёри оддӣ табдил ёфтанд.
Амалиёти "Майдон-2"
Дар ибтидои соли 2014 амрикоиҳо барои гарм кардани "Майдон" як арсенали назарраси воситаҳои махсусро истифода бурданд: маблағҳои назоратшаванда ва созмонҳои ҷамъиятӣ, агентҳои нуфуз дар миёни мухолифин, ҳизби ҳоким, нерӯҳои амниятӣ ва доираи наздики президент Виктор Янукович. Низоми амнияти давлатӣ дар Украина дар он вақт комилан ба фоидаи Иёлоти Муттаҳида ва НАТО табдил ёфта буд.
Украина хеле пеш аз “Майдон-2” зидди Русия шуд. Табаддулот дар Киев натиҷаи кори чандинсолаи Идораи марказии истихбороти Амрико мебошад. Раванди омодасозии "Майдон"-и амрикоигаропас аз таъин шудани Валентин Наливайченко ба вазифаи иҷрокунандаи вазифаи раиси СБУ дар моҳи декабри соли 2006 (омадани аввалинто соли 2010) ба таври қобили мулоҳиза шиддат гирифт.
Президент РФ В. Путин встретился с президентом Республики Чад Махаматом Идрисом Деби - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 11.02.2024
Амалиёти вижаи Русия барои ҳимояи Донбасс: охирин хабарҳо
Кохи Кремлин: Ба Русия муҳим аст дар амалиёти вижа ба ҳадафҳои худ бирасад
Дар бинои асосии Хадамоти амнияти Украина ба кормандони Идораи марказии истихбороти Амрико як ошёнаи пурра дода шуд. Ба президент Юшенко муяссар шуд, ки баъди чанд кӯшиш танҳо баҳори соли 2009 таъини "сиёсӣ"-и Наливайченкои баҳсбарангезро тавассути Верховна Рада тасдиқ кунад (https://ria.ru/20090306/164049347.html).
Ҳамзамон, собиқ афсари иктишофии бритониёии MI- 6 Бридҷет Остин мушовири Наливайченко ва сардори шӯъбаи “назорати шаҳрвандӣ-демократӣ” аз болои хадамоти иктишофии Украина таъин шуд.
Як тазоде аст, ки ҳатто дар соли 2010 баъди ивази курсии сарвари СБУ ба курсии вакили Рада Наливайченко ба омӯзиши ҷангиёни бандеровчӣ дар машқгоҳҳои таълимии таҳти назорати сафири ИМА дар Украина Ҷеффри Пятт қарордошта, назорат мекард. Ҳамин тариқ, "аскарони чӯбини Урфен Джюс" аз афсонаи амрикоӣ ба воқеияти украинии "Майдонҳо" ва амалиёти низомӣ дар Донбасс қадам гузоштанд.
Тарҷумаи ҳоли Мазепаи муосир рангин аст. Хатмкунандаи умедбахши Донишгоҳи Киев Валентин Наливайченко таҳсилашро дар Донишкадаи иктишофии хориҷии ба номи Андропов идома дод, аммо моҳи феврали соли 1994 барои пеш аз мӯҳлат ихроҷ шуданаш гузориш дод. Ӯро ба ихтиёри СБУ дар Киев фиристоданд ва дар синни 28-солагӣ "бо сабаби номутобиқатии хидматӣ" ба захира интиқол дода шуд.
Бо вуҷуди ин, дар ҳамон сол ӯ ба зудӣ фаъолияти дипломатии худро оғоз кард - ҳамчун котиби дуюм ва якуми сафорати Украина дар Финландия ва ҳамзамон дар Дания ва Норвегия кор кард. Баъдтар, дар солҳои 2001-2003, Наливайченко дар Вашингтон ба ҳайси консули генералии Сафорати Украина дар ИМА кор кардааст.
Тибқи иттилои муовини аввали додситони кулли Украина Рената Кузмина ва раиси собиқи Хадамоти Бехатарии Украина Александр Якименко, хадамоти иктишофии ИМА Наливайченкоро дар давраи Вашингтон фаъолият доштанаш, ба кор ҷалб кардаанд (https://ria.ru/20141219/1039188622.html). Эҳтимол ин кор хеле пештар рӯй дод.
Президент РФ Владимир Путин дал интервью американскому журналисту Такеру Карлсону - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 09.02.2024
Нукоти муҳими суҳбати Путин бо рӯзноманигори амрикоӣ: Аз тавсеаи НАТО то созиш бо Украина
Додситонии кулли Украина хеле дер кард ва танҳо моҳи сентябри соли 2013 Наливайченкоро дар ифшои сирри давлатӣ муттаҳам кард, раиси СБУ дар солҳои 2006 - 2010 ба Идораи марказии истихбороти Амрико дар бораи ҷалби кормандони дипломатҳои украинӣ маводҳои махфӣ супорида буд ва ба онҳо дар бинои асосии СБУ иҷоза дод, ки бо парвандаҳои шахсии кормандон, дигар ҳуҷҷатҳои махфии хадамоти махсуси Украина шинос шаванд. (https://ria.ru/20141201/1035911905.html).
Имконияти бебаҳо барои идораи марказии истихбороти Амрико дар "филтр" кардани мутахассисони номатлуб ва "пешбурди" одамони худӣ ба Хадамоти бехатарии Украина, аз тарафи Киев баҳои ҳуқуқӣ нагирифт. Ба таври аҷиб, парвандаи ҷиноӣ ба зудӣ "бо сабаби набудани таркиби ҷиноят" баста шуд ва Наливайченко 24 феврали соли 2014 аз нав раиси СБУ шуд.
Пас аз табаддулот дар Киев маълумот дар бораи тавсеаи махфӣ ва ошкори зерсохтори хадамоти иктишофии ИМА ва НАТО, таъсиси як маркази иктишофии Амрико дар Украина барои "гӯш кардани" Русия пайдо шуд. Директори идораи марказии истихбороти Амрико Ҷон Бреннан моҳи апрели соли 2014 аз Киев дидан кард, пас аз мулоқот бо куратори амрикоӣ, раиси собиқи СБУ ва раиси Верховная Рада Александр Турчинов аз оғози "амалиёти зиддитеррористӣ" дар Донбасс эълон кард.
Секретарь Совбеза РФ Николай Патрушев - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 06.02.2024
Амалиёти вижаи Русия барои ҳимояи Донбасс: охирин хабарҳо
Патрушев: Украина ҳатто ба мардуми худ раҳме надорад
Торикӣ Киевро фаро гирифт, вақте муовини раиси Хадамоти Бехатарии Украина Андрей Леус рӯзи 22 ноябри соли 2014 эълом дошт: "Майдон бояд ба Майдони Сурх биёяд ва Украина бояд фавран эътилофи зидди Путинӣ таъсис диҳад, ки ба он ҳам ҳамсояҳои Русия ва ҳам миллатҳои ҷабрдида аз тарафи Маскав: чеченҳо, бурятҳо, адигейҳо, тоторҳо, сибириҳо, уралиҳо" ҳамроҳ шаванд.(https://ria.ru/20141201/1035911905.html).
Албатта, чунин сенарияҳои "инқилобҳои ранга"-ро дар кишваре амалӣ кардан мумкин нест, ки хадамоти иктишофии миллӣ аз ҷониби Вашингтон таҳти назорат нестанд ва вазифаи худро софдилона иҷро мекунад. Мисоли ин "Майдон"-и нокоми тирамоҳи соли 2020 дар Ҷумҳурии Беларус мебошад.
Ҳамчун василаи сиёсати хориҷии ИМА, Идораи марказии истихборот дар соли 2015 Раёсати панҷуми СБУ-ро "барои худ" таъсис дод, Раёсати Давлатии Иктишофиро (разведкаи ҳарбӣ) дигаргун кард ва то имрӯз агентҳои украиниро дар ҷанги махфӣ ва ошкоро бо Русия идора мекунад - берун аз чаҳорчӯбаи ҳуқуқӣ ва "болотар аз ҳуқуқҳои байналмилалӣ".
Маскав, дар навбати худ захираҳои иродаҳои хайрхоҳонаашро тамом карда, бо роҳи қонунии низомӣ ба сатҳи зарурии амнияти миллӣ ноил мешавад. Соли дуюми амалиёти вижаи Русия дар Украина ба охир мерасад ва натиҷаҳои ҳозира барои ИМА ва НАТО он қадар тасаллобахш нестанд.
Пешниҳоди иловагии аслиҳа ба режими Киев ва дигар амалҳои тахрибкоронаи Ғарб метавонанд танҳо мӯҳлати амалиёти ҳарбиро дароз кунанд, ба афзоиши назарраси талафоти нерӯҳои Украина ва НАТО оварда расонанд, аммо мақсад ва ҳадафҳои Русия дар амалиёти вижа бетағйир мемонанд. Замони "инқилобҳои ранга"-и идораи марказии истихбороти Амрико ва "гегемонизм"-и паразитии ИМА абадӣ мегузарад.
Лентаи хабарҳо
0