Снаряженные магазины от автомата Калашникова  - Sputnik Тоҷикистон, 1920
Амалиёти вижаи Русия барои ҳимояи Донбасс: охирин хабарҳо
Дар пасманзари зӯргӯиҳои мақомоти Киев алайҳи Донетску Луганск, Русия мустақилияти ин ҷумҳуриҳоро эътироф кард. Бо дархости роҳбарони ҶХЛ ва ҶХД, Владимир Путин, президенти Русия 24 феврал барои амалиёти вижаи ҳимоя аз Донбасс дастур дод, ки феълан идома дорад

Патрушев: Украина ҳатто ба мардуми худ раҳме надорад

© Sputnik / Арам Нерсесян / Гузариш ба медиабонкСекретарь Совбеза РФ Николай Патрушев
Секретарь Совбеза РФ Николай Патрушев - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 06.02.2024
Обуна шудан
Дабири Шӯрои амнияти Русия мегӯяд, ҷониби Украина дониста ҳавопаймеро, ки асиронро барои интиқол мебурд, зери ҳадаф қарор дод
ДУШАНБЕ, 6 фев — Sputnik. Режими Киев бо задани ҳавопаймои низомии нақлиётии Русия Ил-76, ки асирони украиниро мебурд, нишон дод, ки мардуми худро раҳм надорад.
Дар ин бора котиби Шӯрои амнияти Русия Николай Патрушев рӯзи сешанбе дар Курган зимни ҷаласаи машваратӣ оид ба масъалаҳои амнияти миллӣ дар ҳавзаи федералии Урал изҳор доошт.
"Ҳукуматдорони Киев ба мардуми худ раҳм надоранд. Ҳамин тариқ, рӯзи 24 январ аз қаламрави Украина як ҳавопаймои нақлиётии ҳарбӣ бо истифода аз мушакҳои амрикоӣ дар наздикии Белгород, ки тибқи созиш асирони ҷангии украинӣ бо мақсади табодули онҳо мебурд, зада шуд. ", — гуфт Патрушев
Нерӯҳои мусаллаҳи Украина рӯзи 24 январ як ҳавопаймои низомии нақлиётии Ил-76-и Русияро дар фарози вилояти Белгород, ки 65 асири украиниро барои табодул мебурд, сарнагун карданд.
Дар пайи ин ҳодиса ҳамаи онҳо, инчунин се афсари ҳамроҳикунандаи Нерӯҳои мусаллаҳи Русия ва шаш узви ҳайати халабон ба ҳалокат расиданд. Далели марги онҳоро ташхиси ДНК тасдиқ кард.
Ба гуфтаи президент Владимир Путин, хадамоти истихбороти Украина медонистанд, ки дар ҳавопаймои Ил-76 асирони Қувваҳои Мусаллаҳи Украина ҳастанд ва бо вуҷуди ин зарба заданд - "тасаввур кардан мумкин аст, ки ин садама буд", аммо "ин ҷиноят аст дар ҳар ҳолат."
Ташхис муайян кард, ки ҳавопайморо системаи мушакии амрикоии Patriot, яъне ду мушаки МИМ-104А задаанд.
Председатель Киевской городской государственной администрации Виталий Кличко - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 22.01.2024
Украина бо Зеленский ба самти нодуруст равона аст - Кличко
Вазорати корҳои хориҷии Русия гуфт, задани ҳавопаймои Ил-76 "кучактарин имкон барои созиш бо Киев зери суол мебарад".
Расонаҳои украинӣ нахуст навиштанд, ки Ил-76 аз сӯи нерӯҳои мусаллаҳи Украина сарнагун шудааст, вале баъдан ин маълумотро аз вебсайтҳои худ ҳазф кардаанд.
Баъдтар, Украина ба таври ғайримустақим эътироф кард, ки ин ҳавопайморо сарнагун кардааст - Сарраёсати истихборот ин кишвар шикоят кард, ки Русия гӯё дар бораи парвози ҳавопаймо огоҳ накарда буд.
Расман Киев аз зарурати таҳқиқи байнулмилалӣ ҳарф мезанад, ба таври ғайрирасмӣ расонаҳои маҳаллӣ нуқтаеро ба миён гузоштаанд, ки гӯё Ил-76 барои S-300 мушакҳо мебурд ва расонаҳои ғарбӣ талош доранд вазъро хомӯш кунанд.
Путин гуфт, Русия низ ба таҳқиқи байнулмилалӣ пофишорӣ дорад, аммо то ҳол аз созмонҳои байналмилалӣ ихтиёриён нест.
Лентаи хабарҳо
0