Нукоти муҳими суҳбати Путин бо рӯзноманигори амрикоӣ: Аз тавсеаи НАТО то созиш бо Украина

© Sputnik / Gavriil Grigorov / POOL / Гузариш ба медиабонкПрезидент РФ Владимир Путин дал интервью американскому журналисту Такеру Карлсону
Президент РФ Владимир Путин дал интервью американскому журналисту Такеру Карлсону - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 09.02.2024
Обуна шудан
Мусоҳибаи раисҷумҳури Русия бо рӯзноманигор Такер Карлсонро аллакай дар соатҳои аввал даҳҳо млн нафар тамошо карданд, ки нукоти муҳими ҷаҳониро фаро мегирад
ДУШАНБЕ, 9 фев — Sputnik. Дар аввали солҳои 2000-ум Русия наздикӣ бо Ғарб мехост, аммо посухи рад гирифту баръакс шоҳиди тавсеаталабии НАТО шуд.
Ин нуктаро раисиҷумҳури Русия, Владимир Путин дар мусоҳиба бо Такер Карлсон баён дошт.
Вай гуфт, Маскав ба имкони шомил шудан ба НАТО таваҷҷуҳ кард, аммо Иёлоти Муттаҳида онро ғайриимкон номид. Дар ин сурат наздикшавӣ огоз меёфт. Аммо не бошад, не.
"Русия пешниҳод кард, ки системаи ягонаи дифоъи зиддимушакии бо Аврупо ва ИМА таъсис дода шавад. Аммо боз ҳам рад краданд. Ба ҷои ин, ИМА террористон ва ҷудоихоҳонро дар Қафқоз дастгирӣ мекард. Баъдан Ғарб дар Украина табаддулот ташкил кард", - гуфт Путин.
Ба гуфтаи президент, агар ҳаводиси хунини Майдон намебуд, Русия ҳатто ангушт намебардошт.
Секретарь Совбеза РФ Николай Патрушев - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 06.02.2024
Амалиёти вижаи Русия барои ҳимояи Донбасс: охирин хабарҳо
Патрушев: Украина ҳатто ба мардуми худ раҳме надорад
"Русия розӣ шуд, ки пас аз пошхӯрии Иттиҳоди Шӯравӣ марзҳои кишварҳои соҳибистиқлол аз марзҳои ҷумҳуриҳои собиқ шӯравӣ гузарад. - Аммо Русия ҳеҷ гоҳ ба тавсеаи НАТО розӣ набуд. Гузашта аз ин, вай ҳеҷ гоҳ розӣ набуд, ки Украина дар НАТО бошад", - афзуд ӯ.
Вай таъкид намуд, ки Маскав пайваста хоҳиш мекард, ки ин корро накунед. Гузашта аз ин пас аз табаддулот, Украина бо иғвои Ғарб амалиёти низомӣ дар Донбассро оғоз кард.
"Ҳодисаҳо дар Украина аз куҷо оғоз шуданд? Бо табаддулоти давлатӣ ва оғози амалиёти ҷангӣ дар Донбасс - аз ҳамон ҷо оғоз шуд. Ва мо мардуми худ, худ, Ватан ва ояндаи худро ҳифз мекунем,"- гуфт ӯ.
Ба гуфтаи Путин, Русия ва Украина дер ё зуд ба созиш хоҳанд расид, гуфт Путин. Агар ИМА додани яроқро бас кунанд, дар давоми якчанд ҳафта ҳама чиз ба охир мерасад.
Лентаи хабарҳо
0