Снаряженные магазины от автомата Калашникова  - Sputnik Тоҷикистон, 1920
Амалиёти вижаи Русия барои ҳимояи Донбасс: охирин хабарҳо
Дар пасманзари зӯргӯиҳои мақомоти Киев алайҳи Донетску Луганск, Русия мустақилияти ин ҷумҳуриҳоро эътироф кард. Бо дархости роҳбарони ҶХЛ ва ҶХД, Владимир Путин, президенти Русия 24 феврал барои амалиёти вижаи ҳимоя аз Донбасс дастур дод, ки феълан идома дорад

Тӯб дар тарафи Маскав нест: Лавров вазъи марбути Украинаро шарҳ дод

© Sputnik / Рамиль Ситдиков / Гузариш ба медиабонкИнтервью главы МИД РФ С. Лаврова РИА Новости
Интервью главы МИД РФ С. Лаврова РИА Новости - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 16.02.2024
Обуна шудан
Иттиҳодияи Аврупо барои интиқоли аслиҳаи дурпарвоз ба Киев барои “ба қалби Русия расидан” талош дораду ҳадафашонро эҷоди ваҳм муайян кардаанд
ДУШАНБЕ, 16 фев — Sputnik. Барои Украина аз ҷониби Иттиҳодияи Аврупо тавсияҳо дода шудаст, ки бояд такя ба силоҳи дурпарвоз кунад, изҳор дошт вазири корҳои хориҷии Русия, Сергей Лавров.
Ӯ зимни ҳамоиш дар солгарди Евромайдони Украина гуфт, Ғарб тавсия додаст, ки ба Киев бояд силоҳеро интиқол диҳад, ки метавонад ба “дили Русия” биравад, то дар кишвар ваҳм андохта шавад.
Вай дар масъалаи муколама бо Украина афзуд, ки тӯб дар ҷониби Русия нест ва барои пешравӣ дар ин самт бояд Зеленский аввал манъи гуфтушунид бо Маскавро лағв кунад. Лимити иқдоми нек аз ҷониби Русия дар самти Ғарб кайҳо тамом шуду Маскав дигар қадами аввал намегузорад, афзуд ӯ.
Президент РФ В. Путин встретился с президентом Республики Чад Махаматом Идрисом Деби - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 11.02.2024
Амалиёти вижаи Русия барои ҳимояи Донбасс: охирин хабарҳо
Кохи Кремлин: Ба Русия муҳим аст дар амалиёти вижа ба ҳадафҳои худ бирасад
Қаблан раисҷумҳури Русия, Владимир Путин низ масъалаи музокираи марбут ба вазъи Украинаро тавзеҳ дод.
Равобити сокинони Русия ва Украина дер ё зуд барқарор мешавад, гуфт Путин дар мусоҳиба бо Такер Карлсон.
Русия ҳеҷ гоҳ аз муколама дар бораи Украина даст накашидааст, аммо пас аз хатми музокирот дар Истанбул дар моҳи марти соли 2022, қадами аввалро намегузорад, гуфт Путин.
Амалиёти вижаи низомии Русия бо мақсади озодсозии Донбасс қариб ду сол боз идома дорад, ки Путин ҳадафи онро ҳимояи одамоне номид, ки мавриди таъқибу наслкушӣ қарор гирифтанд.
Лентаи хабарҳо
0