Снаряженные магазины от автомата Калашникова  - Sputnik Тоҷикистон, 1920
Амалиёти вижаи Русия барои ҳимояи Донбасс: охирин хабарҳо
Дар пасманзари зӯргӯиҳои мақомоти Киев алайҳи Донетску Луганск, Русия мустақилияти ин ҷумҳуриҳоро эътироф кард. Бо дархости роҳбарони ҶХЛ ва ҶХД, Владимир Путин, президенти Русия 24 феврал барои амалиёти вижаи ҳимоя аз Донбасс дастур дод, ки феълан идома дорад

Кохи Кремлин: Ба Русия муҳим аст дар амалиёти вижа ба ҳадафҳои худ бирасад

© Sputnik / Mikhail Metzel / POOL / Гузариш ба медиабонкПрезидент РФ В. Путин встретился с президентом Республики Чад Махаматом Идрисом Деби
Президент РФ В. Путин встретился с президентом Республики Чад Махаматом Идрисом Деби - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 11.02.2024
Обуна шудан
Сухангӯи расмии раисҷумҳури Русия ахиран гуфт, ки Владимир Путин борҳо роҳи музокиротро то оғози амалиёти вижа дар Украина пешниҳод карда буд
ДУШАНБЕ, 11 фев — Sputnik. Барои Русия расидан ба ҳадафҳои худ дар амалиёти вижаи низомӣ муҳим аст, ин ҳадафҳо ҳанӯз пеш аз оғози амалиёт муҳим буданд ва президенти Русия Владимир Путин борҳо роҳи ҳалли нигарониҳои кишварро тавассути муколама пешниҳод карда буд, гуфт сухангӯи кишвардори Русия Дмитрий Песков дар барномаи "Москва. Кремл. Путин".
"Он чизе, ки барои ҷониби Русия ва президент Путин муҳим аст, расидан ба ҳадафҳоест, ки дар амалиёти вижаи низомӣ амалӣ мешаванд. Ин ҳадафҳо қабл аз оғози амалиёти вижа низ муҳим буданд. Путин борҳо роҳи муколама ва ҳалли ҳамаи мушкилотро пешниҳод карда буд", - гуфт Песков дар мусоҳиба бо Павел Зарубин дар барномаи "Москва. Кремл. Путин" дар шабакаи телевизионии "Россия 1".
Предприниматель Илон Маск - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 11.02.2024
Амалиёти вижаи Русия барои ҳимояи Донбасс: охирин хабарҳо
Илон Маск бо як калима тақдири Қрим ва Донбассро гуфт
Ёдовар мешавем, ки Русия аз 24 феврали соли 2022 дар Украина амалиёти вижаи низомиро анҷом медиҳад. Раисиҷумҳури Русия Владимир Путин вазифаи онро "ҳимояи одамоне номид, ки тӯли 8 сол аз сӯи режими Киев мавриди таҳқир ва наслкушӣ қарор гирифтаанд".
Ба гуфтаи ӯ, ҳадафи ниҳоии амалиёти вижа озодсозии Донбасс ва фароҳам овардани шароитест, ки амнияти худи Русияро кафолат медиҳад.
Кишварҳои ғарбӣ ширкат дар даргириҳо дар Украинаро расман рад мекунанд, аммо ба таъмини нирӯҳои мусаллаҳи Украина силоҳ идома медиҳанд.
Дар авоили моҳи июн Нерӯҳои мусаллаҳи Украина дар самтҳои Запороже, Южнодонетск ва Артемовск амалиёти зиддиҳамларо оғоз карда, ба ин минтақаҳо гуруҳҳои ҷангие, ки НАТО тамрин дода бо силоҳи онҳо муҷаҳҳаз буданд, партоб кард. Аммо украинҳо дар ягон самти ҷабҳа муваффақият ба даст наоварда, талафоти калон доданд.
Лентаи хабарҳо
0